Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи апрел
    0,5%
  • 1,9%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (апрел)
    14,3
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)16,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)7,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)14,04
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (апрел)
    9,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (апрел)
    30,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (апрел)
    12,65
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (апрел)
    0,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.05.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2023.64 2044.08
10 3946.86 3986.73
20 7725.04 7803.07
50 19037.58 19229.88
100 37884.93 38267.60

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31 1 2 3

Бонки миллии Тоҷикистон

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб

16.05.2018

Рӯзи 16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямонро дар ноҳияи Варзоб тамошо карданд.

Боздиди сарони давлатҳо аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб оғоз ёфта, дар мавзеи Такоби ҳамин ноҳия идома ёфт.

Аз рӯзи нахустини сафари расмӣ ба Тоҷикистон Александр Лукашенко бо эҳсоси баланд дар бораи ба табиати зебои Тоҷикистон ва таъомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз дошт ва ҳамин буд, ки имрӯз бо ҳамроҳии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзараҳои нотакрор, боғи пур аз гулу дарахтони нодири Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баҳори пурнакҳату пуртароват тамошо карданд.

Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Ба меҳмони олиқадр намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун намоиш дода шуд, ки писанди онҳо гардид.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор. Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 дар Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст ва то имрӯз барои муаррифии имкониятҳои фарохи сайёҳӣ, ҳунарҳои бою қадимаи мардумӣ ва ҷалби шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои судманд андешида шудааст.

Александр Лукашенко аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, қаноатманд шуд.

28276965158_6a0aec55e2_z.jpg

www.khovar.tj

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Оё Шумо аз ягон намуди суғурта истифода мебаред?







    Аз кадом намудҳои  суғурта Шумо истифода мебаред?








      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Оё Шумо аз ягон намуди суғурта истифода мебаред?
      1. Не, истифода намебарам
        4656 (43%)
      2. Аз он ягон фоида нест
        3137 (29%)
      3. Ҳа, истифода мебарам
        3020 (28%)
      4. Суғурта худаш чист?
        42 (0%)
    2. Аз кадом намудҳои  суғурта Шумо истифода мебаред?
      1. Суғуртаи ихтиёрии молу мулк;
        4392 (40.32%)
      2. Суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳодисаҳои нохуш;
        2919 (26.79%)
      3. Суғуртаи ихтиёрии шаҳрвандони ба хориҷа сафаркунанда;
        2871 (26.35%)
      4. Суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии воситаҳои нақлиёт;
        161 (1.48%)
      5. Суғуртаи ихтиёрии биноҳо, иншоот ва молу мулк аз сӯхтор новобаста аз шакли моликият.
        29 (0.27%)
      6. Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;
        21 (0.19%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ