Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи июн
    -1,1%
  • 8,4%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ
    18,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)11,19
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-июн)
    11,1
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-июн)
    23,6
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-июн)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)
    21,4
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-июн)
    20,96




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 10.08.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3511.63 3595.49
10 6936.28 7101.93
20 13726.47 14054.29
50 34077.99 34891.83
100 67991.21 69614.96

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

26.11.2009 Шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъор каме афзуд

Рӯзҳои 24-25 ноябри соли ҷорӣ шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ каме афзуд. Қурбҳои миёнаи амалиёт бо долл. ИМА ва евро тадриҷан паст шуда, 1 долл. ИМА 4,3470 сомонӣ ва 1 евро 6,4339 сомониро ташкил доданд. Баръакс қурби миёнаи амалиёти рубли русӣ андаке баланд шуда, 10 рубли русӣ ба 1,5061 сомонӣ баробар шуд.

23.11.2009 Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.

23.11.2009 Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

20 ноябр ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат арзиши миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар аксари бахшҳои бозори асъор бетағйир боқӣ монд. Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва вилояти Суғд қурби нақдӣ 1 долл. ИМА ба ҳисоби миёна ба 4,3560-4,3740 сомониро ташкил медод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва еврои нақд як каме афзуданд ва ба 1,4760-1,4960 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,4540-6,5070 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.

19.11.2009 Хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилии асъор

Рӯзҳои 17-19 ноябри соли ҷорӣ батадриҷ афзудани шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ ба мушоҳида расид. Бинобар ин, қурбҳои миёнаи амалиёти анҷомдода бо доллари ИМА ва Евро каме баланд шуданд ва 1 долл. ИМА 4,3503 сомонӣ ва 1 Евро 6,4905 сомониро ташкил доданд. Қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ бошад, чун рӯзҳои гузашта бетағйир монда, 10 рубли русӣ ба 1,4988 сомонӣ баробар шуд.

16.11.2009 Қурби доллари ИМА каме боло рафт

Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 13 ноябр ва ду рӯзи минбаъдаи истироҳат каме боло рафт. Аз ин рӯ, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА 4,3525-4,3720 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро бошанд, ба 1,4800-1,4930 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,4350-6,4850 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин рӯзҳо вазъи бозори дохилии асъор мӯътадил будани амалиёт ва баробарии пешниҳоду талаботро инъикос менамуд.

12.11.2009 Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Зиёд шудани шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ ва болоравии қурбҳо дар бозори байнибонкӣ 10-11 ноябри соли ҷорӣ, аз фаъолтар шудани амалиётҳо бо долл. ИМА ва евро гувоҳӣ доданд. Ҳамин тариқ, қурбҳои миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме баланд шуда, 1 долл. ИМА ба 4,3440 сомонӣ, 1 евро ба 6,4257 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,4935 сомонӣ баробар шуданд.

09.11.2009 Дар бозори нақдина қурби доллари ИМА тағйир наёфт

Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА дар рӯзҳои истироҳат бетағйир буд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,35-4,37 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро каме паст фаромада, 10 рубли русӣ 1,47-1,48 сомонӣ ва 1 евро 6,38-6,43 сомониро ташкил доданд. Дар маҷмӯъ, вазъият дар бозори дохилии асъор мӯътадил мебошад.

05.11.2009 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор чун пештара мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ 4-5 ноябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА 4,34-4,35 сомонро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ каме баланд шуда, 10 рубли русӣ ба 1,47-1,49 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад, паст шуда, 1 евро 6,38-6,42 сомониро ташкил дод.


Ахбор 3929 - 3936 аз 4159
Аввал | Пешӣ | 490 491 492 493 494 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ