Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,8%
  • 8,5%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    20,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)10,24
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-октябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-октябр)
    22,76
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-октябр)
    16,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    21,98
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-октябр)
    22,37




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 27.11.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3392.42 3473.44
10 6697.88 6857.83
20 13249.66 13566.09
50 32885.95 33671.33
100 65607.14 67173.96

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Машварат дар Бонки миллии Тоҷикистон

28.12.2007

27 декабри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, адлия , молия, рушди иқтисод ва савдо, мелиоратсия ва захираҳои об, агентии заминсозӣ, харитасозӣ ва геодезӣ, намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ машварати корӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои иҷрои супоришҳои Сардори давлат оиди бо захираҳои молиявӣ таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ, ки дар мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо соҳибкорони ватанӣ баён гардида буданд, мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор гирифтанд.  Иштирокчиёни машварат оиди механизми нави маблағгузории хоҷагиҳои пахтакор пешниҳод карданд, ки сертификати ҳуқуқи истифодаи замин барои гирифтани қарз ҳамчун гарав истифода шавад. Барои ҳалли ин масъала дар навбати аввал биржаи фурӯши сертификатҳои мазкурро ташкил кардан зарур аст.  Пешниҳод гардид, ки Низомномаи тартиби қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва тартиби соддаи кушодани суратҳисобҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, тавсияҳо оиди даромаднокӣ ва самаранокии зироатҳои дар шароити Тоҷикистон ва минтақаҳои он киштшавандаи даромаднокиашон бештар, Дастурамали баҳисобгирии муҳосибавӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, механизми соддаи ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва додани Сертификат, Низомномаи ҳуқуки истифодабарии замин барои гарав таҳия ва пешкаш карда шаванд.  Бо пешниҳоди Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардон иштирокдорони ҷаласа ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳалли ҳарчи зудтари масоили боло аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва бонкҳо ду гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Гурӯҳҳои номбурда паҳлӯҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии масъалаҳои муҳокимашударо омӯхта, дар мӯҳлати муайяншуда пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш мекунанд.

Диданд: 1241

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ