Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,8%
  • 8,5%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    20,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)10,24
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-cентябр)
    22,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    17,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    21,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    22,04




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.11.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3486.04 3569.29
10 6885.10 7049.53
20 13624.11 13949.48
50 33822.09 34629.82
100 67479.41 69090.94

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Нишасти матбуотӣ дар БМТ

21.07.2006

19 июли соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи фаъолияти бонк дар нимсолаи аввали соли 2006 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.  Дар назди намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов суханронӣ намуд. Ӯ рӯзноманигоронро бо фаъолияти бонк дар нимсолаи аввали соли 2006 шинос кард. Аз ҷумла, дар маърӯза иброз гардид, ки истеҳсоли ММД дар давоми 6 моҳи аввали соли равон рушди нисбатан баландро давом дода 7,1 фоизро ташкил намуд, ки дар сохтори он афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,3 фоиз ва соҳаи кишоварзӣ 13,4 фоизро дар бар гирифт.  Сарвари БМТ дар бораи сатҳи тавррум иброз дошт, ки нишондиҳандаи дигари муҳими иқтисодӣ таваррум дар давраи баррасӣ сатҳи нисбатан баландтар 6,6 фоизро ташкил кард. Сохтори он аз болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 7,3 маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,4 ва хизматрасонии пулӣ 14,9 фоиз иборат буд. Ба андешаи М. Алимардонов, яке аз сабабҳои асосии болоравии таваррум ин номутавозунии мавсимии бозори истеъмолӣ дар шакли кам шудани пешниҳоди номгӯи алоҳидаи маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ мебошад, ки бо бештар афзудани қобилияти харидории аҳолӣ нисбат ба пешниҳоди маҳсулот мураккабтар мегардад.  Бояд гуфт, ки раванди зиёдшавии нархҳо дар ҳамин сатҳ қариб дар тамоми мамлакатҳои ҳамсоя мушоҳида мешавад. Масалан, сатҳи таваррум дар ҳамин давра дар Федератсияи Руссия 6,2 фоиз ва Ҷумҳурии Қазоқистон 4,8 фоизро ташкил дод.  Раиси БМТ М. Алимардонов изҳор дошт, ки даромади пулии аҳолӣ дар моҳҳои январ-майи соли 2006 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,9 фоиз афзуд ва андозаи 1 млрд 813,4 млн. сомониро ташкил намуд. Музди миёнаи меҳнат бошад, дар ин муддат 11,6 фоиз баланд шуда, аз 101,6 сомонӣ то 113,4 сомонӣ афзуд.  Қайд гардид, ки дар 6 моҳи соли 2006 қурби расмии номиналӣ аз 3,1993 сомонӣ нисбати 1 доллари ИМА дар ибтидои давра то ба 3,2810 сомонӣ дар охири давра ё худ 2,6 фоиз тағйир ёфтааст. Барои муқоиса дар ҳамин давраи соли 2005 тағйирёбии қурб 2,6 фоизро ташкил дода буд.  Дар рафти нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор намуд, ки низоми бонкӣ дар нимаи аввали соли 2006 раванди устувор шуданро идома дод, ки он бо таҳким ёфтани нишондиҳандаҳои муҳимтарини низоми бонкӣ мисли сатҳи сармоя, ҳаҷми умумии дороиҳо ва ӯҳдадориҳо алоқаманд мебошад. Дар айни замон, ба ҳолати июни соли ҷорӣ низоми бонкии ҷумҳурӣ аз 9 бонки мустақил, 8 ҷамъияти қарздиҳӣ, 3 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ва 38 ташкилотҳои маблағгузории хурд иборат мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ чораҳои пешгирӣ намудани бозори хизматрасонии бонкӣ аз бонкҳои беэътимоду зараровар давом дода шуданд. Моҳи феврали соли равон бо сабаби аз ҷониби ҶСП «СТБ-Инвестбонк» ва ҶСП «Бонки Олимп» иҷро нагардидани талаботи қонунгузории бонкӣ иҷозатномаҳо барои гузаронидани амалиёти бонкӣ аз онҳо бозхонда шуданд. Дар ҶСП «Кафолатбонк» маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ карда шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои таҷдиди сохторӣ ин бонк ба ҷамъияти қарздиҳӣ табдил дода шуд.  Амонатҳо дар давраи баррасишаванда нисбат ба охири соли гузашта 153,7 млн. сомонӣ ё 28,5 фоиз зиёд шуда, тамоили устувори зиёдшавиро идома доданд ва маблағи 692,8 млн. сомониро ташкил доданд. Аз ҳаҷми умумии амонатҳо 506,4 млн. сомонӣ ё 73,1 фоиз амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 186,4 млн. сомонӣ ё 26,9 фоиз амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.  Нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки боварии мардум ба низоми бонкӣ мунтазам баланд мешавад.  Қобили қайд аст, ки ҷараёни қарздиҳӣ дар моҳҳои январ-майи соли равон мӯътадил меафзуд. Тайи солҳои охир бақияи умумии қарзҳо меафзояд ва суръати афзоиши он аз суръати афзоиши бахши воқеъи иқтисодиёт баландтар аст ва ба ҳолати то 1 июни соли 2006 маблағи 1 438,0 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба аввали сол 11,8 фоиз зиёд мебошад.  Қарздиҳии хурд дар кишвар яке аз соҳаҳои асосии дастгирии соҳибкорӣ ба шумор меравад ва он рӯз то рӯз меафзояд. Тавре М. Алимардонов иброз дошт, то 1 июли соли ҷорӣ бақияи маблағгузории хурди аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ додашуда 235,4 млн. сомониро ташкил намуд.  Дар фуроварди нишасти матбуот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ба суолҳои хабарнигорони дохилию хориҷӣ ҷавоб дод.

Диданд: 1712

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ