Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Маҷлиси тантанавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

07.09.2006

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар назди кормандони бонк Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов бо паёми табрикӣ суханронӣ намуд. Ӯ аҳли нишастро бо ҷашни умумихалқӣ табрик намуда, иброз дошт, ки ин ҷашн ба соле рост омадааст, ки тамоми мардуми кишвари азизамон 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, бузургдошти Тамаддуни Ориёиро истиқбол мегиранд ва ба гузаронидани Анҷумани тоҷикони ҷаҳон тайёрӣ мебинанд.  Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шавем.  Имрӯз, мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар солҳои истиқлолият ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон мусоидат намуданд. Сохтмони роҳи оҳани Ќӯрғонтеппа-Кӯлоб, шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хум-Қулма, анҷоми сохтмони нақби мошингарди Анзоб, оғози сохтмони нақби Шаҳристон, оғози бунёди нерӯгоҳҳои барқии Сангтӯда-1, Сангтўда-2, ГЭС-и Роғун ва чандин корхонаҳои саноативу муассисаҳои маданӣ-маишӣ, аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ба шумор мераванд.  Бояд гуфт, ки дар ин муваффақиятҳо дар қатори дигар системаҳои пешбарандаи ҷамъиятӣ нақши низоми бонкӣ низ хеле калон аст. Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 8 бонки мустақил, як филиали бонки хориҷӣ, 8 ҷамъияти қарздиҳӣ ва 44 ташкилоти молиявии ғайрибонкиро дар бар мегирад.  Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 15-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард, - иброз дошт сарвари БМТ М. Алимардонов.  Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Раиси БМТ М. Алимардоновро ба муносибати дар арафаи ҷашни Истиқлол бо Ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи II сарфароз шуданаш табрику муборакбод гуфтанд.  Раиси БМТ ба як қатор роҳбарон ва мутахассисони бонк барои меҳнати шоёнашон нишони сарисинагии “Аълочии Бонкии миллии Тоҷикистон”-ро супорида, ба онҳо дар фаъолияти касбиашон комёбиҳо орзу намуд.

Диданд: 2815

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ