Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    1,8%
  • 9,8%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд. сомонӣ
    20,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (ноябр)11,39
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-ноябр)
    10,14
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-ноябр)
    22,90
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-ноябр)
    16,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (ноябр)
    21,66
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (ноябр)
    21,79




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 20.01.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3443.14 3525.36
10 6799.30 6961.68
20 13452.50 13773.77
50 33393.06 34190.55
100 66621.36 68212.40

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо мақсади таъмини самаранокии низоми миллӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

03.12.2020

Аз 23 то 27 ноябри соли 2020 дар Маркази омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Гулистон, бо ташаббуси Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид. Дар курси омӯзишии мазкур кормандони шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва наздики 90 нафар мутахассисони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК "Ориёнбонк"; ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”; ҶСК “Тавҳидбонк”; ҶСП “Бонки Эсхата”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон", ҶСП Бонки “Арванд”, ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл”, ҶСК ТАҚХ “Ҳумо”; ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ Молия”; ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”, ҶДММ ТҚХ “Оксус”, ҶДММ ТАҚХ “МАТИН” ва ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

Снимок.PNG-1.PNG

Чорабинии мазкурро Мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наврӯз Валиев ифтитоҳ намуда, оид ба зарурати баргузории чунин чорабинии омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ сухан ронд ва ба иштирокчиёни курс муваффақият орзу намуд.

Снимок.PNG-2.PNG

Баъдан ба иштирокчиён аз ҷониби лекторони Марказ – кормандони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон сохтори барномаи омӯзишӣ, ки қисми назариявӣ ва қисми амалиро бо машғулиятҳои соҳавӣ дар бар мегирад, муаррифӣ карда шуд.

Снимок.PNG-3.PNG

Чорабинии мазкур тибқи Барномаи омӯзишии Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Дар анҷом ба иштироккунандагони чорабинии омӯзишӣ сертификати хатми курси мазкур тақдим гардид.

Снимок.PNG-4.PNG

Қобили қайд аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ташкилоҳои қарзии молиявӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва беҳтар намудани сифати ҳисоботҳои пешниҳодшаванда аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ мусоидат хоҳад намуд.

Снимок.PNG-5.PNG

Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар оянда низ баргузории чунин чорабиниҳоро ба роҳ хоҳад монд.



Диданд: 559

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ