Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ташкили суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт

11.12.2020

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” 7 августи соли 2020, таҳти №1719 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкили суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро муайян намуда, иҷрои мақсадҳои зеринро таъмин менамояд:

- Аз байн бурдани инҳисор (монополия) ва таъмин намудани рақобати солим дар бозори суғуртавӣ;

- Таъмини кафолати амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон ва ё фоидагирандагон ҳангоми расонидани зарар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт зимни истифодабарии воситаҳои нақлиёт;

- Имконияти мустақилона интихоб намудани ташкилоти суғуртавӣ ва ба ин восита баланд бардоштани боварӣ ва эътимоди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба соҳаи суғурта;

- Таъмин намудани ҳимояи манфиатҳои молиявӣ ва иҷтимоии суғурташавандагон;

- Ҷойгир намудани маблағҳои озоди худ дар бозори молиявӣ бо роҳи сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт;

- Ба танзим даровардани асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳамсарҳад дар самти фаъол гардонидани самаранокии ташкилотҳои суғуртавӣ дар бозори молиявӣ.

Дар асоси талаботи Қонуни мазкур суғурташвандагон мукофоти (ҳаққи) суғуртавиро вобаста ба намудҳои воситаҳои нақлиёт бо чунин тарз пардохт менамоянд:

- автомобилҳои сабукрав ва микроавтобусҳо ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- автобусҳо ва троллейбусҳо ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- автомобилҳои боркаш ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- тракторҳо, мошинуолоти худгарди дигар ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- мотосиклҳо ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур ба суғурташавандагон чунин имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст:

Ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт - иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, инчунин маъюбони гурӯҳҳои I ва II мукофоти суғуртавиро ба андозаи панҷоҳ фоизи маблағи мукофоти (ҳаққи) суғуртавии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пардохт менамоянд.

Соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки дар давоми идоракунии бефосилаи воситаҳои нақлиёт қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон накардаанд, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз мақоми ваколатдор дорои имтиёзҳои зерин мебошанд:

- ҳангоми бе ҳодисаи роҳу нақлиёт идора кардани воситаи нақлиёт аз 5 то 10 сол пардохти мукофоти суғуртавӣ ба андозаи 5 фоиз кам карда мешавад;

- ҳангоми бе ҳодисаи роҳу нақлиёт идора кардани воситаи нақлиёт аз 10 то 15 сол пардохти мукофоти суғуртавӣ ба андозаи 10 фоиз кам карда мешавад;

Маблағи суғуртавӣ 818 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муқаррар карда шудааст, ки аз он;

- барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатӣ то 545 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои молу мулк то 273 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Бояд қайд намуд, ки пардохти суғуртавӣ тибқи талаботи Қонуни мазкур аз тарафи суғуртакунанда дар муддати 5 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Боиси қайд аст, ки ташкилотҳои суғуртавӣ новобаста аз шакли моликияташон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, № 211 “Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)” барои амалӣ намудани суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ доранд.

Айни замон ташкилотҳои суғуртавии КВД “Тоҷиксуғурта”, ҶСП ТС ”Суғуртаи аввалини миллӣ” ва ҶСДММ “Спитамен Суғурта” ин намуди суғуртаро тибқи иҷозатнома амалӣ менамоянд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1639

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ