Мулоқот бо роҳбарияти IFC

Ахбор

Мулоқот бо роҳбарияти IFC


16 апрели соли равон дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории ХБА (Spring meetings) муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Н, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф, раиси Бонки милии Тоҷикистон Толибзода Ф ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода П. бо директори идоракунандаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) Маҳтар Диоп ва ноиби Президенти минтақавии IFC Ҳела Шейхрухоу мулоқот доштанд.

13-13-min.jpg

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои гуногуни рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, аз ҷумла, қарздиҳии мустақим ва сармоягузорӣ дар рушди тиҷорат ва бахши хусусӣ, рушди хизматрасониҳои муосири рақамии молиявӣ, маблағгузории сабз ва ноил шудан ба ҳадафҳо дар қисмати коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, инчунин кумакҳои техникӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар бахши бонкӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва такмили заминаи ҳуқуқӣ дар ин бахшро муҳокима намуданд. 

09-9-min.jpg

08-8-min.jpg

Қайд гардид, ки бо истифода аз робитаҳое, ки аллакай байни институтҳои ҳар ду ҷониб ба роҳ монда шудааст, IFC дастгирии худро барои татбиқи ислоҳоте, ки рушди онҳо барои Тоҷикистон афзалиятнок аст, идома медиҳад.

  

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Диданд: 657

17.04.2024

Возврат к списку