Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,3%
  • 6,6%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд. сомонӣ
    20,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (сентябр)11,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-cентябр)
    22,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    17,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    21,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    22,04




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.10.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3282.95 3361.36
10 6478.94 6633.67
20 12811.78 13117.75
50 31791.25 32550.49
100 63417.74 64932.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Боздиди виртуалии Ҳайати ХБА ба Тоҷикистон

23.09.2020

14 сентябри соли 2020

https://www.imf.org/en/News/Articles/2020/09/14/pr20292-tajikistan-imf-staff-completes-virtual-visit

Дар резаахборе, ки баъди анҷоми ҳайат интишор мешавад, изҳороти гурӯҳи кормандони ХБА бо хулосаҳои пешакӣ баъди боздиди виртуалӣ ба кишвари мо дарҷ мегардад. Бояд гуфт, ки назару андешаҳое, ки дар ин изҳорот дарҷ шудаанд, андешаю назари кормандони ХБА буда, мавқею нуқтаи назари Шӯрои иҷроияи ХБА-ро инъикос намекунанд. Дар асоси хулосаҳои пешакии ҳайат кормандон ҳисобот омода мекунанд, ки дар сурати аз ҷониби роҳбарият тасдиқ шудан ба Шӯрои иҷроияи ХБА барои муҳокима ва қабули қарор пешниҳод мегардад.

Таъсири пандемияи COVID-19 ба саломатӣ дар сатҳи муътадил арзёбӣ мешавад, вале он барои фаъолияти иқтисодӣ, интиқоли маблағҳо ва вазъи беруна мушкилот ба миён овардааст.

Бо мақсади рафъи паёмадҳои иқтисодии пандемия Ҳукумат чораҳои муваққатиро вобаста ба додани имтиёзҳо дар соҳаи андоз роҳандозӣ намуд ва тасмим гирифтааст хароҷоти маблағҳоро барои соҳаи тандурустӣ ва ниёзҳои иҷтимоии гурӯҳҳои эзтиёҷманд ва осебпазир зиёд намояд.

Ҳукумат уҳдадор шудааст, ки дар бораи хароҷот ба соҳаи тандурустӣ ва ниёзҳои иҷтимоии марбут ба COVID-19 ҳар семоҳа ҳисобот ба нашр расонида, идорасозии муносиби ин гуна фаъолиятро минбаъд тақвият бахшад. Дар давраи миёнамуҳлат сиёсати ноилшавии консолидатсияи фискалӣ ва беруна барои таъмини устувории макроиқтисодӣ муҳим боқӣ мемонад.

Вашингтон, округи Колумбия: ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти раҳбарии хонум Падамжа Ханделвал аз 18 август то 3 сентябри соли 2020 дар Тоҷикистон боздиди виртуалӣ анҷом дод, то ки тағйироти макроиқтисодӣ, сиёсати ҳукуматро дар ҷавоб ба шоке, ки дар натиҷаи коронавирус ба миён омадааст ва сиёсатеро, ки барои суботи макроиқтисодӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди босуботу фарогир зарур аст, мавриди муҳокима қарор диҳад.

Дар охири ин боздиди виртуалӣ хонум Ханделвал чунин изҳор дошт: “Тоҷикистон пайомадҳои ногувори пандемияи COVID-19-ро аз сар гузаронида истодааст. Таъсири пандемия ба саломатии одамон муътадил аст, аммо мушкилоти савдо ва ҳамлу нақл бо шарикони асосии савдо ба фаъолнокии иқтисодӣ ва интиқолҳои пулӣ таъсир расонидааст. Вазъи беруна начандон хуб аст. Даромад ба буҷети мамлакат якбора кам шуд, ки ин барои иҷро шудани буҷети бозбинишудаи соли 2020 мушкилот ба миён овард.

Тадбирҳои фискалӣ барои коҳиш додани таъсири паёмадҳои ногувори пандемия маъқул дониста мешаванд. Дар буҷете, ки ба он тағйиру иловаҳо ворид шуд, ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ барои соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва кам кардани хароҷотҳои камафзалиятнок пешбинӣ мегардад. Кумакҳои шарикони байналмилалӣ низ ба инобат гирифта шудааст. Ҳукумат дар соҳаи андоз имтиёзҳои муваққатӣ ҷорӣ намуд ва доираи фарогирии барномаи кумаки иҷтимоии унвонӣ низ дар саросари мамлакат васеъ гардид. Инчунин, ба хонаводаҳои ниёзманд пардохтпулиҳои якдафъаинаи иҷтимоӣ дода шуда, корхонаҳои хурду миёна аз кумакҳои молиявӣ бархурдор мешаванд. Дар назар аст, ки дар нимаи дуюми сол хароҷот барои соҳаи тандурустӣ ва ниёзҳои иҷтимоӣ боз зиёд карда шавад, то камбизоатӣ ва оқибатҳои иҷтимоии пандемия камтар гардад. Дар ин росто уҳдадориҳои ҳукумат барои интишори ҳисоботи семоҳа дар бораи хароҷот ба соҳаи тандурустӣ ва ниёзҳои иҷтимоии марбут ба COVID-19 қобили ситоиш мебошад. Барои минбаъд низ таҳким бахшидани амалияи идорасозии муносиб ҳамчунин зарур аст, ки шаффофияти қарздиҳӣ ба корхонаҳои давлатӣ баланд бардошта шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон инчунин барои дастгирии фаъолнокии иқтисодӣ ва суботи молиявӣ, аз ҷумла камтар кардани талаботи захиравӣ ва поин овардани меъёри ҳисобгирӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд. Ҳарчанд ин тадбирҳо пазируфтанианд, вале барои нигаҳдории боварӣ ба ҳисоботҳои тавозунии бонкӣ назорати қатъӣ муҳим дониста мешавад. Тавсия дода мешавад, ки ба Фонди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ кумаки молиявӣ расонида шуда, ду бонки қаблан мушкилдор барҳам дода шаванд. Ҳамчунин масъалаи норасоии асъори хориҷиро низ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор додан зарур аст.

Дар давраи миёнамуҳлат сиёсати ноилшавии консолидатсияи фискалӣ ва беруна мутобиқи уҳдадориҳо аз рӯи механизми қарздиҳӣ ба мисли солҳои пешин барои таъмини суботи макроиқтисодӣ аҳамияти калон хоҳад дошт. Ҳалли масъалаи кам шудани даромадҳо дар соли 2020 барои ба вуҷуд овардани фазои фискалии хароҷоти зарурӣ ба соҳаи тандурустӣ, маориф ва инфрасохтор хеле муҳим мебошад. Ҳайат талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ислоҳоти соҳаи андоз ҷонибдорӣ намуда, даъват менамояд, ки кодекси андоз тадриҷан давра ба давра ба хотири дастгирии соҳибкорӣ ва консолидатсияи буҷет бознигарӣ шавад. Барои тақвияти боварӣ ба сохтори сиёсати монетарӣ чандирии зиёди қурби мубодила тақозо карда мешавад.

Ҳайати ХБА зимни боздиди виртуалӣ бо Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.Саид, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода, Вазири молияи ҶТ Ф.Қаҳҳорзода, Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ З.Завқизода ва дигар шахсони баландпоя мулоқот анҷом доданд. Ҳайат инчунин бо намояндагони бахши бонкӣ ва гурӯҳи шарикони рушд низ вохурӣ анҷом дод. Ҳайат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории наздику судманд ва муҳокимаи озоди масъалаҳо миннатдории худро изҳор менамояд”.

Департаменти коммуникатсияи ХБА
Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 414

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ