- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
- Таваррум дар моҳи март-1,0%
- 2,5%
- Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (март)14,1
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат7% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
- Меъёри бозтамвил
(аз 20 марти с.2018)14,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт)16,0 - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт)7,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнаи коғазҳои
қиматноки БМТ (март)14,76
- Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (март)5,65
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (март)30,54
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (март)-
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (март)11,97
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (март)3,00
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 27.04.2018 1 USD 8.8960 1 EUR 10.8255 1 RUB 0.1414
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2016
- Соли молиявии 2015
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Шарҳи бозори кортҳои пардохтӣ
Рушди бозори кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаи рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот мебошад. Барои ҳалли масъалаи зикргардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ барои вусъат додани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар савдои чакана ва қабули онҳо ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Айни замон, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кортҳои пардохтии Низоми пардохти миллӣ “КОРТИ МИЛЛӢ”, низомҳои пардохтии байналмилалии Visa ва Masterсard, кортҳои муштараки (кобрендинг) низомҳои пардохти UnionPay ва НПМ ”КОРТИ МИЛЛӢ ва кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзӣ ба муомилот бароварда шуда истодаанд.
Ҳиссаи кортҳои пардохтии низомҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи ҳисоботи оморӣ ба санаи 31 декабри соли 2017, миқдори умумии кортҳои пардохтии ба муомилот баровардашуда 1 694,2 ҳазор ададро ташкил доданд, ки нисбат ба санаи 31 декабри соли 2016 4,6% зиёд гардидаанд. Аз ин микдор, 83,4% кортҳои Низоми пардохти миллии (НПМ) “КОРТИ МИЛЛӢ”, 10,9% кортҳои низомҳои пардохтии байналмилалӣ (Visa ва Masterсard), 5,0% кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзӣ 0,7% кортҳои пардохтии муштарак (UnionPay-НПМ ”КОРТИ МИЛЛӢ) мебошанд.
Шумораи кортҳои пардохтии ба муомилот баровардашуда аз рӯи низомҳои пардохтӣ
Ҳиссаи кортҳои пардохтии баровардашудаи ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳиссаи асосии кортҳои пардохтии дар ҷумҳурӣ ба муомилот баровардашуда ин кортҳои пардохтии БДА ҶТ “Амонатбонк” мебошанд, ки 78,8%-и ҳаҷми умумии кортҳои баровардашударо ташкил медиҳад.
Шумора ва ҳаҷми амалиётҳо тавассути кортҳои пардохтӣ
Ба санаи 31 декабри соли 2017 дорандагони кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он 17 644 ҳазор амалиёт ба маблағи умумии 8 328,6 млн. сомонӣ амалӣ карданд (нисбат ба санаи 31 декабри соли 2016 шумораи амалиётҳо 5,2% ва ҳаҷми амалиётҳо 16,7% зиёд шуданд).
Вазни қиёсии миқдори амалиётҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз миқдори умумии амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ ба санаи 31 декабрисоли 2017 4,7%-ро ташкил дод.
Динамикаи рушди инфрасохтори пардохтӣ барои қабул ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣ (адад)
Инфрасохтор барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ дар ҷараёни афзуншавӣ қарор дорад. Ба интиҳои соли 2017 шумораи терминалҳои электронӣ, ки барои гузаронидани пардохтҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ истифода мешаванд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 177,7% зиёд шудааст ва миқдорашон ба 1 944 адад расидааст.
Инфрасохтори пардохтӣ барои қабул ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи диаграммаи овардашуда, бештари инфрасохтори хизматрасонии кортҳои пардохтӣ дар ш. Душанбе ҷалб шуданд ва дар минтақаҳои кишвар нисбатан камтар тараққӣ ёфта истодаанд.
Тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» Бонки миллии Тоҷикистон раванди додани иҷозатномаи фаъолияти Оператори низоми пардохтӣ, аз ҷумла Операторони низоми пардохтие, ки хизматрасонии интиқоли маблағҳоро пешниҳод менамоянд, роҳандозӣ намуда истодааст.
Бо мақсади рушди минбаъда ва такмили низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон барои татбиқи навовариҳо дар низоми пардохтҳои чакана ва рушди технологияҳои пардохтҳои мобилӣ шароити мусоид муҳаё намуда, дар ин самт бо тарафҳои манфиатдор ва пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои пардохт ҳамкорӣ менамояд.