Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3898.27 3977.03
10 7677.05 7832.15
20 15220.64 15528.13
50 37822.25 38586.33
100 75525.14 77050.90

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Парфишони Парчами давлат муборак!

24.11.2020

24 ноябри соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва аҳли кормандони бонк ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

NBTL3346.JPG

Чорабинӣ бо садо додани Гимни Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ барои ҳар як давлату миллат рамзи истиқлолу озодӣ, дӯстию рафоқат, бахту иқбол, меҳанпарастӣ, ору номуси ватандорӣ ва нишон аз ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол самараи ҷонбозиҳову муборизаҳо аст, ки 24 - уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз соли 2009 инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи мазкур ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бо шукуҳ ҷашн гирифта мешавад.

“Гуфтан ба маврид аст, ки се рукни муҳимми давлатдории имрӯзаи миллии мо, яъне таҳкими пояҳои Истиқлол ва давлатдории миллӣ, қабули Парчами давлатии Тоҷикистон ва ба мақоми роҳбарии Тоҷикистон расидани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вақт, ҳангоми баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст. Ба баёни дигар, ба фаъолияти давлатдорӣ шурӯъ кардани Пешвои миллат аз адои савганди садоқат зери ҳамин Парчами давлатӣ оғоз шудааст ва барқарории сулҳу субот ва дигар музаффариятҳои минбаъдаи мардуми мо аз қабул ва афроштани он ибтидо мегирад”, - иброз дошт Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев.

NBTL3351.JPG

Имрӯз Парчами давлатӣ ба сарвати муқаддаси маънавии халқи тоҷик табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди меҳанпарасти Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд. Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад. Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад. Имрӯз, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати ҷавону тозаистиқлоле дар дили Осиё бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад, - зикр намуд Ҷамолиддин Нуралиев.

Баъдан Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуд ва иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла Дирафши ковиёнӣ омода шуда, ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Ба ибораи дигар, тоҷикон аз азал соҳиби ливои хеш буданд ва онро муқаддас дониста, баҳри ҳимояи он ҷонфидоиҳо менамуданд. Маҳз аз ин сабаб, ташаббуси Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷониби мардуми шарифи кишвар ҳамовозии комил ёфт ва мо имрӯз бо руҳияи болида ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот Рӯзи Парчами давлатиро ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ бо шаҳомати хоса таҷлил менамоем.

NBTL3357.JPG

Дар идомаи чорабинӣ кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла сардори Идораи назорати суғуртавӣ Дилбар Ҳусейнова ва сардори Шуъбаи тарҷума Ҳасан Султонов ба сухан баромада, дар васфи Парчами давлатӣ ва муқаддасу пос доштани он маърӯза намуданд ва таъкид доштанд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат бояд мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як сокини мамлакат қарор бигирад.

Дар фарҷоми тантана Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бори дигар ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни фархунда – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод гуфта, таманнои ҳамеша парафшон будани Парчами давлатии Тоҷикистони азизро кард.

Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул гардида, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб, 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1619

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ