Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,8%
  • 8,5%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    20,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)10,24
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-октябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-октябр)
    22,76
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-октябр)
    16,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    21,98
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-октябр)
    22,37




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 27.11.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3392.42 3473.44
10 6697.88 6857.83
20 13249.66 13566.09
50 32885.95 33671.33
100 65607.14 67173.96

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Чин

14.09.2006

14 сентябри соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дидору мулоқоти Раиси БМТ Алимардонов М. М. бо ҳайати Бонки содиротӣ-воридотии Чин, ки таҳти сарварии ноиби президенти бонки мазкур Ли Ганг дар Тоҷикистон қарор доранд, доир гашт.  Сараввал Алимардонов М. М. меҳмононро бо низоми бонкии Тоҷикистон, рушди бозори хизматрасонии бонкӣ ва низоми қарздиҳӣ ошно намуд. Аз ҷумла Алимардонов М. М. қайд намуд, ки ҷониби Тоҷикистон омодааст, то ҳамкориҳоро бо ҳамтоҳои чиноӣ рушд бахшад. Ҳамчунин дар ин росто чанд нуктаи муҳиме низ қайд гардид, ки бонкҳои чиноӣ ҷиҳати маблағгузорӣ метавонад ҳиссагузор бошанд.  Дар навбати худ ҷаноби Ганг ҳамтоёни тоҷики худро бо муҳимтарин самтҳои фаъолият ва давраҳои асосии рушду барқарории низоми бонкӣ дар Чин ошно намуд. Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки Бонки воридотӣ-содиротии Чин омодааст ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои нисбатан муҳим-энергетика, нақлиёт, телекоммуникатсия ва дигар соҳаҳо саҳмгузорӣ намояд. Ҷаноби Ганг афзуд, ки бонк дар асоси созишнома метавонад лоиҳаҳоеро, ки муассисаҳои чиноиву тоҷикӣ баъд аз иҷроиши муқаррароти дохилаи лоиҳаҳои мазкур амалӣ намудаанд, маблағгузорӣ кунад.  Дар анҷоми мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алимардонов М. М. ва Ноиби президенти Бонки воридотӣ-содиротии Чин Ли Ганг созишномаи дуҷонибаи ҳамкориро ба имзо расониданд.  Ҳуҷҷати мазкур дар худ шартнома оид ба расонидани ёрӣ дар интихоби бонкҳо; пешниҳодоти хизматрасонӣ оид ба ҳисобот; табодули маълумот оид ба рушди иқтисодиёт; пешниҳоди маълумот оид ба лоиҳаҳои амалкунанда ва нав; пешниҳоди кӯмаки техникӣ ва амалӣ намудани барнома оид ба тайёр намудани кадрҳоро дар бар мегирад.

Диданд: 1369

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ