Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи май
    0,5%
  • 10,0%
  • Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)11,55
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-май)
    11,1
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-май)
    23,8
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)
    21,37
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    20,0




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 08.07.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3042.36 3115.02
10 5997.75 6140.99
20 11849.41 12132.39
50 29385.31 30087.09
100 58605.87 60005.48

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Вохӯрӣ бо ҳайатҳои ХБА ва БҶ

23.02.2007

Ҳайатҳои Хазинаи байналхалқии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки бо ташрифи корӣ дар Душанбе мебошанд, 22 феврал дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Барномаи арзёбии бахши молиявии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.  Роҳбари гурӯҳи ҳайати Бонки ҷаҳонӣ Ҳурмуз Агдей ва сарвари ҳайати Хазинаи байналхалқии асъор Марина Мореттӣ дар бораи ҳадафҳои барнома ва аҳамияти он ҷиҳати муайян намудани паҳлӯҳои пурқувват ва заифи макроиқтисодӣ, номуайянӣ ва масъалаҳои пардохтпазирӣ, такмили бозори пул, риояи кодекси Хазинаи байналхалқии асъор оид ба шаффофияти сиёсати пулию молӣ, таҳлили нишондиҳандаҳои устувории низоми молиявӣ, идоракунии хавфҳои бонкӣ, низоми муҳофизати бонкӣ, арзёбии самаранокии назорати бонкӣ, заминаи қонунгузории молиявӣ роҳбарии корпоративӣ дар бонкҳо, низоми пардохт, дурнамои дастёбӣ ба хизматрасонии молиявӣ, рушду танзими бахши суғурта ва ғайраро дар бар мегирад, сухан ронданд.  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов зикр намуд, ки низоми бонкии Тоҷикистон рӯз то рӯз устувор гашта истодааст. Афзудани амонатҳои аҳолӣ дар бонкҳо аз баланд шудани боварии мардум ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Дуруст ҷойгир кардан ва таъмини бозгашти амонатҳо вазифаи муҳимтарин дар фаъолияти бонкҳо ба шумор меравад.  Аз ин рӯ, таъкид намуд М.Алимардонов, имрӯз мо ба ин барнома ниёз дорем ва аминем, ки арзёбии воқеии низоми молиявии ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони ин ду созмони бонуфузи байналхалқии молиявӣ ба мо ҷиҳати ислоҳи камбудию норасогиҳои мавҷуда кӯмак хоҳад расонид.  Омӯзиш, таҳлил ва арзёбии бахши молиявии Тоҷикистон се давраро дар бар гирифта, то моҳи июл давом мекунад.

Диданд: 1240

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ