Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,8%
  • 8,5%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    20,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)10,24
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-октябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-октябр)
    22,76
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-октябр)
    16,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    21,98
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-октябр)
    22,37




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.11.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3381.12 3461.86
10 6675.26 6834.68
20 13204.42 13519.77
50 32772.86 33555.54
100 65380.96 66942.37

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҶТ

15.10.2020

14 октябри соли 2020 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунгардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд БХМ ҚД/МТ) доир гардид. Дар чорабинии мазкур Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба БХМ ҚД/МТ-Сироҷзода Сайфиддин ва намояндагони мақомоти назоратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО оид ба БХМ ҚД/МТ (аъзоёни Гурӯҳи корӣ) ширкат намуданд.

NBTL2893.JPG

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Сироҷзода Сайфиддин оғоз намуда, изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур, ин муҳокимаи фаъолияти анҷомдодашуда ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф кардани осебпазириҳо дар доираи Ҳисоботи БХМ ҚД/МТ ва кор дар самти хавфҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мебошад.

NBTL2896.JPG

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Билолов Фарҳод оид ба натиҷаи Ҳисоботи БХМ ҚД/МТ маълумот манзури ҳозирин гардид.

NBTL2899.JPG

Масъалаҳои баррасигардидаи рӯнамоӣ аз ҷониби аҳли нишаст мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои беҳтар намудани фаъолият дар ин самт таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид. Ҳамзамон, оид ба гузаронидани баҳодиҳии соҳавии хавфҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумоти махтасар пешниҳод гардид. Гуфта шуд, ки дар доираи гуфтушунидҳо бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии асъор масъалаи Гузаронидани баҳодиҳии соҳавии хавфҳои ҚД/МТ барои ташкилотҳои зертобеъи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ҳалли худро ёфта, дар баробари ин, аз ҷониби намояндагони Хазинаи Байналмилалии асъор тартиби гузаронидани баҳодиҳии соҳавии хавфҳои ҚД/МТ-и ташкилотҳои ҳисоботдиҳандаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, низ пешниҳод гардидааст.

NBTL2917.JPG

Дар робита ба масъалаҳои гузошташуда дар рӯзномаи ҷаласа, намояндагони Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунгардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҶТ мубодилаи афкор намуда, барои татбиқи босамари он пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.

NBTL2923.JPG

Дар хотима Роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба БХМ ҚД/МТ Сироҷзода Сайфиддин ба аъзоёни Гурӯҳи корӣ дастур дод, ки ҷиҳати пайгирии масъалаҳои баррасишуда дар доираи ҷаласаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он то ҷаласаи оянда ба Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 160

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ