Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    1,8%
  • 9,8%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд. сомонӣ
    20,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (ноябр)11,39
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-ноябр)
    10,14
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-ноябр)
    22,90
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-ноябр)
    16,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (ноябр)
    21,66
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (ноябр)
    21,79




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.01.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3426.71 3508.55
10 6766.45 6928.04
20 13386.80 13706.51
50 33228.81 34022.38
100 66292.86 67876.05

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба аудити махсуси он

22.04.2009

Аудити махсус мутобиқи барномаи молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати байналмилалии “Earnst & Young”, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси озмун аз байни чандин ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ интихоб намуд, гузаронида шуд.  Мақсади аудит муайян намудани дурустии маълумоти дар тавозуни Бонки миллии Тоҷикистон инъикосёфта ва пешниҳоди чорабиниҳо оид ба такмили идораи дороиҳо ва ҳисобдорӣ буд.  Аудит моҳҳои сентябр – октябри соли 2008 гузаронида шуда, фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро то августи соли 2008 дарбар гирифт. Натиҷаи аудит баъди пардохти пурраи арзиши он 2 апрели соли 2009 ба таври расмӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 8 апрел дар сомонаи www.nbt.tj нашр шуд.  Дар хулосаи аудиторӣ қайд шудааст, ки дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон камбудиҳо дар идоракунии дороиҳо ва қабули қарорҳо оид ба ҷалбу ҷудо намудани қарз ба низоми бонкӣ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, ҳангоми қабули қарорҳо оид ба ҷудо намудани қарз ба ҶСП “Кредит-инвест” на ҳама вақт ақидаи аъзои Раёсат ба инобат гирифта шудааст. Дар чорчубаи дастурамалҳои мавҷуда Раиси бонк имкон дошт, ки мустақилона ва бе дарназардошти ақидаи аъзои Раёсат қарори дахлдор қабул намояд. Инчунин ҳангоми қабули қарорҳо гӯё зиддияти манфиатҳо ба инобат гирифта нашудааст, ки боиси иштироки шахси манфиатдор дар қабули қарорҳо гардидааст.  Вобаста ба ин ва дар асоси пешниҳодҳои ширкати аудиторӣ ба қонунҳои мавҷуда “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” тағйироту иловаҳо дохил карда хоҳанд шуд. Ҳоло баррасии пешниҳодҳо дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва қабули онҳо моҳҳои наздик дар назар аст. Вориди кардани тағйиротҳо ба қонунҳои мавҷуда имкон медиҳад, ки идоракунии Бонки миллии Тоҷикистон такмил дода шуда, шаффофият ва ҳуқуқи ҳамаи аъзои Раёсат таъмин карда шавад, зеро он аз ҷумла, ба ҳайати Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ворид кардани шахсони мустақил – собиқадорони соҳаи бонкдорӣ, донишмандон ва олимони соҳаро дарбар мегирад.  Аудит инчунин тартиби истифодаи маблағҳои ба соҳаи пахта-корӣ равонашуда ва ташкили ҳисобдорӣ дар ширкатҳои сармоя-гузории соҳаи пахтакориро мавриди баррасӣ қарор дод.  Маълум шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон солҳои 1997 – 2007 барои маблағгузории соҳаи пахтакорӣ аз хориҷи кишвар маблағҳои муайянро ҷалб намуда, ба ширкатҳои “ХИМА”, “Тамер ИНБ”, “Олими Каримзод”, “Хӯҷанд-Инвест-Коттон” ва ғайраҳо қарз додааст. Ин ширкатҳо қисми асосии маблағҳоро ба хоҷагиҳо дода, қисми дигари онро барои сохтмони заводу фабрикаҳо истифода кардаанд. Хоҷагиҳои пахтакор бо сабабҳои гуногун ҳарсола қисме аз қарзҳояшонро баргардонида натавонистаанд ва давоми чанд сол маблағи қарзҳои баргардониданашуда зиёд шуда, дар якҷоягӣ бо қарзҳои ширкатҳои миёнарав ба таърихи 31 декабри соли 2008 маблағи 589 млн. долларро ташкил додааст, ки аз он тахминан 65 фоиз ба хоҷагиҳо ва 35 фоиз ба ширкатҳои миёнарав рост меояд. Камбудиҳо дар низоми ҳисобдорӣ, ҳисоббаробаркунӣ байни ширкатҳо, нигаҳдорию пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ низ ошкор шудаанд. Ширкати аудиторӣ инчунин қайд кардааст, ки вобаста ба камии вақту пурра дарбар нагирифтани амалиётҳои мавҷуда оид ба кори анҷомдодааш хулосаи аниқ дода наметавонад. Ширкати аудиторӣ дар ҳисоботи худ шахсони алоҳидаро гунаҳгор накардааст.  Вазъи онвақтаи иқтисодиёт ҷалби маблағҳои муайянро барои дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ тақозо мекард ва аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз хориҷи кишвар зиёда аз 2 млрд. долл. ИМА-ро барои маблағгузории соҳаи пахтакорӣ ҷалб намудааст. Гарчанде ин маблағҳо ба ном барои пахтакорӣ ҷалб шуда бошанд, дар асл онҳо барои маблағгузории соҳаҳои дигар низ истифода шудаанд. Қисми онҳо (тақрибан 400 млн. долл. ИМА) бо ҳар роҳ барои дастгирии буҷетҳои давлатию маҳаллӣ равона шудааст. Бо сабабҳои гуногун хоҷагиҳои пахтакор, ки истифодакунандагони асосии қарзҳо буданд ҳамаи онҳоро баргардонида натавонистанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ду барнома ба маблағи 30 млн. долл. ИМА оид ба ҳалли қарзи хоҷагиҳои пахтакорӣ амалӣ мегардад.  Дар хулосаи аудиторӣ дар бораи сараввал дар тавозуни бонк инъикос накардани қарз ба маблағи 870 млн. сомонии ба хоҷагиҳо додашуда сухан меравад. Ин маблағ мутобиқи маводҳои мавҷуда бо воситаи ТМХ “Кредит-инвест” ва ширкатҳои дар боло қайдшуда барои қарздиҳӣ ба хоҷагиҳои пахтакор истифода шудааст. Камбудиҳои дигари дар хулосаи аудиторӣ омада аслан ба тартиби ҳисобдорӣ, инъикоси дурусти амалиёт дар тавозуни ширкатҳо, тартиби фурӯши пахта ва нархгузории техникаю сӯзишворӣ дахл доранд.  Хазинаи байналмилалии асъор, ки дархосткунандаи аудити махсус буд, аз рӯи натиҷаи он фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ карда, 21 апрели соли ҷорӣ Барнома оид ба кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ, ки дар чорчӯбаи он барои дастгирии барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Тоҷикистон 120 млн. долл. ИМА ҷудо мегардад, тасдиқ намуд.  Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми идоракунӣ ва ҳисобдорӣ нақшаи чорабиниҳоро омода кардааст, ки он мавриди татбиқ қарор дорад. Қисме аз талаботҳои нақша, аз қабили манъ кардани фаъолияти ба вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон алоқаманд набуда, таъмини шаффофият дар идоракунии он, такмили низоми аудити дохилӣ ва ғайраҳо аллакай амалӣ шудаанд. Қисми дигар, ба монанди ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда, аудити тавозуни бонк барои солҳои 2008-2009, такмили сиёсати пулӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доранд.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ш. Душанбе, 22 апрели соли 2009

Диданд: 3221

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ