Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.05.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2945.70 3016.05
10 5804.43 5943.06
20 11462.78 11736.53
50 28418.74 29097.43
100 56672.72 58026.16

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқот бо намояндагони созмонҳои кӯмакрасон

05.02.2008

4 феврали соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ М. Давлатов, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғ. Бобозода, вазири молия С. Наҷмуддинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ф. Ҳамралиев бо намояндагони созмонҳои молиявии байналхалқӣ, аз ҷумла ҳайати махсуси Бонки ҷаҳонӣ барпо гардид.  Дар рафти мулоқот вазъи мураккаби соҳаи энергетика, ки дар натиҷаи сардиҳои зимистони имсола ба вуқӯъ пайваст, мавриди баҳсу гуфтугӯ ҷиддӣ қарор гирифт.  Мушовири давлатии Президент М. Давлатов изҳор дошт, ки бинобар сабаби зуҳуроти бӯҳронӣ, ки дар натиҷаи сардиҳо, камобиҳо ва офатҳои табиӣи ғайричашмдошт ба таъминоти маводи хӯрокии мамлакат таъсири манфӣ расонида, вазъи соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва аҳолии мамлакатро душвору вазнин кард, ки чунин ҳолат метавонад ба натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодии амалишаванда дар ҷумҳурӣ таъсири амиқ расонад. Бинобар нокифоя будани захоири газу барқ тайи рӯзҳои охир қариб тамоми корхонаҳои саноатӣ ва дигар ташкилотҳои хизматрасонӣ фаъолияти худро қатъ намуданд. Ҳамчунин, дар натиҷаи сардиҳои сахт аксари боғоту токзорҳои кишвар зарари ҷиддӣ дида, 700 гектар кишти картошказор ба тамом аз байн рафт.  Бинобар ҳисоботи пешакӣ зарари ба иқтисодиёти кишвар расонида 850 миллион сомониро ташкил медиҳад.  Дар мулоқот муроҷиати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кӯмаки таъҷилӣ баҳри бартараф намудани оқибатҳои фалокатбори офатҳои табиӣ ба самъи намояндагони созмону ташкилотҳои байналхалқӣ ва мамлакатҳои ҷаҳон расонида шуд.  Иштирокдорони вохӯрӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи маводи ниёзи аввалия ва механизми истифодаи онҳоро ба ташкилоту давлатҳои кӯмакрасон пешниҳод менамояд.

Диданд: 2780

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ