Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,4%
  • 7,8%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ
    18,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 феврали с.2020)12,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)12,20
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    11,22
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    24,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    21,91
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    22,82




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 31.03.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2766.78 2832.86
10 5446.59 5576.66
20 10747.08 11003.74
50 26629.51 27265.47
100 53094.26 54362.24

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    24 25 26 27 28 29 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад:

18.03.2011

Ҳамдиёрони азиз, тайи чанд соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати тоҷик дар ҳама бахшҳои зиндагӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ин пешравиҳо дар натиҷаи муттаҳидии мардум ва пуштибонии он аз сиёсати бобарори роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар  ба даст омад. Вале, дар баробарии ин, мутаассифона, ҳастанд гурӯҳ ё нафароне, ки шукуфоии ватани моро намехоҳанд ва бо ҳар роҳу воситаҳои гуногун мехоҳанд онро халалдор созанд. Яке аз ин воситаҳо ба муомилот ворид кардани пулҳои қалбакӣ мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар муомилоти пулии мамлакат пулҳои қалбакии «5, 50 ва 100 сомонӣ» ошкор гардиданд. Ҳадафи онҳое, ки дар сохтани пулҳои қалбакӣ даст доранд, коҳиш додани эътибори пули миллӣ, зарар расонидан ба шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ чунин пулҳоро қабул кардаанд ва халалдор намудани раванди босуботи иқтисодии кишвар мебошад.  Тавре маълум гардид, пулҳои қалбакӣ дар компутерҳо чоп шудаанд ва аз пулҳои аслӣ фарқияти зиёд доранд. Қайд кардан ба маврид аст, ки пулҳои қалбакӣ асосан дар минтақаҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ бо давлатҳои ҳамсоя ба қайд гирифта шудаанд.  Боварии комил дорем, ки ин ҷинояткорон ҳаргиз ба мақсадҳои нопоки худ ноил нахоҳанд шуд ва низоми бонкии мамлакат бо дастгирию мусоидати шаҳрвандони азизи Тоҷикистон эътибори пули миллиро нигоҳ хоҳад дошт.  Бинобар ин, аз шаҳрвандони кишвар даъват мекунем, ки ҳангоми бо пулҳои миллӣ сару кор гирифтан ба унсурҳои зерини ҳимоявии онҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир намоянд: 1. Нишонаи обӣ: тасвири чандтобишаи расмҳои бузургони мо  дар қисмати сафеди пулҳо, ки дар муқобили рӯшноӣ дида мешавад. 2.  Риштаи ҳимоявӣ: навори борики филизии дохили пул, ки аз паси пул зоҳиран шаш порча буда, ҳангоми дар муқобили рӯшноӣ дидан ҳамчун риштаи яклухти хиратоби дорои матни такроршавандаи "БМТ" бо тасвири роставу чаппа намоён мешавад.  3.  Унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ: ҳангоми мушоҳида намудани пул таҳти кунҷҳои гуногун дар нақши "гули лола" чандин рақамҳои торику равшан намоён мешаванд, ки арзиши пулро ифода мекунанд.  4.   Тасвири бо ҳам пайвандшаванда: унсурҳои тасвир, ки дар дохили доираҳои сафедранги ҳар ду рӯи пул ҷойгир шудаанд, ҳангоми дидан дар муқобили рӯшноӣ ба ҳам пайваст шуда, рамзи Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.  5.  Кинеграмма: дар тарафи рости рӯи пул навори филизӣ ба таври амудӣ ҷойгир шуда, ҳангоми тағйир додани кунҷи биниш, тасвири рамзи Бонки миллии Тоҷикистон ва матни «Бонки миллии Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикию англисӣ, ки дар рӯи он воқеъ мебошанд, бо рангҳои гуногун медурахшанд.  Ҳамчунин расми рӯи пул, ҳамаи матнҳо, рақамҳои ифодакунандаи арзиши пул, навори нақшдори дурангаи амудӣ, Нишони давлатии Тоҷикистон, аломати рамзӣ барои нобиноён дорои хосияти барҷастагӣ мебошанд, ки ҳангоми бо даст ламс кардан, ҳис карда мешаванд.  Аз ҳамаи ҳамдиёрон, тоҷирон ва онҳое, ки бештар бо муомилоти пули нақд сару кор доранд хоҳиш менамоем, ки дар сурати мушоҳида намудани пулҳои коғазии қалбакӣ фавран ба наздиктарин нуқтаи мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.  Хадамоти матбуоти  Бонки миллии Тоҷикистон ш. Душанбе, 18 марти с. 2011

Диданд: 1556

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ