Шурои иҷроияи ХБА Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) - ро барои Тоҷикистон тасдиқ намуд

Ахбор

Шурои иҷроияи ХБА Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) - ро барои Тоҷикистон тасдиқ намуд


Дар робита ба дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии татбиқи ислоҳоти сохтории ҳаётан муҳим 28 феврали соли 2024 Шурои иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrumen-PCI)-ро ба муҳлати 22 моҳ барои Тоҷикистон тасдиқ намуд.

Барномаи PCI ба нигоҳдории устувории макроиқтисодӣ, таҳкими асосҳои сиёсии мақомоти кишвар ва дастгирии талошҳои онҳо дар самти таъмини рушди нисбатан устувору фарогир равона гардида, бозбинии он тибқи ҷадвали муқарраршуда ҳар нимсола анҷом дода мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи барнома беҳтар намудани устувории буҷет бо мақсади зиёд кардани имкониятҳои хароҷоти афзалиятноки иҷтимоӣ ва рушд бо нигоҳ доштани раванди коҳиши қарзи давлатӣ мебошад.

Ислоҳоти фискалӣ ҷамъоварии даромадҳо ва самаранокии хароҷотҳоро дар доираи барнома беҳтар ва ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазирро тақвият бахшада, ба гузариши тадриҷӣ ба ҳадафгирии таваррум мусоидат менамояд.

Зиёд намудани имкониятҳои рушди дарозмуддати Тоҷикистон, такмили идоракунии Бонки марказӣ, пурзӯр кардани назорат ва идоракунии хавфҳои фискалии марбут ба корхонаҳои давлатӣ, механизмҳои самаранокии МҚД/МТ/МПСҚО ва мубориза бо коррупсия, зиёд намудани шаффофияти бахши истихроҷ, фарогирии молиявӣ ва устуворӣ ба хавфҳои иқлимӣ аз афзалиятҳое мебошанд, ки дар барномаи мазкур пешбинӣ шудаанд.


Муфассал: https://www.imf.org/en/News/Articles/2024/02/28/pr2460-tajikistan-imf-exec-board-approved-a-pci

Шуъбаи матбуоти 
БМТ

Диданд: 112

05.03.2024

Возврат к списку