Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,3%
  • 6,6%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд. сомонӣ
    20,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (сентябр)11,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-cентябр)
    22,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    17,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    21,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    22,04




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.10.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3282.95 3361.36
10 6478.94 6633.67
20 12811.78 13117.75
50 31791.25 32550.49
100 63417.74 64932.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти виртуалии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

24.09.2020

23 сентябри соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти виртуалии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук оид ба мавзӯи “Афзалиятҳои стратегӣ ва тадбирҳои сиёсии ҷавобӣ ба бахши молиявӣ” баргузор гардид.

NBTL2411-1.JPG

Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук аз ҳамкории мусоид бо Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ислоҳотҳо дар бахши молиявӣ, аз ҷумла дастовардҳои ноилшуда дар низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Хонум Лилия Бурунчук изҳор дошт, ки дар натиҷаи ҳамкории самарабахш дар бахшҳои гуногуни молиявӣ, бахусус дар низоми пардохт, ислоҳот дар соҳаи қонунгузорӣ ва низоми ҳисоботдиҳии қарзӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки ба пешравӣ ноил гашта, дар Осиёи Марказӣ яке аз беҳтарин низоми ҳисоботдиҳии қарзӣ ба ҳисоб равад.

NBTL2336-2.JPG

Таъсири пандемияи COVID-19 ва оқибатҳои он ба мизоҷони бонкӣ ва низоми бонкӣ аз он далолат медиҳад, ки ҳамкории дуҷонибаи тарафайнро дар ин бахш тақвият бахшем, то ки низоми бонкӣ яке аз фишангҳои асосӣ дар иқтисодиёт боқӣ монад. Дар идома хонум Лилия Бурунчук аз тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, додани сабукиҳо ба низом, омода намудани таҳлилҳо ва дурнамо барои қадамҳои минбаъда аз Бонки миллии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

NBTL2334-3.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар навбати худ ба ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ барои дастгирии доимӣ ва бетараф набудан ба низоми бонкии кишвар, инчунин ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард ки солҳои охир Тоҷикистон ба монанди дигар мамлакатҳои минтақа ба омилҳои манфии берунӣ дучор гардид, ки он ба боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодиёти мамлакат, бахусус низоми бонкӣ бетаъсир намонд.

Дар робита ба ин, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бинобар эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳои бемории сироятии коронавирус ба иқтисодиёти кишвар ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои судбахш, аз қабили паст кардани меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, паст кардани меъёри бозтамвил (ду маротиба) андешида шуданд. Ҳамзамон ҷиҳати дастгирии низоми бонкӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути низомҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи хурӯҷи пандемия озод карда шуда, ба онҳо ҷиҳати бознигарӣ намудани ҳаққи хизматрасониҳои байнибонкӣ ба мизоҷони бонкҳо тавсия дода шуд.

NBTL2350-4.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамзамон қайд намуд, ки бо гузашти хурӯҷи пандемия низоми бонкӣ мунтазам фаъолият карда истода, имрӯз ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ тавони пешбурди сиёсати қарздиҳӣ ба соҳибкори хурду миёнаро доранд.

Дар мавриди даъвати Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, додани сабукиҳо ба низом, омода намудани таҳлилҳо ва дурнамо барои қадамҳои минбаъда барои рушди низом ва дар маҷмӯъ бахши молиявии кишвар Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо омодагии тамом изҳор дошт, ки ҳамкорӣ дар ин самтҳо танҳо барои пешравӣ ва рушди низоми бонкӣ ва сиёсати қарздиҳӣ такони ҷиддие хоҳад бахшид.

Ҳамзамон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, аз ҷумла дастгирии маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёт аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо пешниҳоди далелҳои мушаххас даъват ба амал овард.

NBTL2343-5.JPG

Дар интиҳо ҷонибҳо аз натиҷаи ҳамкории самарабахш дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ислоҳот дар низоми бонкӣ ва саҳмгузории Бонки Ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин Муовини Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода, менеҷери минтақавии КБМ дар Осиёи Марказӣ Хонум Кассандра Колберт, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Фаррух Султонов ва роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 508

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ