23 ноябри соли ҷорӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, муовинони раис ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокдорон аз намоишгоҳи дастовардҳо ва маҳсулоти муосири бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ боздид намуда, бо имкониятҳои нави хизматрасониҳои молиявӣ ва технологияҳои дар низоми бонкӣ истифодашаванда шинос шуданд.

Сипас, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибихтиёрӣ, истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории тоҷикон ба ҳисоб рафта, дар ташаккули ҳисси худшиносии миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон ҷойгоҳи хосса дорад.

Таъкид гардид, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси миллӣ яке аз нишонаҳои арҷгузорӣ ба давлат, миллат, таъриху фарҳанги миллӣ ва арзишҳои соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Дар шароити имрӯза ҳифзи ҷойгоҳи Парчами давлатӣ ва эҳтиром ба он, бахусус дар миёни насли ҷавон, аҳаммияти муҳими маънавию тарбиявӣ дошта, ба таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки дар раванди ташаккули давлатдории навини тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мавқеи хос дорад. Бо сиёсати созанда ва дурнамои давлатсозии Пешвои миллат заминаҳои устувори рушди давлатдории миллӣ фароҳам гардида, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ, ҳамчун рамзҳои соҳибихтиёрӣ ва ҳувияти миллии ҷомеа ҷойгоҳи устувор пайдо карданд.
Сипас, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода суханронӣ намуда, оид ба аҳаммияти таърихию сиёсии Парчами давлатӣ, ҷойгоҳи он дар раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ ва нақши Роҳбари давлат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи арзишҳои истиқлолият андешаронӣ кард.

Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ таҷассумгари таъриху фарҳанг, ҳувияти миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардуми Тоҷикистон буда, ҳамчун рамзи давлат дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба давлату миллат ва арзишҳои миллию давлатдорӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли Бонки миллии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар фаъолияти меҳнатӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо медал ва Сипосномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3
23.11.2026