Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи август
    0,9%
  • 8,6%
  • Пулҳои захиравӣ (август), млрд сомонӣ
    16,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 июни с.2019)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Август)13,25
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (август)
    9,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (август)
    24,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (август)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)
    20,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)
    23,06
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 16.09.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2453.44 2512.04
10 4819.92 4935.03
20 9493.74 9720.47
50 23496.16 24057.29
100 46827.55 47945.87

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 1 2 3 4 5 6

Шарҳи интишорот


19.07.2019
Вокуниши Бонки миллии Тоҷикистон ба изҳороти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 18 июли соли 2019 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА “Амонатбонк” санҷида шуда, дар натиҷа ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ хисороти молӣ ошкор карда шудааст.

Маълумоти мазкур, ки дар назди намояндагони воситаҳои ахбори омма ба таври расмӣ аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоб эълон шудааст, дар аксари саҳифаҳои хабаргузории давлатӣ ва ғайридавлатӣ нашр шуда, боиси ба амал омадани афкори нодуруст дар ҷомеа мегардад ва ба нуфузу эътибори Бонки миллии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.

Бояд тазаккур дод, ки изҳорот марбут ба ошкор гардидани зарари молиявӣ дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон саҳеҳ набуда, асоси воқеӣ надорад.

Воқеият ин аст, ки дар ягон санади санҷиши Палатаи ҳисоб оид ба ошкор гардидани зарари молиявӣ қайд карда нашудааст. Вале сарфи назар аз ин, дар баъзе изҳорот ва маълумотҳои Палатаи ҳисоб дар хусуси ба маблағи умумии 8,3 млн. сомонӣ ошкор гардидани зарари молиявӣ қайд карда мешавад, ки он асосманду собитшуда набуда, ба унсурҳои зарари молиявӣ ҳаргиз мутобиқат намекунад.

Дар таркиби маблағи мазкур 6,2млн. сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди аз ҷониби худи Бонки миллӣ ҳисобкардашуда ва 1,5 млн. сомонӣ андоз аз фоидаи ҳисобкардашуда ва тасдиқнашуда дар назар дошта шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи маблағгузориҳои дохилӣ бо назардошти талаботи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, мустақилона ва бе дахолати санҷишгарони Палатаи ҳисоб захира барои пӯшонидани талафоти имконпазир ташкил намуда, тибқи тартиби муқарраршуда аз он ба маблағи қариб 6,2 млн. сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки супоришномаҳои пардохтӣ онро тасдиқ менамоянд. Ин маблағи андозҳои супоридашуда аз ҷониби санҷишгарони Палатаи ҳисоб ҳамчун барқароркунии андоз ва зарари молиявӣ арзёбӣ карда шудааст. Ҳол он ки ин ҷо ягон барқароркунии андоз ҷой надошта, дар доираи пардохтҳои ҷории Бонки миллӣ сурат гирифт ва чунин арзёбӣ намудани Палатаи ҳисоб ба ҳақиқат дуруст намеояд, зеро чуноне ки дар боло таъкид намудем, Бонки миллии Тоҷикистон маблағи андозро мустақилона ва бо тасмими худ, бе ягон тавсияву пешниҳоди санҷишгарони Палатаи ҳисоб ба буҷети давлатӣ интиқол додааст.

Ҳамчунин, дар таркиби маблағи дар боло зикршудаи зарари молиявӣ ба қавли санҷишгарони Палатаи ҳисоб “маблағи андозҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшшуда дар ҳаҷми 1,5 млн. сомонӣ” (аз он 1,2 млн. сомонӣ андоз аз фоидаи соли 2016) ба ҳисоб гирифта шудааст, ки он ҳам ба воқеият мутобиқат намекунад. Зеро зимни санҷиши маҷмӯии аз ҷониби мутахассисони Кумитаи андоз гузаронидашуда бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи мазкур пурра санҷида шуда, ягон ҳолати кам ҳисоб намудани андоз аз фоида ошкор нагардид ва дурустии тартиби ҳисоби андозу пардохтҳо тасдиқ карда шуд (санад аз 08.04.с.2019). Яъне, аз ҷониби санҷишгарони Палатаи ҳисоб ба зарари молиявӣ мансуб донистани маблағи мазкур заминаи воқеӣ надорад.

Зимнан, роҷеъ ба масъалаи мазкур баъд аз санҷиши гузаронидашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ба худи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи асоснок пешниҳод гардида буд, вале сарфи назар аз ин, аз ҷониби Палатаи ҳисоб асосу далелҳои зикрнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст.

Салоҳи кор ин аст, ки ҳолатҳои дар боло зикршуда, ки дар ягон санади санҷишии Палатаи ҳисоб расман ҳамчун зарари молиявӣ сабт нашудаанд, минбаъд дар изҳороту маълумотҳои расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда нашаванд.

 Шуъбаи матбуоти БМТ

19.07.2019
Вокуниши Бонки миллии Тоҷикистон ба изҳороти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 18 июли соли 2019 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА “Амонатбонк” санҷида шуда, дар натиҷа ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ хисороти молӣ ошкор карда шудааст.

Маълумоти мазкур, ки дар назди намояндагони воситаҳои ахбори омма ба таври расмӣ аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоб эълон шудааст, дар аксари саҳифаҳои хабаргузории давлатӣ ва ғайридавлатӣ нашр шуда, боиси ба амал омадани афкори нодуруст дар ҷомеа мегардад ва ба нуфузу эътибори Бонки миллии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.

Бояд тазаккур дод, ки изҳорот марбут ба ошкор гардидани зарари молиявӣ дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон саҳеҳ набуда, асоси воқеӣ надорад.

Воқеият ин аст, ки дар ягон санади санҷиши Палатаи ҳисоб оид ба ошкор гардидани зарари молиявӣ қайд карда нашудааст. Вале сарфи назар аз ин, дар баъзе изҳорот ва маълумотҳои Палатаи ҳисоб дар хусуси ба маблағи умумии 8,3 млн. сомонӣ ошкор гардидани зарари молиявӣ қайд карда мешавад, ки он асосманду собитшуда набуда, ба унсурҳои зарари молиявӣ ҳаргиз мутобиқат намекунад.

Дар таркиби маблағи мазкур 6,2млн. сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди аз ҷониби худи Бонки миллӣ ҳисобкардашуда ва 1,5 млн. сомонӣ андоз аз фоидаи ҳисобкардашуда ва тасдиқнашуда дар назар дошта шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи маблағгузориҳои дохилӣ бо назардошти талаботи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, мустақилона ва бе дахолати санҷишгарони Палатаи ҳисоб захира барои пӯшонидани талафоти имконпазир ташкил намуда, тибқи тартиби муқарраршуда аз он ба маблағи қариб 6,2 млн. сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки супоришномаҳои пардохтӣ онро тасдиқ менамоянд. Ин маблағи андозҳои супоридашуда аз ҷониби санҷишгарони Палатаи ҳисоб ҳамчун барқароркунии андоз ва зарари молиявӣ арзёбӣ карда шудааст. Ҳол он ки ин ҷо ягон барқароркунии андоз ҷой надошта, дар доираи пардохтҳои ҷории Бонки миллӣ сурат гирифт ва чунин арзёбӣ намудани Палатаи ҳисоб ба ҳақиқат дуруст намеояд, зеро чуноне ки дар боло таъкид намудем, Бонки миллии Тоҷикистон маблағи андозро мустақилона ва бо тасмими худ, бе ягон тавсияву пешниҳоди санҷишгарони Палатаи ҳисоб ба буҷети давлатӣ интиқол додааст.

Ҳамчунин, дар таркиби маблағи дар боло зикршудаи зарари молиявӣ ба қавли санҷишгарони Палатаи ҳисоб “маблағи андозҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшшуда дар ҳаҷми 1,5 млн. сомонӣ” (аз он 1,2 млн. сомонӣ андоз аз фоидаи соли 2016) ба ҳисоб гирифта шудааст, ки он ҳам ба воқеият мутобиқат намекунад. Зеро зимни санҷиши маҷмӯии аз ҷониби мутахассисони Кумитаи андоз гузаронидашуда бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи мазкур пурра санҷида шуда, ягон ҳолати кам ҳисоб намудани андоз аз фоида ошкор нагардид ва дурустии тартиби ҳисоби андозу пардохтҳо тасдиқ карда шуд (санад аз 08.04.с.2019). Яъне, аз ҷониби санҷишгарони Палатаи ҳисоб ба зарари молиявӣ мансуб донистани маблағи мазкур заминаи воқеӣ надорад.

Зимнан, роҷеъ ба масъалаи мазкур баъд аз санҷиши гузаронидашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ба худи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи асоснок пешниҳод гардида буд, вале сарфи назар аз ин, аз ҷониби Палатаи ҳисоб асосу далелҳои зикрнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст.

Салоҳи кор ин аст, ки ҳолатҳои дар боло зикршуда, ки дар ягон санади санҷишии Палатаи ҳисоб расман ҳамчун зарари молиявӣ сабт нашудаанд, минбаъд дар изҳороту маълумотҳои расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда нашаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

04.06.2019
Вокуниш ба маводҳои хабарнигори “Азия-Плюс” Пайрав Чоршанбиев

Масъаларо бояд дуруст дарк кард

Дар маводҳои Пайрав Чоршамбиев таҳти унвони “Проценты по кредитам: Какие они должны быть в Таджикистане?» (31.05.2019) ва «Ставка рефинансирования в Таджикистане снижена до 13,25%» (31.05.2019, www.news.tj) сиёсати монетарӣ нодуруст шарҳ дода шуда, меъёри бозтамвил бо меъёри фоизӣ рабт дода шудааст. Аз ин рӯ, барои дарки мавзӯъ пеш аз ҳама бояд мақсади асосии меъёри бозтамвилро дарк намуд, ки меъёри бозтамвил чист ва бо кадом мақсад дар низоми бонкӣ татбиқ мегардад.

Фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳият ва мақсадҳои он ба татбиқи сиёсати монетарӣ яъне танзими ҳаҷми пул, танзим ва назорати низоми бонкӣ ва таъмини фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт равона шудааст.

Боиси зикр аст, ки меъёри бозтамвил фишанги сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, тибқи амалияи бонкҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаи вазъи макроиқтисодӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаҳон, хавфҳои таваррумӣ ва шокҳои минбаъда муайян гашта, барои маҳдудсозии омилҳои монетарӣ ба вазъи макроиқтисодӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Меъёри бозтамвил тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” меъёри фоизие мебошад, ки бо ин меъёр бонки марказӣ ба бонкҳо қарзро барои таъмини пардохтпазирии кутоҳмуддати ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод менамояд.

Татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ метавонад бо истифода аз фишангҳои гуногуни муосир, ки асоси онҳоро пешниҳоди қарзҳои муҳлаташон кутоҳмуддат дар бозори байнибонкӣ ва таҳким бахшидани бозори коғазҳои қиматнок дар бар мегирад, рушд ёбад ва баҳри таъмини устувории молиявӣ дар иқтисодиёт хизмат кунад.

Аз ин рӯ, “таъсири меъёри фоизи бозтамвил ба меъёри фоизи қарзҳои ташкилотҳои қарзӣ, ки дар маводҳои муаллиф дарҷ гардидааст, аз нигоҳи назария ва амалияи иқтисодӣ мантиқан дуруст нест, ки меъёри бозтамвилро бо меъёри фоизии ташкилотҳои қарзӣ рабт додааст. Дар баробари ин, бояд таъкид кард, ки мутобиқи моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” мақсади Бонки миллии Тоҷикистон ба даст овардани фоида намебошад ва ин фишанг (меъёри бозтамвил) на балки даромаднокии Бонки миллии Тоҷикистонро зиёд мекунад, баръакс бо роҳи аз муомилот гирифтани маблағҳои пулии зиёдатӣ тавассути барориши коғазҳои қиматнок хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистонро зиёд мекунад.

Ба ин васила, тайи ду соли охир ҷиҳати тақвият бахшидани таъсири меъёри бозтамвил ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва дастгирии ташкилотҳои қарзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон фишангҳои муосири доимомалкунандаро, аз ҷумла ҷалби пасандоз ва пешниҳоди қарзи шабонарӯзӣ (овернайт), қарзҳои рӯзона (интрадей) ва музоядаҳои қарзӣ (14 рӯза ва 28 рӯза) бо ҳудудҳои муайян ба меъёри бозтамвил алоқамандро татбиқ намуда истодааст, ки ин барои беҳтар намудани самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт мусоидат менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо мақсади таҳким бахшидани танзими бозори қарзӣ ва мусоидат намудани ба фазои сармоягузорӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ “Оид ба муайян кардани арзиши қарз” аз 24 октябри соли 2017 бо Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №238/фф таъсис дода шуда, айни замон кори худро фаъолона идома медиҳад.

Зимни фаъолияти худ, Гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати таҳлили арзиши қарз ва сиёсати фоизии ташкилотҳои қарзӣ, муайян намудани сабабҳои коҳишёбии қарзи бонкӣ ва монеаҳо барои вусъат бахшидани он таҳлилҳо гузаронид. Дар натиҷаи таҳлилҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати паст намудани хароҷотҳои дуюмдараҷа, кам намудани маржа, таҳлили бозори қарзӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ ва беҳтар кардани муносибату муошират бо муштариён ва дар ин замина тадриҷан коҳиш додани меъёри фоизи қарз бо дарназардошти арзиши захираҳо ва пешбурди фаъолияти бонкҳо тавсияҳо дода шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ барои таҳияи стратегияи фоизӣ бо дарназардошти таҳлили хавфҳои қарзӣ ва идоракунии самараноки пардохтпазирӣ кӯмак расонида истодааст. Дар стратегияи мазкур, маҷмӯи тадбирҳое пешниҳод шудааст, ки барои ба танзим даровардани муносибатҳои молиявии байни ташкилоти қарзӣ ва муштариён равона мегардад. Қайд кард муҳим аст, ки мақсади калидии сиёсати фоизӣ таъмин намудани суботи молиявии низоми бонкӣ мебошад.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва таҳқиқу нашри мақолаҳои иқтисодӣ, барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар бо ҷалби коршиносони хориҷӣ якчанд маротиба машғулиятҳои омӯзишӣ доир намуд, ки дар рафти чунин машғулиятҳо маълумот оид ба мафҳумҳои иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ, фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, меъёри бозтамвил, мақсаду таъсири он мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доштанд.

Мутаассифона, бо сабаби он ки сиёсати пулию қарзӣ як самти мураккаби низоми молиявӣ маҳсуб ёфта, барои мутахассисони соҳаҳои дигар, аз ҷумла рӯзноманигорон дарк кардани он мушкил аст, баъзан нашри матолиб дар ин хусус ва шарҳи нодуруст метавонад афкори нодурустро дар ҷомеа ба бор оварад, ки ин дар баъзе ҳолатҳо ҳатто метавонад барои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар кишвар таъсири манфии худро расонад.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон аз намояндагони воситаҳои ахбори омма хоҳиш менамояд, ки зимни таҳия ва нашри матолиби марбут ба бахшҳои алоҳидаи низоми бонкӣ ва сиёсати пулию қарзӣ аз машварату маслиҳати мутахассисони соҳа то ҳадди имкон бархӯрдор шуда, баъдан маводро ба хонанда ва бинанда пешниҳод намоянд. Мақсад аз вокуниши мазкур, пеш аз ҳама тақвият бахшидани робитаи бонк бо ҷомеа баҳри дуруст ва дар асоси воқеият таҳия ва ба ҷомеа пешниҳод намудани ин ё он мавод буда, баҳри пешгирӣ намудани таҳрифи иттилоотӣ ва ташаккул ёфтани афкори нодуруст дар ҷомеа равона гардидааст.

Шуъбаи матбуот

21.05.2019
Вокуниш ба мақолаи “Как владельцы терминалов делают на нас деньги”, ҳафтаномаи “Азия Плюс”, 2 майи соли 2019

Айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои манотиқи мухталифи кишвар зиёда аз 2200 адад терминалҳои худкори худхизматрасон барои пешниҳоди хизматрасонии қабули маблағҳо насб карда шудаанд.

Тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон, ки ба ташкилотҳои қарзӣ мансуб мебошанд, пардохти зиёда аз 200 намуд хизматрасониҳо, ба мисли пардохти ҳаққи хизмати алоқаи мобилӣ, Интернет, ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасониҳо имконпазир буда, роҳи осону қулай барои пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои гуногун мебошад. Терминалҳои мазкур, аз он ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар насб карда шуда, ба шаҳравандон роҳи алтернативии пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳоро бидуни ташриф овардан ба хазинаю нуқтаҳои хизматрасониҳои ширкатҳое, ки ба манфиати онҳо маблағҳо қабул карда мешаванд,имконият медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки истифода намудани терминалҳои худкори худхизматрасон, насби низомҳои муосири пардохтӣ ва роҳандозӣ намудани чунин хизматрасонӣ дар доираи фаъолияти иҷозатшудаи ташкилотҳои қарзӣ амалӣ гардида, барои пешниҳоди хизматрасонии мазкур ташкилотҳои қарзӣ метавонанд ҳаққи хизмат гиранд. Аммо, маврид ба зикр аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” барои пур кардани тавозуни симкортҳо гирифтани фоиз манъ карда шудааст. Бинобар ин, тибқи маълумоти дастрасшуда, тавассути терминалҳои худкори худхизматрасоне, ки бевосита ба ташкилотҳои қарзӣ марбут мебошанд, талаботи қарори мазкур риоя гардида, аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ барои пур кардани тавозуни симкортҳо аз аҳолӣ фоиз гирифта намешавад.

Бо мақсади васеъ намудани дастрасии аҳолии кишвар ба хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди хизматрасониҳои пардохтӣ, аз ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар, тибқи муқаррароти моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва бо дарназардошти “Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳо”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018, №51 тасдиқ карда шудааст, ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд барои анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродиро ба ҳайси агентҳои бонкии пардохтӣ ҷалб намоянд.

Айни замон, як қатор шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси шартнома бо ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ фаъолият намуда, тавассути терминалҳои худкори худхизматрасони худ ба аҳолӣ хизматрасонии қабули пардохтҳоро пешниҳод намуда истодаанд. Вале мутаассифона, дар фаъолияти як қатор агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ иҷро нагардидани талаботҳои дар қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии муқарраршуда ба назар мерасад, аз он ҷумла, ба муштарӣ пешниҳод нагардидани чек (расид) ҳангоми анҷом додани пардохт тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон ё бар хилофи талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 гирифтани фоиз ҳангоми пур кардани тавозуни симкортҳо ва ғайра.

Чуноне ки дар қонунгузорӣ муқаррар карда шудааст, дар мавриди роҳандозӣ намудани фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ ташкилоти қарзӣ уҳдадор аст, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, аз рӯи фаъолияти агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтии ҷалбкардааш пурра масъулият бар душ дошта бошад.

Чанде пеш, Бонки миллии Тоҷикистон бо мактуби худ аз 26 апрели соли 2019 ташкилотҳои қарзии молиявие, ки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро ҳамчун агенти бонкии пардохтӣ ҷалб намудаанд, вазифадор карда буд, ки тибқи талаботҳои қонунгузорӣ, қабули ҳама гуна пардохтҳоро тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон бо додани чеки хазина таъмин намоянд.

Ҳамзамон, дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудааст, ки бо дарназардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд дар асоси розигии муштарӣ барои тасдиқи амалиёти қабули пардохтҳо чеки хазинаро ба таври электронӣ пешниҳод намоянд.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ошкор шудани камбудиҳо вобаста ба пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла хизматрасонии қабули маблағҳо ва ҷалби агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ, нисбати ташкилотҳои қарзӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар қонун пешбинишударо татбиқ менамояд.

Шуъбаи матбуот


14.02.2019
Вокуниш ба маводи шикоятии сокини шаҳри Хуҷанд Абдураҳимов Абдувосит, ки дар рӯзномаи “Садои мардум” аз 14.02.2019с., №18 (3968) таҳти унвони “Дастгирӣ кардаму дар бало мондам”.

Тибқи ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 14 марти соли 2016 аризаи даъвогии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» бо асосҳои муфлисшавӣ қонеъ карда шуда, Ҷамъияти мазкур муфлис эътироф гардида дар он Ёров Г.М. мудири махсус таъин карда шуд.

Тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” аз лаҳзаи муфлис дониста шудани шахси ҳуқуқӣ баҳсҳои молу мулкӣ бо иштироки ин шахси ҳуқуқӣ ба сифати ҷавобгар, ба истиснои баҳсҳое, ки аз рӯи онҳо қарорҳо эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, қатъ мегарданд ва ҳама талабҳои молу мулкӣ нисбати ин шахси ҳуқуқӣ танҳо дар ҷараёни барҳамдиҳӣ пешниҳод шуда метавонанд.

Дар робита ба чунин муқаррароти қонун, Суди иқтисодии вилояти Суғд аризаи даъвогии директори ҶДММ «Челсӣ»-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.-ро бо ҷавобгарии Мудири махсуси ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ», ҳамҷавобгар - Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд ва шахси сеюм - Ҳомидов М.Ҳ. оид ба беэътибор донистани шартномаи кредитӣ таҳти №020/15/Т/А/1 аз 23 июни соли 2015, шартномаи гарав таҳти №7С-928\06 аз 26 июни соли 2015 ва иҷрошуда эътироф намудани уҳдадориҳои қарзиро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, онро моҳиятан баррасӣ ва аз натиҷааш 26 октябри соли 2017ҳалнома бароварда, талаботи даъворо пурра рад кард.

Ҳалномаи мазкур бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2018 бетағйир ва шикоят беқаноат монда шуд.

Бояд қайд кард, ки тибқи моддаи 270 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътирози назоратӣ дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ ба тариқи назоратӣ мумкин аст ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати шаш моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо пешниҳод гардад.

Новобаста аз он ки муҳлати шикоят аз болои ҳалнома ва қарори зикргардида гузаштааст, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъиноти худ аз 2 октябри соли 2018 парвандаро бо даъвои директори ҶДММ “Челсӣ” –и шаҳри Хуҷанд, ҳамҷавобгарии Мудири махсуси ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ”, Идораи нотариалии давалатии шаҳри Хуҷанд ва шахси сеюм Ҳомидов М.Х. оид ба беэътибор донистани шартномаи кредитӣ таҳти №020/15/Т/А/1 аз 23 июни соли 2015, шартномаи гарав таҳти №7С-928\06 аз 26 июни соли 2015 ва иҷрошуда эътироф намудани уҳдадориҳои қарзӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан дар Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Тибқи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 декабри соли 2019 шикояти назоратии директори ҶДММ “Челсӣ” –и шаҳри Хуҷанд қисман қонеъ карда шуда, ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 26 октябри соли 2017 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2018 аз рӯипарванда бо даъвои директори ҶДММ «Челсӣ»-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.А. бо ҷавобгарии Мудири махсуси ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ», ҳамҷавобгар - Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд ва шахси сеюм - Ҳомидов М.Ҳ. оид ба беэътибор донистани шартномаи кредитӣ таҳти №020/15/Т/А/1 аз 23 июни соли 2015, шартномаи гарав таҳти №7С-928\06 аз 26 июни соли 2015 ва иҷрошуда эътироф намудани уҳдадориҳои қарзӣ бекор карда шуда, парванда барои баррасии нав ба Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ҳайати дигар ирсол карда шуд.

Суди иқтисодии вилояти Суғд парвандаи мазкурро аз рӯи даъвои директори ҶДММ «Челсӣ»-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.А. бо ҷавобгарии Мудири махсуси ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ», ҳамҷавобгар - Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд ва шахси сеюм - Ҳомидов М.Ҳ. оид ба беэътибор донистани шартномаи кредитӣ таҳти №020/15/Т/А/1 аз 23 июни соли 2015, шартномаи гарав таҳти №7С-928\06 аз 26 июни соли 2015 ва иҷрошуда эътироф намудани уҳдадориҳои қарзӣ, моҳиятан баррасӣ намуда, аз натиҷааш 14 январи соли 2019 ҳалнома қабул карда, талаботи даъвои директори ҶДММ “Челсӣ”-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.А.-ро пурра рад кард.

Айни замон даъвогар директори ҶДММ “Челсӣ”-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.А. бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 14 январи соли 2019 розӣ нашуда, нисбати ҳалномаи мазкур ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ пешниҳод намудааст.

Директори ҶДММ “Челсӣ”-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.А. суиистифодаро давом дода истода, мехоҳад бо ҳар роҳу восита ва бемузд амволи гаравро, ки аллакай аз ҷониби Мудири махсуси ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ”-и шаҳри Хуҷанд фурӯхта, маблағи он ба 69 нафар қарздеҳон (пасандоздорон) пардохт шудааст, ба даст орад.

Чунин сурат гирифтани ҳолати кор боиси нигаронӣ аст. Зеро баъди ба қувваи қонунӣ даромадани санадҳои судии зикршуда амволи ба гарав гузошташуда-иншооти воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кўчаи Соҳилӣ (Сирдарё) аз ҷониби Мудири махсус 26 феврали соли 2018 бо арзиши 944 114,50 сомонӣ ба амонатгузори ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ” Абдураҳимов Абдувосид Эшбоевич фурӯхта шуда, маблағи аз фурӯши амволи мазкур ба дастовардашуда ба 69 нафар пасандоздорон пардохта шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки дар асоси шартномаи кредитии таҳти №020/15/Т/А/1 аз 23 июни соли 2015 директори ҶДММ «Челсӣ» Бобоҷонов С.А. аз ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» ба андозаи 50 000 (панҷоҳ ҳазор) доллари ИМА ба мўҳлати 6 моҳ, яъне то 31 декабри соли 2015 бо 12% солона маблағи пулӣ қарз гирифтааст, ки ҳолати мазкурро номбурда рад накардааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадориҳои шартномаи мазкур қарзгиранда-Бобоҷонов С.А. дар асоси шартнома аз 26 июни соли 2015, ки дар Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд дар феҳрасти таҳти №7С-928\06 ба қайд гирифта шудааст, иншооти дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кўчаи Соҳилӣ (Сирдарё) воқеъ бударо, ки соҳибмулки он буд, ба гарав гузоштааст.

Ҳангоми ба гарав гузоштани амволи баҳсӣ ҳатто розигии ҳамсари Бобоҷонов С.А.-Бобоҷонова Малоҳат Ҷумъаевна барои бастани аҳд гирифта шудааст.

Тибқи шартномаи гарав аз 24 июни соли 2015, №2Г-176 арзиши амволи ба гарав гузошташуда воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Соҳилӣ (Сирдарё) дар асоси санади ташхис ва мувофиқакунии нархи моликияти ғайриманқул аз ҷониби худи тарафҳо ба маблағи 130 000 доллари ИМА, ки аз рӯи ҳамарзиши қурби асъори расмии Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи 23 июни соли 2015 (1 доллари ИМА = 6,2602) ба 813 826 сомонӣ баробар буд, муқаррар шудааст.

Баъдан дар раванди барҳамдиҳии ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ” тибқи шартномаи хуриду фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда аз 26 феврали соли 2018, аз ҷониби Мудири махсуси Ташкилоти амволи зикргардида ба маблағи 944 114,50 фурӯхта шудааст, ки нисбат ба арзиши дар шартномаи гарав аз 24 июни соли 2015, №2Г-176 пешбинишуда ба маблағи 130 288,5 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳарчандки қарздор оид ба иҷрошуда эътироф намудани уҳдадориҳои қарзӣ даъво менамояд, дарқабати парванда ягон ҳуҷҷат ё хулосаи ташхиси судӣ муҳосибавие, ки ҳангоми додани қарз дар тавозуни ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» набудани маблағи пулиро тасдиқ намояд ва ё расиди пардохти маблағ ҷой надорад. Аз ин лиҳоз, даъвогар бо ин ҳама ваҷҳҳои бофта ва гумроҳкунанда, бе ҳуҷҷатҳои исботкунанда мақсади муфт соҳиб шудан ба амволро дорад.

07.02.2019
Вокуниш ба маводи танқидии хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Зокир Ҳасан, аз 07.02.2019, №29(23632) таҳти унвони “Қарз. Нигаронӣ аз фоизҳои баланд”.

Пеш аз ҳама қайд кардан лозим аст, ки муҳтавои мавод асосан доир ба фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар вилояти Хатлон омода карда шудааст ва дар ин робита маводро унвони “Қарз. Нигаронӣ аз фоизҳои баланд” додан мантиқан дуруст нест.

Илова бар ин, вобаста ба қарзу фоизҳои баланд ба ғайр аз як ҷумла ягон факту рақамҳои дигар ҷой надорад.

Бояд қайд намуд, ки идома ёфтани буҳрони геосиёсӣ-иқтисодӣ ва ноустувор гардидани вазъи молиявӣ дар ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ, ба соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба низоми бонкӣ низ таъсири манфӣ расонид, ки айни замон ин боиси коста шудани имкониятҳои қарзбаргардонии муштариён, афзоиши сатҳи қарзҳои барнагаштаи бонкҳо ва нисбатан кам шудани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо гардид.

Ин ҳолат аз як тараф имконияти пешниҳоди қарзҳоро аз ҷониби низоми бонкӣ ба иқтисодиёт коҳиш дода, аз тарафи дигар бошад, барои паст кардани фоизҳои қарз мушкилиҳои зиёд овард.

Ба ин нигоҳ накарда, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, ба ташкилотҳои қарзӣ мактуб фиристода онҳоро водор намуд, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва афзун намудани ҳаҷми қарзҳо ба муштариёни боэътимод, аз ҷумла додани қарзҳои хурди дорои фоизи паст ба соҳибкорон аз рӯи имкониятҳои мавҷуда мусоидат намоянд.

Инчунин, барои аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ, аз қабили дархости ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ, ки ҷамъоварии онҳо барои муштариён вақти зиёдро талаб менамояд, сода кардани тартиби додани қарз бо назардошти ба инобат гирифтани хавфҳои бонкӣ тавсияҳои судманд дода шуд.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи паст кардани меъёри фоизи қарзҳо, дар Бонки миллӣ Гурӯҳи корӣ оид ба муайян кардани арзиши аслии қарз таъсис гардид ва дар ин самт таҳлилҳои амиқ гузаронида шуда, дар бобати паст кардани фоизи қарзҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дастурҳои мушаххас, аз қабили кам кардани хароҷоти ғайрисамаранок, идоракунии дурусти маблағҳои озод, ҷалби сармояи арзон, сода кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ дода шуданд.

Мавриди қайд аст, ки меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ дар охири моҳи апрели соли 2019 15,6 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 ба 1,8 банди фоиз паст мебошад. Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар охири моҳи апрели соли 2019 25,5 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (28,8 фоиз) ба 3,3 банди фоизӣ кам шудааст. Вале ҳолати мазкур ҳоло ҳам қаноаткунанда набуда, Бонки миллии Тоҷикистон дар самти мазкур якҷоя бо ташкилотҳои қарзӣ барои ноил гардидан ба мақсади гузошташуда корҳои заруриро идома медиҳад.

15.01.2019
Раддия ба маводи Радиои “Озоди” аз 08.01.2019, Муллораҷаб Юсуфӣ: “Хуршед Носиров: "Ҳадаф сиёҳ кардани раҳбарияти "Эсхата" буд

Бонки миллии Тоҷикистон роҷеъ ба мусоҳибаи собиқ Раиси ҶСК “Бонки Эсхата” Носиров Хуршед бо хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар маводи нашршуда, аз 08 январи соли 2019, муаллифаш Муллораҷаб Юсуфӣ, бо сарлавҳаи “Хуршед Носиров: "Ҳадаф сиёҳ кардани раҳбарияти "Эсхата"буд" https://www.ozodi.org/a/interview-with-khurshed-nosirov-former-head-of-bank-of-eskhata/29697705.html иттилоъ медиҳад:

Дар робита ба он ки муаллиф чунин дарҷ кардааст: «Носиров иттиҳоми пулшӯӣ дар замони роҳбариаш дар Бонки Эсхатаро "баҳона"-е беш надонист ва гуфт, "суд баргузор шуд, вале на маводи мухаддир баромад, на балои дигар. Фақат номи моро сиёҳ карданд. Кор бе камбуд намешавад, аммо ҳар камбуд сатҳу меъёр дорад."

Бояд хотирнишон намуд, ки моҳҳои октябр - ноябри соли 2017 аз ҷониби санҷишгарони Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи санҷиши ҳамаҷонибаи фаъолияти ҶСК “Бонки Эсхата” як қатор камбудиҳои ҷиддӣ, ки бештари онҳо характери доимо-такроршаванда дошт, ошкор гардиданд. Аз ҷумла, иҷрои талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, пурра ба роҳ монда нашуда, кормандони бонки мазкур дар ҳаммаслакӣ бо шахсони ҷиноятпеша маблағҳои воридгардидаро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба дигар шахсон пешниҳод менамуданд.

Дар натиҷаи баррасии ҳолатҳои зикршуда аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чор нафар корманди бонки мазкур бо дастрасии моддаҳои 295 қисми 1 ва 340 қисми 2 бандҳои “а”, “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст http://avesta.tj/2018/07/20/glava-akn-tadzhikistana-soobshhil-o-zaderzhanii-narkobaronov-kotorye-vorotili-millionami/

Вобаста ба ин, аз ҷониби мақомоти судӣ нисбат ба се нафари онҳо барои содир намудани ҷиноят бо моддаҳои болозикр ҷавобгарии ҷиноятӣ татбиқ гардида, як нафари онҳо бошад, бинобар саркашӣ намудан аз тафтишот, расман дар кофтуков қарор дорад.

Илова бар ин, дар мактубҳои ҶСК “Бонки Эсхата” дарҷ гардидааст, ки аз ҷониби аудити дохилии бонк дар филиали он дар ноҳияи Ёвон санҷиши иловагӣ–гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаи санҷиш директори филиал ва сардори шуъбаи тиҷорати чакана аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

Дар баробари ин, дар мактубҳои болозикр дарҷ гардидааст, ки барои ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додан ва дағалона вайрон намудани талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ 8 нафар корманд, аз қабили сардорони марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва амалиётгар/нозирон аз вазифаҳояшон барканор карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки зиёда аз ин дар рафти санҷиши ҳамаҷонибаи фаъолияти ҶСК “Бонки Эсхата” (соли 2017) як қатор камбудиҳои дигари ҷиддӣ низ дар самти анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ, идоракунии корпоративӣ, фаъолияти низоми назорати дохилӣ, идорасозии хавфҳо ва риоя нагардидани баъзе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон такроран ошкор гардида буданд.

Бо дарназардошти далелҳои овардашуда, бори дигар ба муаллифи мақола Муллораҷаб Юсуфӣ (Радиои Озодӣ) ва худи Хуршед Носиров, собиқ Раиси Раёсати ҶСК “Бонки Эсхата” иттилоъ медиҳем, ки Бонки миллии Тоҷикистон танҳо аз рӯи камбудиҳои ҷойдошта, ки дар фаъолияти ин бонк ошкор гардиданд (бе ғаразе нисбат ба роҳбарияти собиқи бонк), тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешид.

Новобаста аз таҷрибаи чандинсолаи собиқ Раиси ҶСК “Бонки Эсхата” (Х.Носиров), ӯ натавонист этика ва маданияти идоракунии корпоративиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла фаъолиятро дар низоми назорати дохилӣ ва идорасозии хавфҳо дуруст ба роҳ монад.

Боиси тазаккур аст, ки пас андешидани тадбирҳо, аз қабили иваз шудани аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарияти бонк камбудиҳои ошкоршуда аз ҷониби роҳбарияти амалкунанда бартараф карда шуда, вазъи бонк беҳтар шуда истодааст, ки ҳисоботи ҶСК “Бонки Эсхата” оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2018 аз беҳбудиҳо дар самти ҷалби муштариён, зиёд шудани сандуқи қарзӣ, даромаднокии бонк, инчунин татбиқи бомуваффақи лоиҳаҳои иҷтимоӣ худ тасдиқи ин гуфтаҳост http://eskhata.com/about/news/4005/

09.01.2019
Вокуниш ба мақолаи хабарнигори ҳафтаномаи “Азия Плюс” Пайрав Чоршанбиев, аз 28.12.с.2018 ”Рубль заметно обесценили по отношению к таджикской валюте.

Национальный банк Таджикистана, рассмотрев статью «Рубль заметно обесценили по отношению к таджикской валюте» корреспондента еженедельника «Азиа Плюс» ПайраваЧоршанбиева от 28.12.2018г., отмечает следующее.

Само название статьи говорит о том, что Чоршанбиев, в очередной раз подаёт информацию о валютном рынке, не вникая во все его подробности и не зная существующие правила и положения, касающиеся установления валютного курса, утверждая, что курс российского рубля в период с 13 по 28 декабря месяца 2018 года был искусственно обесценен.

Своё утверждение он подкрепляет доводом о том, что якобы в этот период не было никаких резких изменений курса российского рубля и сомони к доллару США, что не соответствует действительности.

Доводим до сведения Чоршамбиева, что в соответствии с положениями Инструкции №228 «О порядке определения и объявления официального курса национальной валюты по отношению к иностранным валютам» курс российского рубля по отношению к сомони рассчитывается в соответствии с правилами кросс-курса, исходя из соотношения его курса и курса сомони по отношению к доллару США. В этом процессе Национальный банк Таджикистана никоим образом не может искусственно снижать или повышать курс российского рубля по отношению к сомони, так как он напрямую зависит от изменения курса рубля по отношению к доллару США.

По отношению к другим фактам, приведённым Чоршанбиевым, отмечаем, что курс российского рубля по отношению к доллару США в декабре месяце снизился на 4,4% (в ноябре месяце на 1,4%), в том числе, в период с 13 по 28 декабря 2018 года он снизился на 4,6% и такие изменения журналист посчитал несущественными и незначительными. Далее журналист пишет о том, что 28 декабря 2018 года курс доллара США к российскому рублю упал на 1 копейку, но не пишет о том, что начиная с 22 по 27 декабря 2018 года, курс доллара США укрепился на 88 копеек.      

Курс российского рубля по отношению к сомони в декабре месяце 2018 года соответственно снизился на 3,6% (в ноябре на 1,2%), в том числе за период с 13 по 28 декабря он снизился на 4,3%, что соответствует изменениям его курса к доллару США.

Данные цифры указывают на прямую связь курса рубля по отношению к сомони к изменению его курса по отношению к доллару США и показывают недобросовестное, непрофессиональное отношение Чоршанбиева к подаче материала и его неуважение к читателям.

Шуъбаи матбуоти БМТ

09.11.2018
Опровержение к статье журналиста “Азия-Плюс”, Пайрава Чоршанбиева

Национальный банк Таджикистана, ознакомившись со статьей журналиста “Asia Plus” Пайрава Чоршанбиева, размещенной на сайте news.tj https://news.tj/ru/news/tajikistan/economic/20181022/tadzhikskim-bankiram-obyasnyat-komu-mozhno-doveryat-dengi  22 октября 2018 года, сообщает следующее.

Согласно статье: «…суммарный объем просроченных кредитов на начало сентября этого года составил около 2 млрд. сомони (свыше $210 млн.). Это почти на 100 млн. сомони больше размера неактивных кредитов на начало апреля нынешнего года.». Необходимо отметить, что просроченные кредиты – это кредиты, выплаты основной суммы и (или) процентов по которым просрочены более чем на 1 день. Необслуживаемые (неактивные) кредиты, в свою очередь, это кредиты, классифицированные не только по срокам погашения (более 30 дней), но и по финансовому состоянию клиентов. В связи с этим, нужно четко различать эти два термина.

Учитывая, что в статье речь идет о необслуживаемых (неактивных) кредитах, надо отметить, что сумма этих кредитов на начало сентября 2018 года составляла 2 715,7 млн. сомони и по сравнению с началом апреля этого года (2 722,8 млн. сомони), уменьшилась на 7,1 млн. сомони, а по сравнению с началом сентября прошлого года (3 849,8 млн. сомони) уменьшилась на 1 134,1 млн. сомони.

Отдел прессы

25.08.2018
Вокуниш ба маводҳои рӯзномаи “Садои мардум”

Дар рӯзномаи “Садои мардум” мақолаҳои “Тоҷирон ба Хитой доллар нею рубл баранд” (№48(3842) аз 19.04.с.2018)ва “Кадом омилҳо боиси болоравии қурби доллар гардиданд?”(№104(3898) аз 25.08.с.2018) рӯзноманигор Сайфиддин Суннатӣ мушкилоти норасоии асъори нақди хориҷӣ, бахусус доллари ИМА-и нақдро дар мисоли муносибатҳои тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва истифодаи рубли русиро дар муносибатҳои тиҷоратӣ бо Федератсияи Русия таҳлил намудааст.

Ба андешаи рӯзноманигор яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти норасоии доллари ИМА-и нақд дар бозори дохилии ҷумҳурӣ метавонад истифодаи рубли русии нақд барои хариди молу мавод аз Хитой аз ҷониби шахсони воқеӣ – воридкунандагон бошад.

Айни замон, ин пешниҳоди худро муаллиф бо он асоснок менамояд, ки Хитой бузургтарин шарики тиҷоратии Русия буда, ҳаҷми савдои байни онҳо сол ба сол афзуда истодааст ва як қисми ҳисоббаробаркуниҳои байни ин ду давлат бо юани хитоӣ ва рубли русӣ анҷом дода мешавад.

Аз ин рӯ, тоҷирони тоҷик низ метавонанд ба ҷои доллари ИМА-и нақд барои харидории молу мавод рубли русиро ба Хитой баранд, чунки дастрасӣ ба рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА дида осонтар аст.

Бонки миллии Тоҷикистон маҳдуд кардани истифодаи истисноии доллари ИМА-ро дар савдои хориҷии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла бо истифода аз механизми ҳисоббаробариҳо бо асъорҳои миллӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Дар баробари ин, қайд намудан зарур аст, ки аз соли 1993 инҷониб кушишҳои зиёди ташкил кардани низоми пардохтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои дутарафа ва ё бисёртарафа бо истифода аз асъорҳои миллӣ аз ҷониби давлатҳои собиқ шуравӣ дар ҳайати ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёи (ЕврАзЭс) бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

Чунин ҳолат ба мавҷуд будани сабабу омилҳо ва монеъаҳои зиёди сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, пулию-қарзӣ, тиҷоратӣ ва равонӣ, инчунин ҷой доштани мухолифати манфиатҳо дар байни давлатҳои алоҳида вобастагӣ дорад.

Бо рубли русии нақд хариди молу мавод аз Хитой аз ҷониби тоҷикон ғайриимкон аст, зеро рубли русӣ асъори озод мубодилашаванда (захиравӣ) набуда, хитоиҳо онро дар ҳисоббаробариҳо бо тарафи сеюм истифода намебаранд ва он ҳамчун воситаи муомилот танҳо дар савдои наздисарҳадии байни Русия ва Хитой истифода мегардад.

Асъорҳои миллии нақд, дар савдои наздисарҳадии байни ТоҷикистонуӮзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон истифода гашта, бинобар хусусиятҳои хоси географӣ ва мавҷуд набудани шароити ташкили савдои наздисарҳадӣ бо Хитой, истифода бурда намешаванд.

Қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ мафҳуми иқтисодӣ хело ҳам мураккаб буда, тағйирёбии он зери таъсири омилҳои зиёди сиёсию иқтисодӣ, дохилию берунӣ ва равонӣ ба амал меояд.  

Тағйирёбии қурби пули миллӣ дар соли 2018 дар маҷмуъ муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,9 фоиз коҳиш ёфтааст (дар соли 2017 коҳишёбӣ ба 12,0 фоиз баробар буд).

Коҳишёбии қурби пули миллӣ дар ин сол ба омилҳои зерин алоқамандӣ дошт:

1. Таъсири омили мавсимӣ ба талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор вобаста ба хусусиятҳои хоси фаъолияти низоми савдои хориҷии ҷумҳурӣ.

2. Ҷой доштан ва тамоюли зиёдшавии бақияи манфии тавозуни савдои ҷумҳурӣ (зиёд будани ҳаҷми воридот аз содирот).

3. Зиёд шудани ҳаҷми хароҷоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асъори хориҷӣ, аз ҷумла барои пардохти қарзҳои беруна ва маблағгузории иншоотҳои муҳими стратегӣ.

4. Коҳишёбии аз эътидол беруни қурби рубли русӣ, бахусус дарнимсолаи аввал ва охири соли 2018.

5. Баландшавии қурби доллари ИМА нисбати асъорҳои миллӣ вобаста ба сиёсати Низоми захиравии федералии ИМА.

6. Вазъи номусоид ва ноустувории геосиёсии иқтисодӣ дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёт ва асъори миллии кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ.

Зери таъсири омили мазкур дар соли 2018 қурби асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА ноустувор гашта, коҳиш ёфтаанд. Аз ҷумла, қурби лираи Туркия – 40,0 фоиз, рубли Федератсияи Русия – 20,6 фоиз, тангаи Қазоқистон – 15,6 фоиз, рубли Беларус – 9,5 фоиз ва юани Чин - 5,8 фоиз коҳиш ёфтаанд.

19.06.2018
Вокуниш: “Барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ оё роҳи ҳалли масъала аст?”, “Садои мардум”№75 (3869) 19.06.2018

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳдории суботи низоми бонкӣ, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ метавонад ҳар гуна чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасониро ҳангоми муайян намудани камбудиҳо дар фаъолияти ҷорӣ аз рӯи дараҷаи хавфҳо мавҷудбуда муқаррар намояд.

Бояд қайд кард, ки чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррарнамуда сатҳи гуногунро доро буда, пеш аз барҳам додани ташкилоти қарзӣ чораҳои батанзимдарориро бо роҳи солимгардонӣ меандешад.

Баъдан, ҳангоми муайян намудани давомдиҳии ҳолати риоя накардани талаботҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла муайян намудани амалияи носолиму хатарноки бонкӣ, ки ба субот ва устувории ташкилоти қарзии молиявӣ ва ё низоми бонкӣ хавф дорад ё ба манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ таҳдид менамояд, метавонад иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявиро бозхонд намуда, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” раванди барҳамдиҳии онро оғоз намояд.

Мавриди қайд аст, ки ташкилоти қарзӣ ҳангоми ғайри қобили пардохт буданаш муфлис эътироф мешавад, агар муайян карда шавад, ки он ҳангоми фаро расидани муҳлати пардохт талаботи қонунии қарздеҳонро оид ба пардохти қарз ва иҷрои дигар уҳдадориҳо қонеъ карда натавонад ё рад намояд, сармояаш камтар аз 25 фоизи талаботи меъёрии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон бошад ё ки уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ аз дороиҳои он зиёд бошад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо 79 адад ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 адад бонк, 62 адад ташкилотҳои маблағгузории хурд ва 1724 адад воҳидҳои сохторӣ ҳадафи вобаста ба дастгирӣ ва рушди бахши воқеии кишвар, хусусан бахши соҳибкорӣ якчанд чораҳои зарурӣ аз қабили васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба маблағгузорӣ, паст кардани фоизи қарз, ривоҷ додани гардиши маблағҳои ғайринақдӣ, пурзур намудани ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунадагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ғайра андешида истодааст.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки мақсади фаъолияти асосии ташкилотҳои қарзӣ гирифтани фоида буда, онҳо дар доираи қонунгузории соҳавӣ ҳуқуқи гузаронидани амалиётҳои бонкиро доро мебошанд.

Дар натиҷаи ислоҳоти гузариши низоми бонкӣ аз миқдор ба сифат аз соли 2014 то инҷониб бинобар ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ набудани сармоя, дар натиҷаи ҳамроҳшавӣ, иҷро карда натавонистани талаботи хадди ақалли сармояи муқарраршуда ва дигар ҳолатҳо дар қонун пешбинӣ шуда иҷозатномаи 62 адад ташкилотҳои қарзӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ бозхонд карда шуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба суд ариза пешниҳод карда шуданд. Тибқи санади дахлдори суд мурофиаи барҳамдиҳӣ дар онҳо оғоз гардид.

Бояд қайд намуд, ки қисми зиёди ташкилотҳои қарзии барҳамхӯрда ин ташкилотҳои маблағгузории хурд ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар низоми бонкӣ хело ночиз буд ва барҳамхӯрии ин ташкилотҳо ба низоми бонкӣ таъсир нарасонид. Ҳамин тариқ, дар санаи 30.04.с.2019 ҳисссаи дороиҳои ташкилотҳои маблағгузории хурди барҳамхӯрда дар низоми бонкӣ ба 0,66%, ҳиссаи сандуқи қарзӣ ба 0,72% ва шумораи кормандон ба 1,7% баробар мебошад. Дар баробари ин, бояд тазаккур дод, ки хизматрасонии ин ташкилотҳо ба муштариён дар сатҳи бениҳоят паст қарор дошта, дар фаъолияти ин ташкилотҳо камбудиҳо ва норасоиҳои ҷиддӣ ҷой доштанд. Инчунин, аз ҷониби ташкилотҳои мазкур барои бартараф намудани камбудиҳо ва зиёд намудани сармояи оинномавии худ тибқи талаботи муқарраргардида сари вақт чораҳои зарурӣ андешида намешуданд.

Аз ин бар меояд, ки барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ танҳо роҳи ҳалли масъала набуда, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади   нигоҳдории суботи низоми бонкӣ, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон тамоми роҳҳои батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявиро меандешад, ки ҳамаи ин дар доираи талаботи қонунгузорӣ амалӣ мешавад.

18.05.2018
Посух ба маводи таҳлилии рӯзномаи “Садои мардум” аз 3 марти соли 2018

Қайд намудан зарур аст, ки ба таври ғайринақдӣ анҷомдодани ҳисоббаробаркуниҳо ҳангоми хариди молу хизматрасониҳо муомилоти пулии муассисаҳои савдою хизматрасониро шаффоф мегардонад. Яъне, дар мавриди ба таври ғайринақдӣ анҷомдодани ҳисоббаробаркуниҳо пинҳон намудани амалиётҳои пулии муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ғайриимкон мегардад. Бинобар ин, як қисми соҳибкорон (муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ) бо сабаби набудани имтиёзҳои андозӣ ҳангоми гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, барои нишондодани муомилоти пулӣ ва даромадҳои аслии худ ҳавасманд набуда, ҳисоббаробаркуниҳоро танҳо ба таври нақдӣ анҷом медиҳанд.

Дар ин маврид, зиёд будани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ дар муомилоти пулӣ мутаносибан ҳиссаи иқтисодиёти пинҳониро афзоиш дода, ҷараёнҳои молиявиро ношаффоф мегардонад ва воридшавии маблағҳои андозиро ба буҷети давлат коҳиш медиҳад. Аз тарафи дигар омили мазкур фишорҳои таваррумӣ ва қурбиро афзун менамояд ва босамар татбиқ гардидани сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлатро мушкил месозад.

Дар баробари муқаррар намудани муҷозот нисбати соҳибкорон ҳангоми саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани қабули кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо тибқи моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин чораҳои ҳавасмандгардонии соҳибкорон барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба намуди сабукиҳои андозбандӣ низ зарур мебошад.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди назар намудани сиёсати андозӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳои андозӣ барои ҳавасмандгардонии соҳибкорон ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”-ро таҳия намуда, ба баррасии аъзоёни Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи байниидоравӣ дар назди Вазорати молия оид ба омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Бо вуҷуди он, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” ташкилотҳои қарзӣ теъдоди терминалҳои электрониро дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ зиёд намуда истода бошанд ҳам, аммо бо сабабҳои дар боло зикргардида ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор дорад. Қобили қайд аст, ки дар давоми чор моҳи соли 2018 шумораи терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 422 адад зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 2366 адад расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 маротиба афзоиш ёфтааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки соҳибкорон терминалҳои электрониро танҳо барои канора ҷустан аз муҷозоти дар моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарргардида насб менамоянд, аммо ба дорандагони кортҳои пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани молу хизматрасониҳоро бо баҳонаҳои гуногун рад менамоянд. Аз ин сабаб, теъдоди зиёди терминалҳои электронии дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насбгардида бо айби соҳибкорон ғайрифаъол мебошанд.

Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 17 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда 1 720 636 ададро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ-апрели соли 2018 ҳаҷми умумии амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ 3,1 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 30,7 фоиз зиёд гардидааст. Инчунин, дар ин давра ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтӣ 135,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 30 фоиз зиёд мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон тибқи ваколатҳои худ аз ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати саривақт таъмин кардани соҳибкорон бо терминалҳои электронӣ, аз он ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар ва барои таъмини фаъолияти мунтазами онҳо андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд. Айни замон, дар анборҳои ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз 1100 адад терминалҳои электронӣ захира гардидаанд ва барои насб кардан омода мебошанд. Дар баробари муроҷиат кардани соҳибкор ба ташкилотҳои қарзӣ бо ӯ шартнома баста шуда, терминали электронӣ дар муддати кӯтоҳтарин дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

08.05.2018
Изменения в Инструкцию 204 касались лишь суммы денежных переводов, которые можно отправлять (получать) без представления подтверждающих документов

В средствах массовой информации, в частности в ИА “Азия-Плюс» вышла статья под заглавием «Таджикистанцам запретили отправлять деньги иностранцам» (автор Пайрав Чоршамбиев, 07.05.2018), где говориться, что «нововведения Национального банка Таджикистана в нормативно-правовые акты по денежным переводам привели к определенным проблемам для некоторых граждан республики», связывая этот факт с последними поправками в Инструкцию 204 «О порядке осуществления переводных операций физическими лицами без открытия банковских счетов” Национального банка Таджикистана.

К сожалению, подобные публикации приводят к заблуждению читателей, а также пользователей услуг банковского и финансового сектора. Недопонимание, которое произошло из-за неккоректности сотрудника финансового института, который не смог правильно разъяснить ситуацию клиенту, сразу же ссылаясь на поправки в инструкцию, автор статьи должен правильно и достоверно разъяснить ситуацию, включив комментарии Национального банка Таджикистана, и после этого публиковать статью.

Однако, как часто это происходит, корреспонденты информагентства «Азия-плюс», часто обращаются по тем или иным вопросам в Национальный банк Таджикистана, но не дождавшись официального ответа, на следующий день уже публикуют свой материал без разъяснения специалистов. Ситуация такова, что якобы они «поставили в известность о том, что будет статья на такую тему» .

В этой связи, убедительно просим впредь не допускать таких ошибок, поскольку неправильная и недостоверная информация, появившаяся в средствах массовой информации, может негативно повлиять на общественное мнение и в частности носит характер репутационного риска.

Далее наши комментарии по поводу поправок в Инструкцию №204 «О порядке осуществления переводных операций физическими лицами без открытия банковских счетов”:

Утверждение автора никоим образом не соответствует действительности и вводит в заблуждение читателей, так как Национальный банк Таджикистана не вводил никакие запреты на подобные переводы денежных средств.

Последние изменения и дополнения, внесённые Национальным банком Таджикистана, не затронули основные положения, порядок и правила, действующей с 2001 года («Порядок осуществления переводов иностранной валюты из Республики Таджикистан и в Республику Таджикистан без открытия текущих валютных счетов”, 19.10.1999, утвержденное Постановлением Правления НБТ) системы денежных переводов без открытия банковского счёта. Все внесённые впоследствии изменения касались лишь суммы денежных переводов, которые можно отправлять (получать) без представления подтверждающих документов.

Корреспондент, основывает свои выводы и заключения на обращении некой гражданки Татьяны Ивановой, которая утверждает со слов сотрудника кредитной организации, занимающейся денежными переводами, что якобы Национальный банк Таджикистана запретил гражданам республики осуществлять переводы денег иностранцам.

При переводе без открытия банковского счёта, единственным требованием является то, что эти денежные средства должны иметь исключительно неторговый, социально значимый характер и назначение. К неторговым и социально значимым денежным средствам, которые наши граждане могут перевести за рубеж без открытия банковского счёта, отнесены также переводы средств пособий и помощь резидентам Республики Таджикистан.

Считаем, что подобный подход и поспешное отношение корреспондента к столь важному и чувствительному вопросу являются неприемлемыми, так как заголовок и содержание статьи искажают существующие и применяющиеся годами (с 2001 года) правила и порядок осуществления переводов денежных средств.

Корреспондент для подтверждения данной информации мог хотя бы заглянуть на официальный сайт Национального банка Таджикистана, где размещен текст нормативно-правового акта, определяющего правила и порядок осуществления денежных переводов.

В связи с этим, считаем необходимым привести установленный Инструкцией №204 “О порядке осуществления переводных операций физическими лицами без открытия банковских счетов” (утв. постановлен. Правления НБТ от 26.12.2013 г., №314) с учётом последних изменений и дополнений, перечень назначений, по которому граждане Республики Таджикистан могут перевести за рубеж денежные средства в иностранной валюте, без открытия банковского счёта:

- частный перевод из Республики Таджикистан для удовлетворения своих текущих нужд за рубежом ограниченных сумм в валюте (сумме эквивалентной до 1’750 показателей для расчётов);

- сумм пособий или же помощи резидентам Республики Таджикистан в сумме, эквивалентной до 1’750 показателей для расчётов.

Без ограничений сумм, на основе подтверждающих документов:

- сумм заработной платы и пенсий;
- в счет оплаты учебы и лечения физических лиц. При этом оплату могут осуществлять любые резиденты (физические и юридические лица), в том числе не принявшие на себя услуги по обучению и лечению;
- в счет оплаты подписок на иностранные периодические издания;
- в счёт оплаты вступительных и членских взносов в пользу международных неправительственных организаций, являющихся нерезидентами;
- в счёт оплаты алиментов, государственных пособий, доплат и компенсаций, сумм выплачиваемых на основании судебных актов и актов других правомочных органов, наследственных сумм и сумм, полученных от реализации наследованного имущества, а также платежей по возмещению расходов судебных, нотариальных и иных органов (в том числе оплата налогов, сборов, пошлин и иных обязательных платежей за выполнение указанными органами своих функций) в соответствии с законодательством иностранных государств;
- организаторам международных симпозиумов, конференций, других международных встреч, а также международных выставок, ярмарок, спортивных соревнований, иных культурных мероприятий, проходящих на территории иностранных государств с участием резидентов в указанных мероприятий;
- в счет оплаты страховых взносов (страховых премий) страховщиков - нерезидентов независимо от страхуемого интереса и оплаты страховых средств (страхового возмещения) с учетом требований законодательства Республики Таджикистан о страховании;
- нерезидентам, основная деятельность которых связана с реализацией физическим лицам за пределами Республики Таджикистан товаров в розничной торговле (выполнение работ, оказание потребительских услуг) в счет оплаты приобретаемых у указанных нерезидентов за пределами Республики Таджикистан товаров (работ, услуг).

Текст Инструкции №204 “О порядке осуществления переводных операций физическими лицами без открытия банковских счетов” доступен на официальном сайте Национального банка Таджикистана (www.nbt.tj) по ссылке «Нормативно-правовые акты».

Национальный банк Таджикистана надеется, что корреспонденты Информагентства «Азии-Плюс» в том числе Пайрав Чоршамбиев, и представители СМИ, дублирующие материалы «Азии-Плюс», впредь будут принимать во внимание и полностью отражать установленные нормативно-правовыми актами правила и порядок осуществления тех или иных банковских операций, официальную позицию и ответы уполномоченного органа и не будут делать скоропалительные, необоснованные выводы и заключения, которые не соответствуют действительности и могут дестабилизировать ситуацию и нанести репутационные убытки республике.

Отдел прессы

15.03.2018
“Омилҳои таъсиррасон ба нарх дар бозори мол ва кору хизматрасонӣ кадоманд?”, “Садои мардум” №34 (3828), 15.03.2018

Дар моҳи марти соли 2019 дар натиҷаи ба мувозинат омадани сатҳи талаботу пешниҳодот дар бозори истеъмолии кишвар, татбиқи сиёсати зиддитаваррумӣ, аз ҷумла истифодаи фишангҳои монетарӣ, сатҳи нисбатан муътадили нархҳои дохилӣ таъмин гардид.

Тибқи маълумотҳои оморӣ cатҳи таваррум дар моҳи марти соли 2019 раванди нисбатан муътадил дошта, ба 0,3 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 1,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,7 фоиз ва хизматрасонии пулӣ ва аҳолӣ 0,6 фоиз ба вуқӯъ пайваст. Ҳамзамон нархи молҳои хӯрокворӣ бетағйир монд.

Сатҳи таварруми солона (дар 12 моҳи охир) бошад, дар моҳи марти соли равон ба 7,8 фоиз баробар гардид, ки нишондоди мазкур ба ҳадафи муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқ буда, тамоюли тағйирёбии он дар доираи дурнамои пешбинишуда ҷараён дорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза мониторинги нархҳои маҳсулоти асосӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ (аз ҷумла шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ ва шаҳраки Ғарм) гузаронида мешавад.

Мониторинги мазкур бо мақсади саривақт бархурдор гардидан аз ҷараёни тағйирёбии сатҳи нархҳо гузаронида шуда, дар асоси он таҳлили ҳамаҷониба оид ба вазъи бавуқӯъомада дар бозори истеъмолӣ анҷом дода мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии бахши воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ, зиёд намудани қарздиҳӣ ва паст кардани фоизи қарзҳо пайваста ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия медиҳад, ки ҷиҳати ҷалби маблағҳои қарзии дарозмуддат, бо фоизҳои нисбатан паст ва пешниҳоди онҳо ба соҳаҳои истеҳсолии иқтисодиёт, аз ҷумла ба соҳибкорони истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар январ - марти соли 2019 ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 1 953,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,2 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ раванди мусбат дошт ва дар муқоиса ба ҳамин санаи соли қаблӣ 24,0 фоиз ё 34,6 ҳазор адад афзоиш ёфта, ба 178,8 ҳазор адад баробар гардид. Ин нишондод аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна аз ҷониби низоми бонкӣ ба муштариён, бахусус ба соҳибкории хурду миёна шаҳодат медиҳад.

Дар шароити имрӯза маблағгузории соҳибкории истеҳсолӣ ва ривоҷ додани бахши воқеии иқтисодиёти кишвар яке аз вазифаҳои асосӣ ва афзалиятноки низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад.

Рушди соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои мусоидаткунандаи иқтисодиёт, таҳкими иқтидори содиротии кишвар, паст намудани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум ба ҳисоб меравад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 38,8 фоизи вазни қиёсӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ ва аз рӯи соҳаҳо бошад, ба савдои хориҷӣ 19,0 фоиз, саноат 11,5 фоиз, истеъмолот 25,6 фоиз, хизматрасонӣ   15,2 фоиз, кишоварзӣ 19,4 фоиз, сохтмон 6,9 фоиз, нақлиёт 0,6 фоиз, миёнаравии молиявӣ 0,9 фоиз ва дигар соҳаҳо 03 фоиз рост меояд.

Ҳамзамон, дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додашуда 1 377,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,1 фоиз зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи паст кардани меъёри фоизи қарзҳо, дар Бонки миллӣ Гурӯҳи корӣ оид ба муайян кардани арзиши аслии қарз таъсис гардид ва дар ин самт таҳлилҳои амиқ гузаронида шуда, дар бобати паст кардани фоизи қарзҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дастурҳои мушаххас, аз қабили кам кардани хароҷоти ғайрисамаранок, идоракунии дурусти маблағҳои озод, ҷалби сармояи арзон, содда кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ дода шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар чунин вазъи иқтисодӣ танҳо андешидани тадбирҳо дар самти сиёсати пулию қарзӣ нокифоя буда, андешидани тадбирҳои самаранок дар самти сиёсати молиявию буҷетӣ, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ, хусусан сармоягузориҳои мустақим ва беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ зарур мебошад.

09.03.2018
Иттилооти дарҷгардида воқеати ҳолро дуруст инъикос намекунад

Посух ба мақолаи хабарнигори “Озодӣ” Муллораҷаб Юсуфӣ “Терминалҳо боз аз кор мемонанд?” (аз 5 марти соли 2018)

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, ки санаи 2 марти соли 2017 мавриди амал қарор гирифтааст, операторони низомҳои пардохтие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, то 2 марти соли 2018 бояд аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро мегирифтанд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мактуби худ аз 10 ноябри соли 2017 ташкилотҳои қарзии ватаниро огоҳ намуда буд, ки ҳангоми ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтӣ, аз ҷумла, низомҳои пардохтии байналмилалӣ, ин талаботи қонунро ба инобат гиранд. Ҳангоми саривақт нагирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ, фаъолияти чунин операторони низоми пардохтӣ дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад.

То имрӯз аксарияти операторони низомҳои пардохтӣ, аз он ҷумла, низомҳои пардохтии байналмилалӣ (аз қабили, Visa int, Mastercard, UnionPay, Western Union, Золотая Корона, Лидер, Юнистрим ва дигарҳо), ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Айни ҳол, раванди баррасии ҳуҷҷатҳои низомҳои пардохтӣ амалӣ гардида истодааст. Дар раванди баррасии ҳуҷҷатҳо номукаммалӣ ва нопуррагии ҳуҷҷатҳои баъзе операторони низомҳои пардохтӣ муайян гардида, аз операторони низомҳои пардохтӣ бартараф кардани камбудиҳо ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои мукаммал талаб карда мешавад.

Бартараф кардани камбудиҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои мукаммал вақти муайянро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон бо ирсоли мактуб аз 28 феврали соли 2018, аз операторони низомҳои пардохтие, ки то ҳол ҳуҷҷатҳои пурраро барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод накардаанд, талаб намуд, ки то 28 марти соли 2018 ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани иҷозатнома ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Айни замон, дар фаъолияти низомҳои пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ягон маҳдудият гузошта нашудааст. Тавре қайд гардид, аксарияти операторони низомҳои пардохтӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуда, баъди гирифтани иҷозатнома фаъолияти худро дар реҷаи муқаррарӣ идома дода истодаанд.

Ба ширкатҳои тиҷоратие, ки тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон бо қабули пардохтҳо машғуланд, қонуни дар боло зикргардида имкон медиҳад, ки ширкатҳо бо ташкилотҳои қарзӣ шартнома баста, ҳамчун агентҳои бонкии пардохтӣ фаъолияти худро идома диҳанд. Ширкатҳои тиҷоратие, ки ҳамчун агентҳои бонкии пардохтӣ амал мекунанд, иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро намегиранд. Барои ин, ширкатҳои мазкурро лозим аст, ки бо ташкилоти қарзӣ шартнома баста, тибқи талаботҳои дар қонун ва санадҳои меёърӣ муқаррагардида, ҳамчун агентҳои бонкии пардохтӣ фаъолияти худро идома диҳанд.

Дар робита ба ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохтӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истода, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тамоми иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохтӣ талаб карда мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


03.03.2018
Вокуниш: “Пардохти ғайринақдӣ. Чаро як идда ба тавсеаи он ҳавасманд нестанд?”,“Садои мардум”,№28 (3822), 03.03.2018

Бо мақсади пешбурд ва назорати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”, ва банди 4 моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва баъдан аз 04 октябри соли 2017 шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ Ҳайати муштараки корӣ таъсис дода шуд.

Ҳайати муштараки корӣ дар шаҳрҳои номбурда дар муассисаҳои савдою хизматрасоние, ки тибқи қарори мазкур бояд бо терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз гарданд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Инчунин, ба соҳибкорон нусхаи қарори зикргардида, нусхаи моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйхати ташкилотҳои қарзие, ки бо барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ машғул мебошанд, бо дарҷи рақамҳои телефонии кормандони масъули ташкилотҳои қарзӣ ва сомонаи расмии онҳо пешниҳод карда шуд.

Дар давраи фаъолияти Ҳайати муштараки корӣ дар солҳои 2017-2018 зиёда аз 2 200 адад муаcсисаҳои савдою хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хорӯғ оид ба мавҷуд будани терминалҳои электронӣ таҳти санҷиш қарор гирифта, ба зиёда аз 2 000 адад шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои насби терминалҳои электронӣ дар муддати аз 15-30 рӯз огоҳинома дода шуданд.

Инчунин, дар соли 2017 чор адад шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои саркашӣ намудан аз иҷрои талаботи банди 4 моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Бояд қайд кард, ки баъд аз ба фаъолият шурӯъ кардани Ҳайати муштараки корӣ ва гузаронидани санҷишҳо шумораи терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ба маротиб афзоиш ёфта, дар интиҳои соли соли 2019 шумораи онҳо ба 3014 (афзоиш нисбат ба соли 201755%) адад расид. Ба санаи 1 майи соли 2019 бошад, ин нишондиҳанда ба 3120 адад (афзоиш нисбат ба соли гузашта 32%) баробар шуд.

Бо вуҷуди ин, дар баробари зиёд гардидани теъдоди терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ истифодаи онҳо аз ҷониби соҳибкорон дар сатҳи паст қарор дорад. Тибқи мушоҳидаҳо соҳибкорон танҳо бо мақсади канора ҷустан аз муҷозоти дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайянгардида, терминалҳои электрониро насб намуда истодаанд. Аз сабаби он ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ амалиёту ҷараёнҳои молиявии соҳибкоронро шаффоф мегардонад, соҳибкорон барои гузаронидани амалиётҳои ғайринақдӣ ҳавасманд набуда, аз истифодаи терминалҳои электронӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ саркашӣ менамоянд. Тибқи маълумоти аз ташкилотҳои қарзӣ дастрасшуда теъдоди зиёди терминалҳои электронии насбгардида ғайрифаъол мебошанд. Яъне, теъдоди зиёди соҳибкорон ба аҳолӣ имконияти ба таври ғайринақдӣ анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳоро фароҳам намеоваранд.

Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки назорати насби терминалҳои электронӣ ва татбиқи муҷозоти дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайянгардида аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона амалӣ мегардид.

Дар навбати худ, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида бо ташкилотҳои қарзӣ мунтазам ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, масъалаҳои ҷорӣ ва мушкилоти дар самти зиёд намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро муҳокима менамояд. Аз ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати саривақт таъмин намудани соҳибкорон бо терминалҳои электронӣ ва барои таъмини фаъолияти мунтазами онҳо андешидани чораҳои зарурӣ талаб карда мешавад.Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ нақшаи насби терминалҳои электрониро дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ муқаррар намуда, иҷрои нақша ба таври қатъӣ назорат карда шуд.

Кобили зикр аст, ки айни замон қариб тамоми вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ музди маоши кормандони худро дар доираи лоиҳаи музди маош бо ташкилотҳои қарзӣ тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисобҳои кортии кормандон мегузаронанд.

Мутаассифона, бинобар сабаби дар сатҳи начандон зарурӣ қарор доштани саводнокии молиявии аҳолӣ дорандагони кортҳои пардохтӣ, ҳангоми ворид гаштани маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳои кортиашон маблағҳои мазкурро тариқи банкоматҳо ва ё хазинаи бонкҳо нақдӣ мегардонанд.

Вобаста ба ин, ҷиҳати вусъат додани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам ташкилотҳои қарзиро водор менамояд, ки барои ҳавасманд гардонидани мизоҷон ҷиҳати бештар амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ҳаргуна барномаҳои ҳавасмандгардонӣ, таҳия ва татбиқ намоянд.

Дар ин робита, айни замон аз ҷониби як қатор ташкилотҳои қарзӣ барои мизоҷон барномаҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ, аз қабили кэш-бек ва бонусҳо ҳангоми амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ татбиқ карда шудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар баробари пешниҳоди хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ, инчунин хизматрасонӣ тавассути бонкдории мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон мизоҷон метавонанд дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ тавассути 426 адад QR-рамзҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб карда шудаанд, бо истифода аз ҳамёнҳои электронӣ пардохти молу хизматрасониҳоро амалӣ намоянд.

08.02.2018
Вокуниш: “Чаро иддае гирифтани қарзро “воҷиб”-у баргардониданашро “макруҳ” медонанд?”,“Садои мардум”, аз 08.02.2018с., №2018с.-Далер Мерганов

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таъмини дастрасии субъектҳои воқеии соҳибкорӣ ва шахсони боэътимоду масъулиятшинос ба маблағҳои қарзӣ, инчунин пешгирии суистифода аз имкониятҳои васеи қарзгирӣ заминаи ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ пайваста мукаммал карда мешаванд.

Дар робита ба ин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)”, ки санаи 26 марти соли 2009, № 492 қабул шуда, мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкил, коркард, нигоҳдорӣ ва ошкор намудани таърихи қарз вобаста ба таъмини ҳифз ва самаранокии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарзро дорад, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (“кредит”)” аз 02.01.2018с., №1501 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” ин муҳайё намудани шароит барои ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи таърихи қарз буда, дар навбати худ имконияти қарздиҳии ташкилотҳои қарзиро ба иқтисодиёт васеъ намуда, ба рушди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ, инчунин қарздиҳӣ ба соҳибкории хурд такон мебахшад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” пешниҳоди ҳатмии маълумот аз ҷониби қарздеҳ - ташкилоти қарзӣ ба бюрои таърихи қарз доир ба ҳамаи қарзгирандагон новобаста аз мавҷуд будани розигии онҳо барои пешниҳоди чунин маълумот, пешбинӣ шудааст.

Ворид намудани тағйиру иловаҳои зикргардида имконияти ба роҳ мондани низоми самараноки баҳисобгирии таърихи қарзро медиҳад, ки он метавонад хавфи қарздиҳиро барои онҳо кам намояд ва нархи қарзро барои қарзгирандагон арзон намояд, ки дар навбати худ барои додани қарз ба табақаҳои зиёди аҳолӣ замина гузорад ва рушди иқтисодии Тоҷикистонро таъмин намояд.

Қобили қайд аст, ки тағйиру иловаҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда манфиатҳои субъектҳои таърихи қарзро, яъне қарзгиронро поймол намекунанд ва муқаррароти асосии қонунро оид ба махфӣ нигоҳ доштани иттилоот ва таъмини ҳифзи он тағйир намедиҳанд.

Дар Қонуни мазкур ҳатмӣ будани талабот оид ба гирифтани ризояти субъекти таърихи қарз барои пешниҳод кардани иттилоот дар бораи ӯ ба Бюрои таърихи қарз хориҷ шуда, меъёрҳое, ки ризояти субъекти таърихи қарзро барои гирифтани ҳисоботи қарз дар бораи ӯ аз Бюрои таърихи қарз талаб менамоянд, бе тағйир мемонанд. Яъне маълумот доир ба субъекти таърихи қарз аз Бюрои таърихи қарз танҳо бо ризояти худи субъекти таърихи қарз метавонад гирифта шавад.

Илова бар ин бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” ҷойдошта дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз “кредит”” тағйиру иловаҳои дахлдор пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла суд ва дигар мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз номгӯи истифодабарандагони ҳисоботи қарзе, ки дар моддаи 19 Қонуни мазкур муқаррар шудааст, хориҷ шудаанд, зеро мақомоти номбурда тибқи маъно ва мафҳуми истилоҳоти дар ҳамин Қонун пешбинишуда, истифодабарандагони ҳисоботи қарз намебошанд. Дар баробари ин муқаррарот оид ба пешниҳоди маълумот, ки дар Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад, ба суд ва дигар мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ такмил дода шуда, дар таҳрири нав дар моддаи 28 Қонун ворид мегардад. Мақсади асосии такмили ин муқаррарот, густариш додани реҷаи ҳимояи маълумоти дорои сирри бонкӣ ба маълумоти дар Бюрои таърихи қарз нигоҳдошташаванда мебошад.

Маълумоте, ки дар Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад, дорои аҳамияту арзиши ниҳоят зиёд буда, таъмини ҳимояи махсусро низ талаб менамояд, зеро ошкор шудани он ба манфиатҳои субъекти таърихи қарз зиён расонида, боварии қарзгирандагонро ба низоми бонкӣ метавонад коҳиш диҳад. Дар Қонуни мазкур пешниҳоди маълумоте, ки дар бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 192) пешбинӣ шудааст.

Бинобар ин, бори дигар қайд намудан зарур аст, ки мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” аз фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкил, коркард, нигоҳдорӣ ва ошкор намудани таърихи қарз вобаста ба таъмини ҳифз ва самаранокии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз иборат мебошад.

Ҳамзамон, қонуни мукаммалшудаи таърихи қарз интизом ва масъулияти молиявии қарзгиронро баланд бардошта, ҳар гуна суистифодаро аз имкониятҳои қарзгирӣ пешгирӣ менамояд.  

Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 бармеоянд, барои такмил додани заминаи ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека"-ро таҳия намуд, ки мавриди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Лоиҳаи қонуни мазкур, бо мақсади тавассути такмили низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини суботи низоми бонкӣ, мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии гарави молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла ҳуқуқи заминистифодабарӣ, мусоидат барои баргардонидани қарзҳои батаъхирафтодаи ташкилотҳои қарзӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии ба гаравгир гузаштани молу мулки ба гарав гузошташуда, дар сурати баргузор нашудани савдои оммавӣ, бо назардошти таҷрибаи давлатҳои дигар пешниҳод карда шудааст.

Тағйиру иловаҳо бо назардошти мавҷудияти ҳуҷҷатҳои мукаммали асосноккунандаи муносибатҳои тарафҳо аз руи ипотека ва тасдиқи нотариалии шартномаи ипотека, инчунин бо мақсади ташаккули асосҳои ғайрисудии рўёниш аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, нигаронида шуда, ба сифати яке аз асосҳои ғайрисудии рўёниш навиштаҷоти иҷроияи нотариусро пешбинӣ менамояд.

Тағйиру иловаҳо бо мақсади такмил додани асосҳои ғайрисудии қонеъгардонии талаботи гаравгир пешбинӣ гардида, дар доираи он асосҳои ғайрисудии ситонидан аз предмети ипотека, муқаррар карда мешавад. Чунин механизмҳои пешниҳодшаванда имконият медиҳанд, ки расмиёти рўёнидан аз ҳисоби предмети таъминот нисбатан содда ва дар муҳлати кутоҳ амалӣ шуда, хароҷотҳои зиёдатии кредитор ва қарздор, ки минбаъд ба зиммаи қарздор мегузаранд, инчунин имкониятҳои қарздор барои суистифода ва расонидани зарар пешгирӣ карда шаванд.

Ҳамчунин тағйирот монеагӣ дар амалигардонии ҳуқуқи гаравгир ҷиҳати дар наздаш нигоҳ доштани предмети ипотека ҳангоми дар савдои оммавии такрорӣ ба фурўш нарафтани онро бартараф менамояд, ки дар натиҷа гаравдеҳони бевиҷдон беасос ҷараёни руёнидани маблағи қарзи додашударо аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда кашол дода наметавонанд.

Тағйиру иловаи зикргардида, барои дастрасии қарзгирандагон ба маблағҳои озоди қарзӣ мусоидат намуда, барои баланд бардоштани масъулияти молиявии қарзгирон ва дар натиҷа рушди хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.

27.12.2017
Ба таҳрифкорӣ роҳ надиҳед

Бонки миллии Тоҷикистон ба иттилои воситаҳои ахбори омма мерасонад, ки маълумот дар бораи таъсиси Гурӯҳи корӣ ҷиҳати “наҷоти” бонкҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси воқеӣ надошта, расонаҳои “Озодӣ” ва пайи он “Азия-Плюс” (26.12.2017) бе муайян кардани сарчашмаи расмӣ маълумоти носаҳеҳро дар сомонаҳои худ дар ин хусус нашр намуданд ва ба ин васила боиси ба амал омадани афкори нодуруст дар ҷомеа гардиданд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати мақоми ваколатдор барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ вазифадор мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳолати ташкил шудани чунин гурӯҳҳои корӣ, ки дар матолиби нашршудаи ВАО сухан меравад, огоҳ хоҳад буд. Бо дарназардошти ин, аз воситаҳои ахбори омма, бахусус бахши тоҷикии Радио “Озодӣ” ва хабаргузории “Азия-Плюс”, ки дар нашри матолиби худ вобаста ба ин мавзӯъ ба таҳриф роҳ додаанд ва чунин ҳолатҳо аз ҷониби ин расонаҳо бори аввал нест, бори дигар хоҳиш карда мешавад, ки дар оянда бо такя ба сарчашмаи муътамад мавод таҳия намуда, ба таҳриф роҳ надиҳанд, бахусус дар ҳолатҳое, ки сухан аз қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад. Бояд гуфт, ки чунин ҳолатҳои таҳрифкорӣ ва ба нашр расонидани маълумоти носанҷида ба эътибори худи ин расонаҳо низ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ҳолати такрор шудани чунин ҳолатҳои таҳрифкорӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори омма, зарурат ба миён меояд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дарёфт кардани сарчашмаҳои ҳангомаҷӯйи “махфӣ” (аксар вақт расонаҳои болозикр ба онҳо такя мекунанд) ва пешниҳод шудани маълумоти носанҷида ва бардурӯғ ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд. 

Шуъбаи матбуоти БМТ 

25.08.2017
Мутахассиси ХБА дар доираи барномаҳои кӯмаки техникӣ таъин гардидааст

Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ҷалби мутахассиси Департаменти сиёсати монетарӣ ва бозори сармояи Хазинаи Байналмилалии Асъор Эдвард Нолан, ки дар воситаҳои ахбори омма боиси шаҳри гуногун ва таҳрифшуда ба амал овардааст, чунин иттилоъ медиҳад: Эдвард Нолан дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва пешниҳоди кӯмаки техникӣ аз ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ гардида, тибқи лоиҳа Эдвард Нолан дар Бонки миллии Тоҷикистон тӯли як сол ба ҳайси мушовири маҳаллӣ дар самти тақвияти имкониятҳои назорати бонкӣ кор хоҳад кард.

Таъин гаштани Эдвард Нолан ба ин вазифа як бахши татбиқи рушди имконот ва пешниҳоди кӯмаки техникии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи узвияти кишварҳо ба ин созмони молиявӣ мебошад.

Номбурда бо мақсади тақвият додани имкониятҳои соҳаи танзиму назорати бонкӣ дар се бахш – пешниҳоди ҳисоботи ташкилотҳои қарзӣ, таҳлили молиявӣ ва назорати маҷмӯии ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун мушовир бо дастаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият хоҳад намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ 

13.01.2017
Раддияи Бонки миллии Тоҷикистон ба маводи хабаргузории “Азия-Плюс”

Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба ахбори нашркардаи “Азия-Плюс” таҳти унвони «Главный банкир Таджикистана не спешит выполнять поручение спикера парламента” (09.11.с. 2017, дар сомонаи www.news.tj) иттилоъ медиҳад, ки тибқи талаботи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳисоботи дахлдорро дар муҳлати муқарраргардида саривақт ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст. 

Ҳамзамон, дар робита ба суханони манбаи “Азия-Плюс”, ки тибқи он санаи 8 ноябри соли 2017 Бонки миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супориши зикргардида расман огоҳонида шудааст, қайд менамоем, ки маълумоти мазкур беасос буда, дар хусуси супориши болозикр ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиати хаттӣ ё шифоҳӣ карда нашудааст. Дар баробари ин, ба иттилоъи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар мавриди ҳисобот пешниҳод кардан ё накардани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон, ба хабаргузории “Азия-Плюс” ягон иттилоъ дода нашудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти бардурӯғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ва ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад аз редаксияи он нашри раддияро талаб намояд. Агар редаксияи воситаи ахбори омма дар бораи дуруст ва ба ҳақиқат мувофиқ будани маълумоти паҳннамудааш далел надошта бошад, вазифадор аст, ки дар худи ҳамон воситаи ахбори омма раддияро нашр намояд (моддаи 19).

Аз ин рӯ, аз хабаргузории “Азия-Плюс” хоҳиш карда мешавад, ки нисбати нашри матолиби таҳрифшуда ва нодуруст дар сомонаи “Азия Плюс” раддия нашр намояд ва ахбори ба куллӣ таҳрифшуда таҳти унвони «Главный банкир Таджикистана не спешит выполнять поручение спикера парламента”-ро, ки 9 ноябри соли 2017 дар сомонаи www.news.tj ҷойгир шудааст, аз сомона гирад.

Дар оянда хоҳиш менамоем, ки зимни омода кардани матолиб, ки ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон рабт дорад, барои инъикоси воқеъбинона (объективность), ки яке аз принсипҳои асосии рӯзноманигорӣ мебошад, мавқеи Бонки миллии Тоҷикистон низ ба инобат гирифта шавад. Зеро дар матолиби болозикр аз Бонки миллии Тоҷикистон мавқеъгирӣ нашудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ 

14.10.2016
Тавзеҳоти БМТ ба мақолаи “Таджикистан по рекомендации ФАТФ усилит меры контроля на рынке ценных бумаг”



Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи сомонаи “Азия-Плюс аз 10 октябри соли равон, дар хусуси аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди маълумот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нисбат ба амалиёти шубҳанок дар бозори коғазҳои қиматнок, маблағҳои нақдӣ ва ғайринақдии зиёда аз 500 000 сомонӣ, қайд менамояд, ки ин маълумот ба воқеият мутобиқат намекунад.

Сараввал қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ дар асоси Қатъномаи СММ №1617, иҷрои талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ)-ро ба зимма гирифтааст.

Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тавсияҳои зикршуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” (Қонуни МҚД/МТ) -ро қабул намудааст.

Бинобар ин, зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок” маҳз бо мақсади мутобиқ намудани талаботҳои он ба талаботи Қонуни МҚД/МТ ва тавсияҳои ФАТФ равона карда шудааст.

Ба якдигар мутобиқнамоии қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ҷараёни муқаррарӣ буда, бо мақсади бартараф кардани бархурди манфиатҳо, ҷой надоштани ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми дар амал татбиқ намудани он, дуруст ба роҳ мондани низоми танзим ва назорат, муайян намудани уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ва ғайраҳо амалӣ карда мешавад.

Қабул ва иҷрои талаботи Қонуни МҚД/МТ пеш аз ҳама ба ҳадафҳои таъмини бехатарии амнияти миллӣ ва устувории низоми молиявӣ равона гардида, ҷиҳати пешгирии таҳдидҳои истифодабарии низоми молиявӣ бо мақсади маблағгузории терроризм ва расмикунонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда мусоидат хоҳад кард.

Бо назардошти он ки бозори коғазҳои қиматноки ҷумҳурӣ дар марҳилаи инкишофёбӣ қарор дорад, таваҷҷуҳи хонандаро ба чунин маълумотҳои беасос, ки аз сарчашмаҳои номуътамад ба нашр мерасанд ва пеш аз ҳама оқибатҳои манфиро ба пешравии бозори коғазҳои қиматнок эҷод менамоянд, ғайримақсаднок арзёбӣ менамоем.

Бонки миллии Тоҷикистон аз васоити ахбори омма хоҳиш мекунад, ки пеш аз нашри ҳар гуна маълумот онро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба муътамадии сарчашмаҳои он таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.

Департаменти мониторинги
молиявии БМТ


01.04.2016
Дар хабар маълумоти носаҳеҳ истифода шудааст

Ҷавоб ба хабари Агентии иттилоотии Азия – Плюс “Денежные переводы из России в Таджикистан в 2015 году уменьшились на 66%", от 22 марта 2016 года


Қабл аз ҳама, иҷозат диҳед ба маълумоти дар ахбор истифодашуда, ки оид ба интиқолҳои фаромарзӣ аз сомонаи www.cbr.ru Бонки марказии Русия гирифта шудааст, равшанӣ андозем.


Ба маълумоти муаллифи хабар мерасонем, ки ҳангоми истифодаи маълумот оид ба интиқолҳои фаромарзӣ ба унвони ҷадвалҳо таваҷҷуҳ намояд, ки дар онҳо қимати нишондиҳандаҳои дар ҷадвал зикршуда шарҳ дода мешавад. Аммо дар иттилооти интишоркардаи муаллиф ба www.cbr.ru/statistics/?PrtId=svs, қисмати интиқолҳои пулии фаромарзии шахсони воқеӣ, ки танҳо тавассути низомҳои пардохт амалӣ гаштаанд истинод шудааст. Ҳангоми муайян кардани интиқолҳои пулии фаромарзӣ дар маҷмӯъ зарур аст, ки ба www.cbr.ru/statistics/?PrtId=svs, қисмати “интиқолҳои пулии фаромарзии шахсони воқеӣ аз рӯи кишварҳои асосӣ - контрагентҳо” истинод карда шавад.


Ҳамчунин зарур аст, ки ба варақи “Маблағҳои интиқолии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон” таваҷҷуҳ карда шавад, ки дар он ҷо ба таври возеҳу равшан рақамҳои мушаххас нишон дода шудаанд.


Ҳамин тавр, мутобиқи маълумоти расмии сомонаи дар боло зикршуда, коҳиш ёфтани интиқолҳои пулӣ танҳо аз Русия ба Тоҷикистон дар соли сипаришуда 42,4 фоизро ташкил медиҳад.


Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки интиқолҳои пулӣ ба ҷумҳурии мо инчунин аз дигар кишварҳои дунё низ ворид мешаванд.


Хадамоти матбуоти  
БМТ


31.03.2016
Теъдоди марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ 129 адад зиёд гардид

Қабл аз ҳама иброз менамоем, ки маҳз бо мақсади баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мутобиқ намудани фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ва тақвияти сиёсати пулию қарзии ҷумҳурӣ, соли гузашта аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми бонкӣ барои дастгирии иқтисодиёти кишвар ва эҷод намудани фазои боварӣ барои аҳолӣ якчанд ислоҳот гузаронида шуданд.


Аз ҷумла, соли 2015 Бонки миллии Тоҷикистон барои ба тартиб ва танзим даровардани фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд, ташкилотҳои амонатгузории қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд се дастурамалро таҳия намуд, ки мутобиқи онҳо ташкилотҳои қарзӣ дар муҳлати муайяншуда, баҳри таъмин намудани рақобатпазирии ташкилоти худ, бояд сармояи оинномавияшонро то меъёри муайяншуда зиёд мекарданд. Дар ин муддат бархе аз ташкилотҳои қарзӣ сармояи оинномавии худро пурра намуданд ва қисмати дигари онҳо бо роҳи муттаҳидшавӣ сармояи оинномавиро ба маблағи муқарраршуда баробар карда истодаанд. Мутаассифона, ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки қисмате аз ташкилотҳои қарзӣ бинобар сабаби иҷро карда натавонистани муқаррароти дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, ихтиёран фаъолияти ташкилотҳои худро қатъ мекунанд.


Агар ба таҷрибаи бонкдории ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намоем, аз майдони рақобати тезутунди низоми бонкӣ берун шудани ин ё он бонку ташкилот ва ё фондҳои қарзии хурд ҳодисаи нав нест. Зеро дар шароити иқтисоди бозорӣ дар мамолики гуногуни дунё ҳамарӯза садҳо ва ҳатто ҳазорҳо ширкату созмонҳо ба қонунҳои бозор тоб оварда натавониста, баста мешаванд ва аз эҳтимол дур нест, ба ҷойи онҳо ба ҳамин миқдор корхонаю ташкилотҳои нав низ рӯи кор меоянд.


Барои мисол, дар солҳои 2014-2015 дар қаламрави Русия бо қарори Бонки марказии он фаъолияти зиёда аз 200 адад ташкилотҳои қарзӣ қатъ карда шудааст. Гузашта аз ин, танҳо дар дуюним моҳи соли ҷорӣ боз ҳам дар кишвари Русия аз 26 ташкилоти қарзӣ иҷозатномаҳо барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бозхонд гардидаанд. Чунин ҳолатро дар низоми бонкии дигар ҳамсоякишварҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст.


Қайд кардан бамаврид аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бе сабабу далелҳои қотеъ дар бораи қатъ намудани фаъолияти ягон ташкилоти қарзӣ қарор қабул намекунад. Баръакс вазъи бади молиявӣ ва мутобиқ набудан ба меъёрҳои талаботӣ бархе аз ташкилотҳои қарзиро водор намудааст, ки дар шароити феълӣ фаъолияти худро қатъ намоянд.


Бонки миллии Тоҷикистон тариқи сомонаи расмии худ ҳамарӯза аз навигариву рӯйдодҳо дар низоми бонкии кишвар хабар медиҳад. Аммо ҳафтаҳои охир, ахбори қатъ шудани фаъолияти якчанд ташкилоти қарзӣ дар кишвар дар расонаҳо сару садоҳои гуногунеро ба миён овардааст. Дар робита ба ин, иттилоъ медиҳем, ки то имрӯз дар низоми бонкии кишвар ҳамагӣ аз 16 адад ташкилоти қарзии хурд ва 1 адад фонди қарзии хурд иҷозатномаҳо ва шаҳодатномаи анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дар асоси аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ, бозхонд карда шудааст. Барои тақвияти фикр маълумоти бештареро ба хонанда пешниҳод менамоем. Дар 17 ташкилоти номбурда 38 нафар кор мекард ва ҳар яки онҳо ҳамагӣ ду ё се корманд дошт. Бо ин миқдор мутахассис дар як вақт анҷом додани чандин амалиёти бонкӣ имкон надорад. Дар бораи сатҳи баланди хизматрасонӣ ба муштариён хоҷати гап ҳам нест. Зеро баъзе аз ин ташкилотҳо ҳатто суроғаи муайян ва дафтари корӣ надоштанд ё қисме аз онҳо дошта бошанд ҳам дар як шароити барои хизматрасонии молиявӣ номусоид амал мекарданд. Метавон гуфт, ки дар аксарияти онҳо муддатҳои тулонӣ ягон амалиёти бонкӣ гузаронида намешуд, ҳисоботҳои молиявияшонро пешниҳод намекарданд. Саҳми онҳо дар ҳаҷми умумии пешбурди фаъолияти бонкии ташкилотҳои қарзии хурд ҳамагӣ хеле ночиз буд. Вақтҳои охир ин ташкилотҳо барои зиёд намудани сармояи оинномавиашон ҳатто кӯшиш ҳам намекарданд.


Дар тақвияти гуфтаҳои боло қайд кардан зарур аст, ки дар баробари қатъ гардидани фаъолияти бархе аз ташкилотҳои қарзии ба рақобати иқтисоди бозаргонӣ тоб оварда натавониста, айни замон, барои нишон додани фаъолияти хуб ва васеъ шудани имкониятҳои гузаронидани амалиётҳои гуногуни молиявӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 марти соли равон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Алиф-Сармоя” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.


Ҳамзамон дар низоми бонкии ҷумҳурӣ боз як бонки нав ба фаъолият шуруъ намуд. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд, ки он барои васеъ намудани доираи амалиётҳои бонкӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва муосири молиявӣ ва беҳтар кардани вазъияти молиявӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.   


Дар робита ба вазъи бозори дохилии асъор, қурби пули миллӣ иттилоъ медиҳем, ки мутобиқи таҳлилҳои солҳои охир, буҳрони шадиди иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, яке аз омилҳои болоравии қурби асъор дар кишвар ҳаннотии кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоб мерафт. Пӯшида нест, ки солҳои гузашта қурби асъор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор идоранашаванда шуда, миёни қурби расмӣ ва бозорӣ тафовути калон ба миён меомад ва ин боиси нороҳатӣ ва нигаронии шаҳрвандон мегашт. Ин омил сабаб шуд, ки тибқи ислоҳоти нав нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, иҷрои вазифаи онҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дода шуд. Табиист, гузариш ба низоми нав ва амалӣ шудани ҳама гуна ислоҳоту меъёрҳо вақту замонро талаб мекунад. Имрӯз бо ташкил намудани марказҳои хизматрасонии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ вазъият тағйир ёфтааст ва тавре шоҳид ҳастем, дар муқоиса бо беқурбшавие, ки соли гузашта ва моҳи аввали соли равон дида мешуд, ин ҷараён хеле ба танзим даромада, ҳоло қурби расмии БМТ бо қурби бозорӣ баробар шудааст.


Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ ба ҷойи нуқтаҳои мубодилаи асъори басташудаи ташкилотҳои қарзӣ 129 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ (ин рақам ниҳоӣ нест ва рӯ ба афзоиш дорад) кушода шудаанд, ки қисмате аз онҳо дар реҷаи шабонарӯзӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Дар маҷмуъ шумораи онҳо имрӯз зиёда аз 4 ҳазор ададро ташкил медиҳад.


Ва ниҳоят, бо боварӣ метавонем изҳор намоем, ки мақсад аз гузаронидани ислоҳоти ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи ҷаҳони муосир ва стандартҳои соҳавӣ мутобиқ намудани низоми бонкии кишвар, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва ба ин васила дастгирии ҳамаҷонибаи иқтисодиёти воқейи ҷумҳурӣ ба шумор меравад. 


Хадамоти матбуоти  
БМТ


19.02.2016
Пули миллӣ – сомонӣ воситаи ягонаи муомилоту пардохт дар қаламрави Тоҷикистон ба шумор меравад

Ҷавоб ба саволи хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Убайдуллои Мурод


- Чандест, ки бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон бонкҳои мамлакат рубли русии аз Федератсияи Русия фиристодаро бо сомонӣ ҳисоб карда пардохт мекунанд. Ин тағйирот бо назардошти кадом омилҳо роҳандозӣ шудааст?


- Тавре қаблан хабар дода будем, Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 4 қонуни ҶТ “Дар бораи танзими бозори асъор ва назорати асъор” аз 2 феврали соли 2016 ба тамоми ташкилотҳои қарзӣ дастур дода буд, ки тамоми маблағҳои рубли русии ба номи шахсони воқеӣ аз хориҷа бе кушодани суратҳисоби бонкӣ воридшударо мубодила намуда, ба интиқолгирандаҳо танҳо пули миллӣ – сомонӣ пардохт намоянд.


Ин тасмим бо мақсади иҷрои қарорҳои ҷаласаи корӣ дар назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 22 январи соли 2016 ва бо назардошти таъмин намудани мақоми пули миллӣ – сомонӣ ҳамчун воситаи ягонаи муомилоту пардохт дар қаламрави Тоҷикистон, таъмини устувории қурби пули миллӣ ва ба танзим даровардани гардиши асъори хориҷии нақд дар кишвар ба роҳ монда шудааст.


Қурби амалиётии мубодилавии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқарраршаванда дар асоси қурбҳои бозории рубли нақди русӣ муқаррар карда шуда, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст. Қурби амалиётӣ барои хариди рубли русӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути низоми электронии савдои бозори байнибонкии асъор (Томсон Ройтерс) дар рӯзи пардохт муқаррар шуда, ягона аст ва онро ташкилотҳои қарзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истифода мебаранд.


Қайд кардан зарур аст, ки талаботи Дастури мазкур танҳо барои маблағҳои интиқолӣ бо рубли русӣ дахл дошта, нисбати маблағҳои бо дигар асъори хориҷӣ фиристодашуда талаботи боло амалӣ намешавад.


Хадамоти матбуоти  
БМТ


09.02.2016
БМТ: Тағйирёбии нархи молу маҳсулот дар бозори дохилӣ муътадил аст

Шарҳи мухтасар оид ба тағйирёбии нархҳо дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ


Тайи чанд рӯзи охир дар сомонаҳои интернетии ҷумҳурӣ якчанд хабару гузоришҳо оид ба болоравии зиёди нархҳои маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ба нашр расиданд, ки агар бо истифода аз усули муқоисавӣ ва ҳатто аз рӯи инсоф онҳоро баҳогузорӣ кунем, муҳтавояшон аз воқеияти рӯз ва вазъи феълии нархҳои мавҷуда тафовути куллӣ доранд.


Дар робита ба гуфтаҳои боло, рӯ меорем ба факту рақамҳои воқеӣ ва расмие, ки дар асоси нишондиҳандаҳои оморӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Тибқи маълумотҳои омори расмӣ сатҳи таваррум дар соли 2015 нисбат ба соли пешин тамоюли тадриҷии пастшавиро соҳиб шуда, ба 5,1 фоиз баробар шуд. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 4,3 фоиз, ғайриозуқа 7,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,3 фоиз ба амал омад.


Барои маълумот махсус қайд менамоем, ки кам ё паст шудани сатҳи таваррум яке аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва мусоидаткунанда барои таҳкимёбии фазои макроиқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.


Таҳлилҳои анҷомдодашуда исбот намуданд, ки нишондиҳандаи мазкур асосан дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ва то андозае боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ дар шароити маҳдуд будани сатҳи талаботи дохилӣ ба вуқӯъ пайвастааст.


Бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо нигоҳ дошта шуд. Дастоварди боло ё фаровонию арзонии маҳсулот дар натиҷаи ба маротиб афзоиш ёфтани истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшт, мевагӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, ангишт, семент, хишти пухта ва дигар молҳои ниёзи мардум ба даст омад.


Дар аввалин моҳи соли 2016 тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодие, ки вобаста ба вазъи идомаёбандаи берунӣ-иқтисодӣ, яъне таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо мушоҳида мешавад, то андозае ба болоравии нархҳои баъзе аз маҳсулоти бар ивази асъори хориҷӣ берун аз кишвар воридшаванда таъсир расониданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар айни замон, тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад. Ин тағйирёбиҳо асосан хусусияти мавсимӣ ва кӯтоҳмуддат дошта, болоравии нархи дигар маҳсулотҳо дар бозорҳои дохилӣ чандон ба назар намерасад.


Тибқи нақшаи тасдиқшуда, бақайдгирӣ ва баҳодиҳии нархи маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар бозорҳои калонтарини минтақаҳои кишвар ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Таҳлилҳо ба санаи 5 феврали соли ҷорӣ нишон доданд, ки нархи миёнаи молу маҳсулоти воридотӣ назар ба нарху навои онҳо дар як қатор кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил пасттар аст.


Ҳамзамон, дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархҳои миёнаи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, сабзӣ, тухм, шир, моҳӣ, нон, макарон, картошка, себ, семент ва хишт тамоили пастравӣ ё муътадили тағйирёбӣ дошт.


Боиси таассуф аст, ки бархе аз намояндагони васоити ахбори омма рӯзҳои охир бе таҳлили амиқ ва муқоисаи рақаму нишондиҳандаҳо хабарҳоеро оид ба тағйирёбии нархҳои бозорҳои кишвар ба нашр расонида истодаанд, ки ба авзои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад. Зеро, дар шароити феълии буҳронӣ сару садоҳои беасос боиси ба эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон ва афзоиши омилҳои интизорӣ гардида, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад.


Дар ин робита, аҳли эҷодро ба таъмини оромию таҳаммул, ки барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор муҳим мебошад, даъват менамоем. Зеро, дар назар аст, ки шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон оҳиста-оҳиста коҳиш ёфта, бо андешидани чораҳои зарурӣ вазъ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол меояд.


Қайд намудан зарур аст, ки соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ ва кишоварзӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлат қарор дошта, Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути қабул ва татбиқи барномаҳои мухталифи соҳавӣ бо мақсади пурра таъмин кардани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва нигоҳдории муътадилии нархи маҳсулотҳо тамоми имкониятҳои худро равона намуда истодааст.


Дар баробари ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагони молҳои ниёзи мардум ва воридивазкунанда ва бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои ватанӣ барои афзун намудани ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат ва бо фоизи нисбатан пасттар ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ сари вақт пешниҳод кардани маблағҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.


Барои мисол, дар соли 2015 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ зиёда аз 7,5 млрд. сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудаанд, ки нисбат ба соли 2014-ум 32,9 фоиз зиёд мебошад.


Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул, инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо, бахусус ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор чораҳои зарурӣ меандешад.


Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо буда, дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор барои таъмини иҷрои ин вазифа, нигоҳдории вазъи муътадили макроиқтисодию молиявӣ, рушди воқеии иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардуми кишвар тамоми имкониятҳои худро равона месозад.


Бо назардошти гуфтаҳои боло, имрӯз хеле хуб мебуд, агар дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу нозуки авзои молиявию иқтисодӣ, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад, мо, ҳамагон, шаҳрвандони гиромӣ ва аз ҷумла, рӯзноманигорони асил бо масъулияти баланди касбию шаҳрвандӣ ба вазъи феълӣ муносибат намуда, диққати худ ва ҷомеаро бештар ба унсурҳои ба маротиб ҷиддитар, аз қабили ривоҷ додани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тавлиди маҳсулот дар кишвар, эҳтироми пули миллӣ ва истифодаи дигар фишангҳоеро, ки барои ба даст овардани ин мақсадҳо мусоидат менамоянд, равона созем.


Хадамоти матбуоти  
БМТ

05.02.2016
Рақами овардашуда ягон зарра ҳақиқат надорад

Ҷавоб ба хабари «До $50 млн. могут недополучить таджикские семьи, чьим основным доходом являются денежные переводы», ки дар сомонаҳои Оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс» ва «Авеста» нашр шудааст.


Дар ибтидо Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди он ки гӯё интиқолгирандагони рубли русӣ аз ҳисоби фарқияти байни қурби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои мубодила муайяншуда ва қурби бозори ғайрирасмӣ метавонанд ба маблағи то 50 млн. доллари ИМА зарар бинанд, бо қатъият изҳор менамояд, ки ин рақам комилан беасос буда, ба ҳақиқат рост намеояд. Зеро қурби барои мубодила аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқарраршаванда дар асоси қурбҳои бозории рубли нақди русӣ муқаррар карда шуда, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст.


Қурби амалиётӣ барои хариди рубли русӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути низоми электронии савдои бозори байнибонкии асъор (Томсон Ройтерс) дар рӯзи пардохт муқаррар шуда, ягона аст ва онро ташкилотҳои қарзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истифода мебаранд.


Барои мисол, Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии рубли русиро дар санаи 4 феврали соли равон 0,104 сомонӣ эълон карда, қурби амалиётии хариди рубли русиро бошад, 0,1075 сомонӣ барои як рубли русӣ муқаррар кардааст. Тавре мебинем, қурби хариди рубли русии интиқолӣ назар ба қурби расмии он 3,5 банд баланд аст, ки ин ба фоидаи интиқолгирандаҳо мебошад. Бо ибораи дигар гӯем, агар 1000 рубли русӣ бо қурби расмӣ ба 104 сомонӣ баробар шавад, пас он бо қурби амалиётӣ ба 107,5 сомонӣ баробар мешавад. Тавре мегуянд: “Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест”, вале баъзан зарур аст, ки далелҳои маълумро такрор ба такрор гушрас намоем.


Аз гуфтаҳои боло метавон хулоса баровард, ки муаллифони оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс» ва «Авеста» бе дарки вазъи воқеъии бозори асъор, тартиби муқарраршуда ва таҳқиқи далелу рақамҳо маълумоти носаҳеҳро ба нашр расонидаанд.


Ва ниҳоят, аз намояндагони Воситаҳои ахбори омма хоҳиш мекунем, ки ҳангоми истифодаи арқому далелҳо аз нашрияҳои хориҷӣ оид ба ин ё он хабарҳо аз ҳаёти ҷумҳурӣ, аққалан қабл аз чопи ахбори худ ба дурустию дақиқ будани онҳо таваҷҷуҳ намоянд.


Хадамоти матбуоти

БМТ


29.12.2015

Масъалагузорӣ бояд асоснок бошад

Ҷавоб ба мақолаи Иззатбек Идизода, Усмон Раҳимзода, таҳти унвони “Бонки миллӣ ҷилави аспи асъорҷаллобонро сар дод”, ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, 17.12.2015, №50 (1144)


Сараввал рӯ меорем ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва касбии рӯзноманигорон, ки дар фаъолияти ҳамарӯза барояшон ҳамчун раҳнамо хизмат менамоянд. Масалан, дар моддаи дуюми “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”, дар бораи сареҳияти ахбор, дар баробари он ки ба ВАО ва журналистон риояи тавозуни назарҳо бидуни таҳриф ва ғараз тавсия дода шудааст, боз гуфта мешавад, ки “Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд”. 


Банди дуюми моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” низ, ҳангоми роҳ додан ба сӯиистифода аз озодии сухан ва нодурустии ахбори паҳншаванда, ба ҷавобгарӣ кашидан ишора мекунад. Вале ба назар чунин менамояд, ки бархе аз рӯзноманигорон бехабар аз Кодексу қонунҳои касбии хеш дар масъалаҳои иқтисодӣ масъалагузорӣ карданӣ мешаванд. 


Дар атрофи моддаҳои дигари кодекси ахлоқу қонуни журналистон, масъулияти иҷрои онҳо бештар аз ин ҳарфе гуфтанӣ нестем. Шояд дар ин бора аз мо дида роҳбарону масъулини нашрияҳо ба кормандонашон дарси одоби эҷод ва маҳорати журналистиро беҳтар ба роҳ монанд. Аммо сари мавзуи бардошташуда маълумоте чанд манзури хонандагони закӣ мегардонем. 


Бо таваҷҷуҳ ва андешаи начандон амиқ ба хубӣ, метавон дарк кард, ки соли 2015 иқтисодиёти аксар кишварҳои олам ва ҳатто давлатҳои рушдкардаи Аврупою Осиё низ дар муқобили лаппишҳои доллари ИМА муқовимат карда натавонистанд ва қурби асъори миллиашон ба андозаҳои гуногун коҳиш ёфтанд. Зеро ноустувории нарху наво (бахусус нархи нафт) дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, хавфҳои молиявӣ ва низоъҳои геосиёсӣ дар соли ҷорӣ, ба суръати рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон таъсири амиқ гузошт. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ин давлатҳо тайи якуним соли гузашта аз ноустуворӣ ва тағирёбии иқтисодиёти онҳо дарак медиҳад. Табиист, ки буҳрони идомадори сиёсӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ таъсири манфии худро аз тариқи давлатҳо–шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба вазъи иқтисодиёти ҷумҳурии мо, алалхусус ба бозори асъор, низ расонид. 


Тибқи таҳлилҳои охир, аз оғози сол то нимаи моҳи декабри соли равон қурби расмии сомонӣ аз 5,3074 сомонӣ то ба 6,9212 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ё 30 фоиз коҳиш ёфтааст. Қурби бозории доллари нақди ИМА бошад, аз 5,47 сомонӣ то ба 7,45 сомонӣ барои 1 доллари нақди ИМА, ё 37,1 фоиз баланд шудааст. Пӯшида нест, ки ин раванд ба вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар бетаъсир намемонад ва дар атрофи ин масъала вақтҳои ахир андешаҳои гуногуни муаллифон дар саҳифаҳои бархе аз нашрияҳо низ ба чоп мерасанд. 


Албатта, ошкорбаёнӣ, фошгӯӣ ва изҳори бемамонияти ақидаву андеша нишонаи ҷомеаи озодандешу демократӣ ва субботи сиёсидошта мебошад ва хушбахтона, ин имкониятро имрӯз Сарқонун ва Ҳукумати кишвар барои мо фароҳам овардааст. Аммо сӯистифода бурдан аз озодӣ ва бо истифода аз имконоти дар ихтиёрдошта, ваҳиму аз будаш зиёд баён намудани вазъияту ҳолати аслии кор нишони хирадмандӣ ва ба манфиати давлату миллат нест. 


Бинобар ин, саросемавор ё ноогоҳона дар Воситаҳои ахбори омма суолгузорӣ намудан, ки “ваъдаҳои Бонки миллӣ куҷо шуд?”, “Бар ивази нуқтаҳои мубодилаи асъор БМТ чӣ мехоҳад?”, “Назорати бозори асъор ба дӯши кист?” баёнгари вазъи воқеии ҳолати кор набуда, аз беиттилоии рӯзноманигорон ва ё ба таври зарурӣ дарк накардани мавзуъ дарак медиҳад. 


Мақолаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” таҳти унвони “Бонки миллӣ ҷилави аспи асъорҷаллобонро сар дод” дар назари аввал гӯё маводи таҳлилӣ аст, вале баъди мутолиаи он пай бурдан душвор нест, ки мавод эҳтимол ғаразнок ва ҳадафмандона навишта шудааст. Шикваҳои муаллифон ба амалҳои баъзе аз кормандони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Эсхата”, ҶСП “Фононбонк” дахл дошта бошад ҳам, Бонки миллиро дар ин ҳама камбудиҳо сабабгор медонанд. Ҳол он ки БМТ дар ин самт корро пурзӯр намуда, баръакси навиштаҳои мақолаи мазкур, танҳо дар якуним моҳи гузашта чандин бонку ташкилотҳои қарзии хурдро ҷаримаҳои калон кардааст. 


Дар мавриди ба андешаи муаллифон “баста шудани нуқтаҳои асъор ва бар ивазаш як чизи солим ва фарогир бунёд накардани Бонки миллӣ” бояд гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон соли ҷорӣ, бо назардошти нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо барои таъмини фаъолияти муназзами бозори дохилии асъор ва суботи низоми молиявии кишвар, таъмини муътадиливу қобилияти харидории пули миллӣ, суботи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии муътадили қурб як зумра чораҳои заруриро амалӣ намудааст.


Бояд қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон то ин вақт барои бастани нуқтаҳои мубодилаи асъор ягон дастурро барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол накардааст. Ташкилотҳои қарзӣ дар навбати худ барои ҷарима нашудан, пеш аз муҳлати муқарраршудаи гузариш ба низоми нави анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ, ки бояд тибқи Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” то охири сол ҷорӣ барпо карда мешуд, дар 1 рӯз фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори худро ба якборагӣ қатъ кардаанд. 


Бо мақсади ҷорӣ кардани тартиби нави анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ дар давраи гузариш то охири соли ҷорӣ фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор қатъ гардида, минбаъд амалиёти мубодилавӣ бевосита дар худи ташкилотҳои қарзӣ, дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораи бонк (муваққатан дар нуқтаҳои интиқоли пул) анҷом дода мешаванд. Бонки миллии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки амалиётҳои мубодилаи асъорро бо истифода аз як низоми дуруст ва шаффоф, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, ба роҳ монад. Дар бораи анҷом додани амалиётҳои мубодилаи асъор танҳо тавассути ташкилотҳои қарзӣ (филиалҳо, нуқтаҳои интиқоли маблағҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо), пайваст кардани низоми амалиётии ташкилотҳои қарзӣ ба низоми дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон хабару изҳоротҳо мунтазам дар расонаҳои даврии кишвар ва сомонаи расмии БМТ нашр шуда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ таҳия ва қабул гаштаанд. 


Роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки дар бозорҳои қалон, фурӯшгоҳҳои бузург ва ҷойҳои серодами ҷумҳурӣ барои конеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба анҷом додани амалиётҳои мубодилавии асъор марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳои иловагӣ ифтитоҳ намуда, реҷаи кории онҳоро тағйир дода, фаъолияташонро дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе таъмин намоянд.


Ҳамчунин, бо мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарии шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ анҷом додани амалиётҳои мубодилавӣ ва истифодаи асъори хориҷӣ тағйироту иловаҳо ба кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд. 


Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар қисми таъмини назорат ва санҷиши баҳисобгирии амалиёти бозории асъор, дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чорабиниҳои дахлдор гузаронида истодааст. 


Қайд кардан бамаврид аст, ки тағйирёбӣ ё коҳиши босуръати пулҳои миллӣ нисбати доллари ИМА дар соли 2015 хоси танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Бо вуҷуди доштани иқтисодиёти бузург ва захираҳои калони тиллоию асъорӣ, пули миллии кишварҳои Русия - 36%, Қазоқистон - 71%, Ӯзбекистон -40 %, Беларус - 51,5%, Қирғизистон – 30%, Озарбойҷон - 33,5%, Туркманистон – 30% ва Чин – 2,9% низ дар нисбати доллари ИМА коҳиш ёфтаанд. 


Айни замон Бонкҳои марказии давлатҳои Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон пули милли хешро ба низоми озоди шинокунанда сар додаанд, дар ҷумҳуриҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Беларус бошад, низоми шадиди назоратӣ барои харидории асъори хориҷӣ, алалхусус доллари ИМА ҷорӣ карда шудааст. Ба ибораи дигар гӯем, шаҳрвандон аз бонкҳо танҳо баъди пешниҳоди шиноснома, талон ва ҳаҷми муқарраршуда асъори хориҷӣ харидорӣ карда метавонанд.


Бонки миллии Тоҷикистон талаботи реҷаи қурбии интихобшудаи пули миллӣ - шинокунандаи танзимшавандаро ба роҳ мондааст. Яъне, тибқи дастури БМТ, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ қурби фуруши доллари нақди ИМА-ро мустақилона, бо назардошти вазъи бозори дохилӣ, дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон (болои қурби расмӣ илова намудан то 1,5 %) муқаррар ва амалӣ менамоянд. 


Дар баробари ин, ҳамарӯза вазъи бозори нақд ва фаъолияти муассисаҳои бонкии ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ машғулбуда, назорат шуда, дар ҳолати ошкор шудани ҳаннотӣ ва ё беасос баланд кардани қурб аз ҷониби БМТ чораҳои қатъии огоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида мешаванд. 


Айни ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, имрӯз бозори ғайринақдии асъорро пурра бо асъор таъмин кардааст ва муштариёни бонкҳо метавонанд бо осонӣ талаботи асъории худро қонеъ гардонанд. 


Ва ниҳоят, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз аҳли қалам ва эҷоди ҷумҳурӣ даъват менамояд, ки дар ин давраи буҳронӣ аз чопи ахбору гузоришҳои носанҷидаю ҳангомасоз, ки вақтҳои охир дар баъзе расонаҳои даврӣ нашр мешаванд, худдорӣ кунанд. Вазъияти феълии бозор, талабот ва таъмини он ба пули миллию асъори хориҷӣ таҳти таҳлили доимӣ ва назорати қатъии Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ва дигар мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад ва тамоми чораҳои зарурӣ барои муътадил кардани курби пули миллӣ андешида шуда истодаанд.


Хадамоти матбуоти

БМТ

21.08.2015
БМТ барои муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст

   Тайи ду рӯзи охир сомонаҳои иттилоотии ҷумҳурӣ бе таҳлили амиқ ва муқоисаи рақаму нишондиҳандаҳои иқтисодӣ гузоришҳое ба нашр расонида истодаанд, ки дар пасманзари аз сиёсати шинокунандаи танзимшаванда ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани қурби тенге аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар муддати як шабонарӯз ба андозаи бештар аз 30 фоиз поин рафтани қурби пули миллии он, гӯё дар бозори асъори нақди ҷумҳурии мо ба истилоҳ “асабоният” ва “нофаҳмиҳо” ба миён омадааст.

   Қабл аз ҳама, бояд қайд намоем, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро дорад ва барои ҳимояи манфиатҳои сирф миллияш бо назардошти хусусиятҳои фарқкунандаи ин ё он минтақа ва мамлакат сиёсати хоси асъории худро дар амал татбиқ менамояд.

   Тавре маълум аст, дар рӯзҳои охир вазъи қурби юани Хитой, рубли русӣ ва бархе аз асъорҳои дигари дунё ба тағйироту лаппишҳои бозори асъор рӯ ба рӯ шуда, дар баробари доллари ИМА арзиши онҳо паст шуданд. Бинобар ин, Ҷумҳурии Қазоқистон истиссно шуда наметавонад, зеро масъулини бахши молиявӣ ва бонкии ин кишвар яқин медонистанд, ки баъди ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани тенге, қурби он ба андозаи назаррас коҳиш хоҳад ёфт.   

   Дар робита ба хабарҳои охир, ки баъзе аз онҳо,мутаассифона, оҳанги ҳангомаомез низ доранд, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъияти бозор таҳти назорат қарор дорад. Бонки миллии Тоҷикистон дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ тавассути шуъбаҳои худ дар шаҳру вилоятҳо дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти бозори асъоро ба танзим дароварда, талаботи онро бо асъори хориҷӣ таъмин намуда истодааст ва дар айни замон барои воҳимаю ҳангома кардан дар атрофи ин масъала ягон асос ва замина вуҷуд надорад. Чун ҷумҳурии мо бо Қазоқистон бо асъори хориҷӣ, яъне бо доллари ИМА доду гирифт менамояд, коҳиш ёфтани қурби тенге ба қурби сомонӣ, ба андешаи мо, таъсири чашмрас нахоҳад дошт.

   Қайд кардан ба маврид аст, ки ба санаи 1 августи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 1484 нуқтаи мубодилаи асъор ва 1825 нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд аст ва ҳамаи онҳо фаъолият доранд ва ҳамарӯза амалиётҳои табодули асъорро анҷом медиҳанд.

   Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, бозори ғайринақдии асъорро дар айни ҳол пурра бо асъор таъмин кардааст ва муштариёни бонкҳо метавонанд бо осонӣ талаботҳои асъории худро қонеъ гардонанд.

   Илова бар ин, тавре қаблан хабар дода будем, созишномае, ки дар назар аст Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки халқии Хитой оид ба ҷалби маблағҳои қарзӣ дар рӯзҳои наздик ба имзо расонад, метавонад талаботи бозори асъори ҷумҳуриро ба доллари ИМА кам намояд ва фишори қурбиро ба пули миллӣ коҳиш дода, муътадилӣ ва устувории онро нигоҳ дорад.

   Ва ниҳоят, бо боварӣ метавон гуфт, ки сатҳи муътадили захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ ва имкониятҳои васеъи бонк, ки дар ҷодаи ҷалби маблағҳо ва сармоя аз шарикони байналмилалӣ дорад, ба пешбурди сиёсати мустақили қурбиву монетарии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.


Хадамоти матбуоти 
БМТ



14.07.2015

Корти пардохтӣ ва маблағи дархостшудаи муштарӣ ба соҳибаш баргардонида шуданд


Ҷавоб ба шикояти Зарина Эшон: “Банкомат кортро хурд” (Банкомат съел карту), “Вечёрка”, №24 (211), 1 июли соли 2015 


    

Муштарии ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон” Зарина Эшон дар шикояташ навиштааст, ки дар давоми ду моҳи охир маротибаи дуюм аст, ки ҳангоми гирифтани маблағ аз банкомати бонки мазкур бо мушкилот рӯ ба рӯ мешавад. Дар дафъаи аввал баъд аз дармондани корти пардохтиаш дар банкомат масъулини бонки номбурда ваъда дода буданд, ки баъд аз 30 дақиқа корташро бозпас медиҳанд, аммо танҳо баъд аз гузаштани ду соат ба ваъдаашон вафо кардаанд. Маротибаи дуюм низ баъди айнан такрор шудани ҳамин ҳодиса корти муштарӣ бо таъхир намудани вақт ва бе узрпурсӣ аз тарафи масъулини бонк ба соҳибаш баргардонида шуд. 

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон далелҳо ва саргардониҳою мушкилоти дорандаи корти пардохтиро, ки дар ҳафтанома чоп шудааст, ташвишовар ва ғайриматлуб шуморида, бо Амрномаи худ ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон”-ро вазифадор намуд, ки барои бартараф намудани мушкилоти мазкур чораҳои фаврӣ биандешад. 

Дар мактуби ҷавобӣ роҳбарияти ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон ” иттилоъ дод, ки қазияи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷаи таҳлил маълум гашт, ки фурӯбарии корт дар банкомати ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон ” бори аввал ба вуқӯъ пайвастааст, ки сабаби он корношоям будани корти муштарӣ мебошад. 

Бо вуҷуди ин, ки ҳолати мазкур дар рӯзи истироҳат ба вуқӯъ омада буд, кормандони масъули бонк сари вақт корти пардохтӣ ва маблағҳои дархостшудаи муштариро баргардониданд. 

Дар робита ба ин,, аз шаҳрвандони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки ҳангоми дучор омадан бо камбудию норасоиҳо ва қонунвайронкуниҳо дар бахшҳои низоми бонкии мамлакат ба “Телефони боварӣ”-и Бонки миллии Тоҷикистон + (992) 44 – 600 – 15 – 20 занг зада, аз мушкилоти ба миёномада ба масъулин хабар диҳанд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

 

10.07.2015
Ба корманди масъул барои муомилаи дағалона сарзаниш эълон карда шуд

Ҷавоб ба мақолаи Нигора Саидбекова: “Дигар ба воҳимаву дурӯғ ва сафсатаҳои баъзе бонкҳои кишвар, ки мегӯянд “мизоҷонамон фалону фалон қадар шуд”, бовар накунед!”, “Фараж”, №26(447) аз 24 июни соли 2015 

     Хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” Нигора Саидбекова баъди гум кардани корти пардохтии худ, ки ба ҶСК “Агроинвестбонк” тааллуқ дошт, барои барқарор кардани он ба бахши кортҳои пардохтии Мудирияти амалиётии бонк, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ муроҷиат намуд. 
    Мутахассиси масъули бонк баъд аз гирифтани нусхаи шиноснома, ваъда додааст, ки номбурда метавонад рӯзи дигар омада корти худро бигирад. Ҳамзамон таъкид намудааст, ки пули корти нав ва боҷи давлатӣ аз ҳисоби маблағи дар ҳисобаш доштаи ӯ ситонида мешавад. 
   Аммо, на дар вақти ваъдагӣ ва на чанд рӯзи дигар Нигора Саидбекова натавонистааст корти худро бо ҳар баҳонаи пешовардаи шахси масъули бонки зикршуда дастрас намояд. 
     Болои саргардониҳои зиёд, муомилаи дурушт ва дағалонаи корманди масъули бонк Н. Саидбековаро дилсард гардонид ва дар ниҳояти кор ӯ аз баҳри корти пардохтии худ гузашта, дар ин бора мақолаи мазкурро дар ҳафтаномаи “Фараж” ба табъ расонид. 
     Баъд аз мутолиаи мақолаи номбурда роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Амрномаи худ ҶСК “Агроинвестбонк”-ро вазифадор намуд, ки барои ҳалли қазияи мазкур чораҳои фаврӣ биандешад. Зеро муносибати номатлуб ва ғайрикасбии кормандони масъул бо мизоҷон ба коҳиш ёфтани боварии аҳолӣ ба воситаҳои муосири пардохт ва дар маҷмуъ ба низоми бонкӣ оварда мерасонад. 
     Дар мактуби ҷавобӣ роҳбарияти ҶСК “Агроинвестбонк” иттилоъ дод, ки маводи мазкур дар ҷаласаи Мудирияти амалиётии бонк бо иштироки ҳамаи кормандонаш мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуд. 
     Дар натиҷа барои роҳ додан ба муносибати дағалона бо мизоҷ, ба таври зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои вазифавӣ бо фармони роҳбарият ба Буриев Ш.Ф., - муҳосиби пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ – амалиётии Мудирияти амалиётии бонк муҷозоти интизомӣ дар шакли сарзаниш эълон карда шуд. 
     Дар ҷаласа бори дигар таъкид карда шуд, ки муносибати хуб ва хушгуфторию рафтори боадабона бо мизоҷ вазифаи ҳар як корманди бонк ба шумор меравад ва он бояд дар сатҳи зарурӣ иҷро шавад. 
     Роҳбарияти ҶСК “Агроинвестбонк” бо боварӣ изҳор дошт, ки масъалаҳои риояи муносибату муоширати хуби кормандонро бо мизоҷон минбаъд низ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ меандешад. 
     Дар интиҳо ба ҳамаи муштариёни ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми дучор омадан ба нофаҳмиҳо ва ё қонунвайронкуниҳо дар бахши низоми бонкии мамлакат метавонанд ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон +(992) 44- 600-15-20 занг зада, аз мушкилоти ба миёномада ба масъулин хабар диҳанд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ 

08.01.2015
Даъвои Султонӣ асос надорад

Ҷавоб ба мусоҳиба ва даъвои Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи тоҷир ва сармоядори Эрон Бобак Занҷонӣ таҳти унвони “Султонӣ: Занҷонӣ дар Тоҷикистон $3 000 000 пора дод”, ки дар рӯзномаи “ИмрӯзNews” 7 январи с.2015 аз нашрияҳои эронӣ бознашр шудааст. 


Дар идома ба чандин изҳоротҳои расмиаш нисбат ба сару садоҳои зиёд дар мавриди қазияи сармоядори эронӣ Бобак Занҷонӣ, маблағҳои гумшудаи он ва дар ин кор гӯё даст доштани ҷониби Тоҷикистон, ки тайи ду соли охир дар нашрияҳои дохилию хориҷӣ бо тобишҳо нав ба нав инъикос мегарданд, Бонки миллии Тоҷикистон қотеона ин даъвои беасосро рад менамояд. 
     Таваҷҷуҳ ба порае аз мусоҳибаи Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи номбурда аз он дарак медиҳад, ки ин даъво тахайюлот ё пиндору фикри шахсии ӯ буда, асоси воқеӣ надорад. 
     Қайд кардан зарур аст, ки қаблан низ дар мавриди ташрифи гуруҳи махсуси Бонки марказии Эрон ба Тоҷикистон ва тасдиқи ин гуруҳ оид ба иртибот надоштани Бонки миллии Тоҷикистон ба ин қазия дар воситаҳои ахбори омма иттилою вокуниши иловагӣ пахш шуда буд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

08.12.2014
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи стандартӣ ба реҷаи муқаррарӣ ворид карда шуд

Вокуниш ба ахбори хабарнигори ҳафтаномаи “Наҷот” таҳти унвони “Душанбе ҳамкориҳо дар мубориза бо пулшӯиро мусбат арзёбӣ кард”, аз 20 ноябри соли 2014

Воқеан ҳам бояд зикр намуд, ки соли 2008 аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ зимни баҳогузории кишвар ва хулосаи Гуруҳи Авросиё дар ҷаласаи 9 Пленарӣ, ки дар ш. Москва баргузор гардида буд, Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм дар реҷаи “мониторинги қатъӣ” қарор дода шуда буд.

Тибқи тартиби коргузории Гуруҳи Авросиё Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола доир ба корҳои дар ин самт анҷомдодаи хеш ва мутобиқ намудани қонуну санадҳои ҷумҳурӣ ба тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) дар ҳар як ҷаласаҳои Пленарии Гуруҳи Авросиё ва ФАТФ ҳисобот пешниҳод менамояд. 

Бо тақозои талаботи ин ташкилотҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар давоми ду соли охир қонунгузории худро ба талаботи тавсияҳои ФАТФ мутобиқ намуда, амалияи онро аз ҷониби сохторҳои марбута ба роҳ монад. 

Вобаста ба ин пешравиҳо дар Ҷаласаи 20 Пленарии Гуруҳи Авросиё, ки моҳи июни соли 2014 дар ш.Москва (Федератсия Россия) баргузор гардид Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи махсус ба реҷаи стандартӣ гузаронида шуд. 

Ҳамзамон дар ҷаласаи навбатии ФАТФ, ки моҳи июни соли ҷорӣ баргузор гардид, ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардида, ҷиҳати дар амалия дида баромадани ин талабот қарор оиди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намудани ҳайати махсуси ФАТФ бароварда шуд. 

Баъд аз хулосаи пешниҳодгардидаи ин ҳайат, ки 24-25 сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати санҷиш ва омӯзиши ин низом ба ҷумҳурӣ ташриф оварда буданд, дар ҷаласаи навбатии ФАТФ моҳи октябри соли 2014, ки дар ш.Париж (Фаронса) баргузор гардид Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи мониторинги қатъӣ бароварда шуд.

Илова бар ин, дар Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё, ки 10-14 ноябри соли ҷорӣ дар ш.Душанбе баргузор гардид, бо дастгирии кулли иштирокдорони он Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи стандартӣ ба реҷаи муқаррарӣ ворид карда шуд. 

Барои маълумот: Хулосаҳои қабулшуда нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаҳои расмии ФАТФ (http://www.fatf-gafi.org) ва Гуруҳи Авросиё (www.eurasiangroup.org) нашр гардидаанд. 

Хадамоти матбуоти БМТ 

03.12.2014
Дар муомилоти ҷумҳурӣ маблағи 30,5 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мавҷуд аст

Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори рӯзномаи “ИмрӯзNews” Сафарбой Шарифов “Танга нест? Ба ҳукумат ариза пешниҳод кунед” аз 14 ноябри с.2014, №208(973)

Бо мақсади такмили сохтори низоми пулии ҷумҳурӣ ва дар ин замина таъмин намудани эътимоднокӣ ва устувории он, мутобиқи банди 16 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба муомилот баровардани тангаҳои филизӣ” аз 3 сентябри соли 2001 тангаҳои филизии бо арзиши 1, 2, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам барориши соли 2001 ба муомилот бароварда шуданд. 
     Дар банди сеюми Фармони номбурда омадааст: “Муассисаҳои савдо, нақлиёт ва корхонаҳои дигар, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасонӣ тангаҳоро ба миқдори зарурӣ захира намоянд”. 
    Айни замон, бо қарорҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои соли бароришашон 2001, 2006 ва 2011 бо арзиши (1,3,5 сомонӣ ва 1,2,5,10,20,50 дирам), ки ба муомилот бароварда шудаанд, баробар гардиш менамоянд ва дар ҳаҷму номиналҳои зарурӣ мавҷуданд. Дархостҳои ташкилотҳои қарзӣ ба қадри зарурӣ саривақт таъмин мегарданд. 
     Қайд кардан бамаврид аст, ки дар айни замон дар муомилоти ҷумҳурӣ маблағи 30,5 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ дар гардиш қарор доранд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

14.11.2014
БМТ чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори ҳафтаномаи Азия-Плюс Маҳастӣ Дустмуродова

Воқеан тағйирёбиҳои қурбие, ки чанд ҳафта инҷониб дар бозори дохилии асъор вобаста ба вазъи берунӣ-иқтисодӣ, яъне таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо мушоҳида мешаванд, то андозае ба болоравии нархи баъзе аз маҳсулоти асосии воридотӣ таъсири худро расонид. Айни замон, тағйирёбии мазкур танҳо дар нархи орд, ки дар мақолаи мазкур зикр гардидааст, дида мешавад. Аммо, чунин тағйирёбиҳо дар дигар маҳсулотҳои воридшаванда дар бозорҳои дохилӣ то ҳол ба назар намерасад. 
     Бояд таъкид намуд, ки ба ҳаргуна эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон боиси зиёд гардидани омилҳои интизорӣ шуда, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад. Аз ин лиҳоз, ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки оромию таҳаммул барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор махсусан муҳим мебошад. Зеро, тибқи интизориҳо раванди мазкур хусусияти кӯтоҳмуддат ва муваққатӣ дошта, бо паст гардидани фишорҳои қурбӣ, нархи маҳсулоти воридотӣ чун солҳои пешин ба нуқтаи мувозинатӣ (аввала) бармегардад. 

Тағйирёбии миёнамоҳонаи нархи маҳсулотҳо дар кишвар дар солҳои 2010-2014 (1 кг/сомонӣ)



Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати пешгирии таъсири фишорҳои қурбӣ ба низоми молиявии кишвар мудохилаҳои асъориро анҷом дода, барои роҳ надодан ба ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор чораҳои зарурӣ андешида истодааст. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ  

26.06.2014
Ҷавоб ба мақолаҳои сомонаи Радиои Озодӣ “Бобак Занҷонӣ ва шустушӯи пулҳои нафт дар Тоҷикистон”(5.10.с.2013) ва рӯзномаи “ИмрузNews” “Дурӯғи Занҷонӣ” (7.10.с.2013).

Қабл аз ҳама бояд изҳор намоем, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар нишасти матбуотии бонк, ки 23 июли соли равон баргузор гардида буд, бо чунин мазмун, ки гӯё “вай дар бораи Занҷонӣ ва таҳримҳои Амрико бар зидди ҶСП БС “Конт Investment Bank” чизе намедонад”, ба ҳозирини нишаст дар ин шакл маълумот пешниҳод накарда буд.

Зеро то ин вақт бо назардошти талаботи таҳримҳо ва дар асоси тафтиши мутахассисони бонк бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2013 №48 ҶСП БС “Конт”аз ҳуқуқи кушодани филиал ва иштирок кардан дар аҳдҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ маҳрум карда шуд.

Дар айни замон ҶСП БС “Конт” ҳуҷҷатҳои заруриро, ки алоқаманд будани бонкро ба асосҳои дар таҳрим овардашуда рад менамоянд, омода намуда, ба Департаменти назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА (OFAC) ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) пешниҳод намудааст.

Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналхалқии ҷумҳурӣ Бонки миллии Тоҷикистон тавассути дастури махсус тамоми ташкилотҳои қарзии кишварро уҳдадор намудааст, ки то рӯзи аз рӯйхати таҳрим хориҷ шудани ҶСП БС “Конт” ҳамкорӣ ва ҳисоббаробаркуниро бо ташкилоти мазкур боз доранд.

Боиси таассуф аст, ки сарфи назар аз татбиқи чораҳои зарурӣ дар ин самт, намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳангома ба миён меоранд ва мардумро ба иштибоҳ бурданӣ мешаванд.

Хадамоти матбуоти БМТ

23.05.2014
Ҳаҷми қарзҳои ташкилотҳои қарзии ба аҳолии ВМКБ додашуда ба таври назаррас афзуд

Ҷавоб ба номаи соҳибкорону тоҷирони Бадахшон “Моро кӣ муфлис мекунад: ҳукумат ё бонк”, ки 5 марти соли равон дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” нашр шудааст.

     Қабл аз ҳама, бо арзи эҳтиром ба соҳибкорону тоҷирони Бадахшон изҳор менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон салоҳияти ба шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ пешниҳод ва ё додани қарзро надорад. Зеро мақсади асосии он ноил шудан ва нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад. Мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон бошад, инҳоянд: - таъмини устувории низоми бонкии давлат; - мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.
     Сониян, ба маълумотатон мерасонем, ки дар давоми ду соли охир ҳаҷми қарзҳои аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ба аҳолии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) додашуда ба таври назаррас афзудааст. Барои мисол, агар дар соли 2012 ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои вилоят 105 758 ҳазор сомонӣ қарз дода шуда бошад, дар соли 2013 ин рақам ба 154 752 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки назар ба соли қаблӣ қариб 49 млн. сомонӣ зиёд аст. Агар ба сохтори қарзҳои додашуда аз рӯи соҳаҳо назар андозем, маълум мешавад, ки маблағҳо ба соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, аз қабили кишоварзӣ, саноат, сохтмон, хизматрасонӣ, истеъмолот ва савдои хориҷӣ дода шудаанд. Меъёри фоизҳои миёнавазн аз рӯи қарзҳо бо пули миллӣ дар соли 2013 аз 25,97% то 23,27% коҳиш ёфт. Бо асъори хориҷӣ бошад, нишондиҳандаи мазкур аз ин ҳам пасттар шуд.
     Ҳамчунин солҳои охир дар самти ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеии вилояти номбурда ба ташкилотҳои қарзии минтақавӣ нишондиҳандаҳои хуб ба даст омадаанд. Масалан, дар соли 2012 пасандозҳо дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ маблағи 959’524,2 ҳазор сомониро ташкил дода буданд. Дар соли 2013 бошад, ин нишондиҳанда ба 1’173 202,4 ҳазор сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба як соли пеш аз ин 213’678,2 ҳазор сомони зиёдтар аст. Афзоиши бомароми пасандозҳои мардум дар бонкҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоди мардум ба низоми бонкии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз қавитар мегардад. Илова бар ин, зиёд шудани амонатҳо имконият медиҳад, ки дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ, яъне сари вақт гирифтани қарз аз ҷониби онҳо таъмин карда шавад.
     Албатта, имрӯз дар соҳаи бонкдорӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон дигаргуниҳо ба чашм мерасанд, барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба мардум шуъбаю филиалҳои нави бонкҳо кушода шудаанд, шумораи муштариёни ташкилотҳои қарзӣ ба маротиб афзудаанд. Пӯшида нест, ки дар он ҷое, ки кор аст, камбудӣ ё норасоиҳо баъзан мушоҳида мешаванд. Дар шуъбаю намояндагиҳои ташкилотҳои қарзии ВМКБ камбудиҳои марбут ба нарасидани кадрҳои баландихтисос, техникӣ ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ мавҷуд ҳастанд. Дар ин самт корҳо барои ислоҳи камбудиҳо идома доранд.
     Аз он ҷумла, масъалаи паст кардани фоизи қарзҳои бонкӣ, соддаю дастрас кардани пешниҳоди қарзҳо, ҷалби ҳарчи бештари пасандозҳо бо фоизҳои муносиб ҳамеша дар мадди назари Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.
     Инчунин бо мақсади васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, алалхусус дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва дар ин замина зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо” қабул карда шуд. Акнун ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо метавонанд берун аз маҳали воқеъгардидаи худ марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои мубодилаи асъор, нуқтаҳои интиқоли пул ва воҳиди сайёр таъсис диҳанд.
     Илова бар ин, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд имконият пайдо карданд, ки бо ҷалби бештари пасандозҳо ва васеъ намудани фазои хизматрасонии бонкӣ ба муштариёни худ шароити беҳтар муҳайё намоянд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

23.04.2014
Қаблан ба ширкатҳои аудиторӣ иҷозатномаҳои бе рақам дода мешуданд

Ҷавоб ба мақолаи "Аудити Амонатбонк ғайриқонунӣ буд!", ки 27 марти соли равон дар ҳафтаномаи "СССР", (№13) ба нашр расидааст.

     Бонки миллии Тоҷикистон роҷеъ ба мактуби Шумо аз 31 марти соли 2014, №5 дар мавриди бо иҷозатномаи бе рақами Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият намудани ҶДММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) иттилоъ медиҳад, ки қаблан, яъне дар солҳои аввали истифодаи ин таҷрибаи байналхалқӣ ба ширкатҳои аудиторӣ иҷозатномаҳо барои фаъолияти аудиторӣ бе рақам дода мешуданд.
     Дар айни замон, иҷозатномаҳо мутобиқи талаботи Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” аз 3.04.с.2007, №172 дар матбаа чоп карда шуда, бо рақам дода мешаванд.
     Тибқи талаботи Низомномаи мазкур ба ҶДММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ ба муҳлати панҷ сол 26 декабри соли 2013 таҳти рақами (БМТ №0000019) дода шудааст.
     Дар асоси иҷозатномаҳои гирифташуда ва талаботи қонуни дар ҳамон вақт амалкунанда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”) аудити БДА ҶТ “Амонатбонк” аз ҷониби ҶММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Қирғизистон) 2 маротиба (солҳои 2006-2007) ва ҶДММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) 3 маротиба (2008-2010) гузаронида шуда, нусхаи хулосаҳои аудиторӣ аз тарафи БДА ҶТ “Амонатбонк” ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Қобили зикр аст, ки ҶДММ “Делойт ва Туш” бе танаффус зиёда аз 5 маротиба аудити БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро анҷом надодааст, яъне ҶДММ “Делойт ва Туш” талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон накардааст.
     Қайд кардан ба маврид аст, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» (аз 19.05.с.2009, №524) муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» татбиқ мегардад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

15.04.2014
Бонки миллиро на Палатаи савдо, балки Палатаи ҳисоб санҷида истодааст

Вокуниш ба ахбори “Дар Бонки миллӣ чӣ меҷӯянд?”, ки 3 апрели соли равон дар сомонаи “Фараж” нашр шудааст.


    Қабл аз ҳама, бояд иброз намоем, ки 3 апрели соли ҷорӣ, соати 10:43 дақиқа дар сомонаи “Фараж” хабаре таҳти унвони “Дар Бонки миллӣ чӣ меҷӯянд?” бо чанд иштибоҳ ба нашр расида буд.
    Дар мавриди мавҷуд будани хатогиҳо дар матни ахбор бо иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи “Фараж” Дилшоди Абдулмаҷид суҳбати телефонӣ доштем ва баъди он дар маводи нашршуда хатогӣ ислоҳ ва номи “Палатаи савдо” ба “Палатаи ҳисоб иваз карда шуд.
    Қобили қайд аст, ки санҷиши феълӣ фаъолияти панҷ соли охири Бонки миллиро дарбар мегирад ва мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дархости расмии Палатаи ҳисоб муҳлати санҷиш тамдид гардид.
    Илова бар ин, дар айни замон аз ҷумлаи кормандони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ на 40 нафар, балки 16 нафар бо мақсади омӯзиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар бонк қарор доранд ва фаъолияти худро идома дода истодаанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

12.03.2014
Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи додани қарз ба соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқиро надорад

Вокуниш ба мақолаи “Аз ширинӣ ба асал!”, ки 5 ва 10 марти соли равон дар ҳафтанома ва сомонаи “Фараж” нашр шудааст.

     Бо истифода аз имконияти мусоид тамоми рӯзноманигорони ҷумҳуриро бо фарорасии Иди матбуоти тоҷик ва Наврӯзи фархундапай, ҳамчунин Баҳори нозанин самимона табрик мегӯем ва барояшон комёбиҳои беназирро орзумандем.
     Дар робита ба андешаҳои муаллиф Ҷамила Мирбозхонова оид ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси ҷой доштани камбудиҳои дар раванди иҷозатномадиҳӣ ва додани қарз иброз менамоем, ки дар мақола барои исботи ин фикр ягон гуна арқому далели қотеъ оварда нашудааст.
     Дар ибтидо оид ба масъалаи иҷозатномадиҳӣ ба ташкилотҳои маблағгузории хурд зикр менамоем, ки баъди зиёд намудани андозаи сармояи оинномавии онҳо аз соли 2009 ба ин ҷониб шумораи кушодашавии онҳо якчанд маротиба кам шуд. Масалан, агар дар соли 2009 ба 24 ташкилотҳои маблағгузории хурд иҷозатнома дода шуда бошад, пас дар соли 2010- ин нишондиҳанда 5 адад, 2011- 2 адад, 2012 – 4 адад ва 2013 – 4 адад иҷозатномаро ташкил додааст. Дар соли сипаришуда 7 фонди қарзии хурд бинобар сабаби фаъолият накарданашон барҳам дода шуданд, ки ин аз ташаккул ёфтани бозори маблағгузории хурд ва пурзуршавии рақобати солим дар он шаҳодат медиҳад.
     Ташкилотҳои маблағгузории хурд аввал дар мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд. Танҳо баъди бақайдгирии давлатӣ ва пурра иҷро кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” Бонки миллии Точикистон дар муҳлати то ду моҳи баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар бораи ба ташкилотҳои маблағгузории хурд додан ё надодани иҷозатнома қарор қабул менамояд. Ба маълумоти ҳафтаномаи “Фараж” расонида мешавад, ки ҳамаи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки дар мақомоти андози ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар муҳлати муқараргардидаи қонун иҷозатномаҳои худро гирифтаанд. Бинобар ин, маълумоте, ки дар мақолаи номбурда оварда шудааст, ҳақиқати ҳолро таҳриф мекунад.
     Қайд кардан зарур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи додани қарз ба соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқиро надорад. Танҳо Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” метавонад дар ҳолатҳои фавқулода ҳамчун қарздиҳандаи ниҳоӣ бо шарти аз фоизи бозорӣ ду банди фоизӣ баландтар ва ба муҳлати то 3 моҳ ба ташкилотҳои қарзӣ барои таъмини пардохтпазирии онҳо қарз диҳад. Тибқи маълумоти Идораи амалиёт дар бозори озод, ки масъули амалиёти қарздиҳии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, дар муддати 4 соли охир ягон ташкилоти маблағгузории хурд барои гирифтани қарз ба бонк муроҷиат накардааст. Ба андешаи мо, дар ин робита иддаои муаллифи мақола дар бораи аз ҷониби кормандони Департаменти назорати бонкӣ ба истилоҳ гирифтани “сафедӣ” даъвои бепоя ва иғво мебошад.
     Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки Департаменти назорати бонкӣ салоҳияти ба ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод ва ё додани қарзро надорад. Зеро ин воҳиди сохторӣ барои танзим ва назорати фосилавӣ, санҷиш дар ҷойҳо, инчунин иҷозатномадиҳию тадбирҳои имдодӣ ваколатдор аст, ки ҳадафи асосии он ҳимояи манфиатҳои амонатгузорону қарздеҳон ва таъмини устувории низоми бонкии давлат мебошад.
     Мутаассифона, чунин ба назар мерасад, ки муаллиф аз тартиби воқеии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон доир ба қарздиҳӣ огоҳӣ надорад ва ин боиси ба миён омадани нофаҳмиҳо дар баррасии масъала шудааст.
Илова бар ин, таъкид менамоем, ки бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба миён меояд, дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ +(992) 44- 600-15-20 фаъолият менамояд.
     Муштариён метавонанд дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами номбурда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд. Телефони боварӣ рӯзҳои корӣ аз соати 8-00 то 17-00 фаъолият мекунад.
     Доир ба фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” қайд менамоем, ки муассиси ягонаи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва таърихи тулонии фаъолияти босамар дорад. Аз ин рӯ, ҳамчун бонки “нафақадиҳӣ” муаррифӣ кардани он нодуруст мебошад. “Амонатбонк” дар баробари ба нафақадиҳӣ машғул будан, инчунин ба аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетию дигар субъектҳои хоҷагидорӣ хизматрасонӣ намуда, номгӯи васеи амалиёти бонкиро анҷом медиҳад.
     Ва инак, ба диққати хонандагони гиромӣ мавқеи расмии роҳбарияти БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро дар мавриди масъалаи зикргардида манзур медорем.







     Дар интиҳо қайд менамоем, ки мақола ғаразноку яктарафа буда, муаллифи он дар бораи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳию додани қарз ва хизматрасонии нафақавии БДА ҶТ “Амонатбонк” маълумоти дақиқу мукаммал надорад.
     Боиси таассуф аст, ки надонистани нозукиҳои фаъолияти гуногунҷабҳаи Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби муаллиф ва бидуни таҳлилу таҳрир ба чоп расонидани чунин мақолаҳо аз ҷониби ҳафтанома сабабгори ба иштибоҳ равона кардани доираи васеи хонандагон мегардад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

03.03.2014
Пеши роҳи хавфи эҳтимолӣ гирифта шуд

Ҷавоб ба ахбори “Палата ва прокуратура фаъолияти Бонки миллиро месанҷанд?”, ки дар сомонаи “Фараж” 28 феврали соли 2014 нашр шудааст.


     Қабл аз ҳама, бояд изҳор намоем, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” кормандони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ аз оғози моҳи феврали соли равон барои омӯзиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар бонк қарор доранд ва то охири даҳаи дуюми моҳи март фаъолияти худро идома хоҳанд кард.
     Сониян, таъкид мекунем, ки дар ҳайати номбурда ба ғайр аз намояндагони Палатаи ҳисоб кормандони мақомоти дигар шомил нестанд.
     Дар мавриди қазияи ширкати “Ҳафт бурҷ” иттилоъ медиҳем, ки бо мақсади таъмини манфиатҳои аҳолӣ ва пешгирии хавфи эҳтимолӣ кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва мақомоти дигари мамлакат фаъолияти ширкати номбурдаро омӯхта, маводи заруриро ба мақомоти судӣ пешниҳод намуданд.
     Дар натиҷа хулосаи ҷамъбастӣ аз ҷониби мақомоти судӣ қабул гардид ва қарор дар бораи баста шудани ширкати зикршуда бароварда шуд.
     Метавон гуфт, ки дар ҳамкорӣ ва бо кушишу талоши якҷояи якчанд мақомот пеши роҳи хатаре, ки ба халалдор кардани манфиатҳои аҳолӣ равона шуда буд, гирифта шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

07.01.2014
Шарҳи мухтасар вобаста ба ахбори сомонаи форсии радиои тоҷикӣ оид ба мақолаи “Фош шудани тақаллубкории Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон”

ҶСП БС “Конт Investment Bank” таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дошта, вобаста ба ин талаботҳо хизматрасонии интиқолҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст.
     Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар таъйид менамояд, ки тавассути суратҳисобҳои мавҷудаи бонки мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ягон амалиёти интиқолӣ, ки аз ҷониби таҳрими зикршуда манъ гардидааст, гузаронида нашудааст.
     Ҷиҳати муҳокимаи масъала вохӯрӣ бо ҳайати баландпояи намояндагии эронӣ бо сарварии муовини Раиси Бонки марказии Эрон тибқи риояи муқаррароти протоколӣ барпо шуда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф сурат гирифта буд.
    Боиси таассуф аст, ки дар мақолаи дарҷшуда кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷро намудани расмиёти протокол ҳамчун кашолкорӣ барои ташкили мулоқот маънидод шудааст.
     Илова бар ин, гурӯҳи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба пуррагӣ равшан намудани вазъи масъала дар ҶСП БС “Конт Investment Bank” кор бурда истодааст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

12.11.2013
Ба пулҳои қалбакӣ дар муомилот ҷой нест

Ҷавоб ба мақолаи рӯзномаи “ИмрӯзNews” “Миллионҳои қалбакӣ”,
2 октябри с. 2013


     Дар ибтидо ба рӯзномаи “ИмрӯзNews” ва дигар ҳафтаномаҳою сомонаҳои интернетии ҷумҳурӣ, ки ба чунин як мавзуи муҳим – тақаллуби асъор таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ахбору мақолаҳо ба нашр расонидаанду мардумро бо ин восита ба ҳушёрию зиракӣ даъват намудаанд, миннатдории хешро баён менамоем. Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои васеи ин минбарҳои фаврии ташвиқотию тарғиботӣ ба маълумоти кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ, ташкилотҳои қарзӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мерасонад, ки дар муомилоти пулии кишвар баъзан метавонад ҳодисаҳои пайдо шудани пулҳои қалбакӣ, хоса асъори хориҷӣ ба миён ояд.
     Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳангоми сару кор гирифтан бо пули нақд зираку мушоҳидакор бошем ва ин падидаи номатлубро, ки гоҳ-гоҳе аз худ дарак медиҳад, нодида нагирем. Зеро шахсон ё гурӯҳҳои тақаллубкор, бахусус дар бахши сохтани пулҳои қалбакӣ дар ҳама давру замон вуҷуд доштанд ва бо мақсадҳои гуногуни худ ба ин кор даст мезаданд. Бояд ҳамагон дарк намоем, ки гардиши пулҳои қалбакӣ дар муомилот метавонад ба паст шудани қурби пули миллӣ оварда расонад, ба ҳаёти иҷтимоии ҳар шахс ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар зиён оварад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди тақаллубкории пул натанҳо вазифаи сохторҳои маъмурӣ, балки яке аз вазифаҳои муқаддаси низоми бонкӣ ва ҳатто ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
     Албатта, дар ин маврид саволе пайдо шуданаш мумкин аст, ки бо кадом роҳу воситаҳо метавон бо ин амали нопок мубориза бурд. Имрӯз мо дар қарни рушди босуръати илму техника зиндагӣ мекунем ва ширкатҳои истеҳсоли дастгоҳҳои бонкии олам барориши чунин мошинҳои пулшумории навтаринро ба роҳ мондаанд, ки онҳо дар ҷараёни пулшуморӣ пулҳои қалбакиро ба осонӣ ошкор менамоянд. Ба ғайр аз ин, дастгоҳҳои навтарине дар соҳаи бонкӣ вуҷуд доранд, ки истифодаи онҳо муайян кардани аслияти пулро хело осон кардаанд. Вобаста ба ин, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки хазинаҳои бозшумории худро бо чунин дастгоҳҳои ҳозиразамон таъмин намоянд ва истифодаи онҳоро ба роҳ монанд.
     Бояд қайд намуд, ки дар тули таърихи мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот пайдо шудани пулҳои тақаллубии чӣ миллӣ ва чӣ хориҷӣ хеле кам ба қайд гирифта шудаанд.
     Бо вуҷуди ин, аз сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки барои эмин нигоҳ доштани маблағҳои нақдии худ унсурҳои ҳимоявии пули миллиро аз бар кунанд ва ҳангоми доду гирифт пулҳоро бодиққат аз назар гузаронанд. Ошкор намудани пулҳои қалбакӣ дар марҳалаи аввали пайдоишашон яке аз тарзҳои мубориза зидди тақаллубкорӣ мебошад.
     Ва ниҳоят шаҳрвандонро зарур аст, ки амалиётҳои хариду фурӯшро танҳо бо пули миллӣ анҷом бидиҳанд ва ҳангоми ошкор шудани пулҳои шубҳанок ба сохторҳои маъмурӣ хабар диҳанд. Агар барои ба роҳ мондани ин ё он доду гирифт зарурияти истифодаи асъори хориҷӣ ба миён ояд, бояд ин гуна амалиёт ба воситаи бонкҳо ё нуқтаҳои мубодилаи асъор анҷом дода шаванд.

Хадамоти матбуоти
Бонки миллии Тоҷикистон

17.10.2013
Муҳлатҳои пардохти қарз ва фоизҳои он дароз карда шудаанд

Ҷавобба мақолаи ҳафтаномаи “Нигоҳ” “Корвон баъди як сол: оташ хомӯш нашудааст?”, 4 сентябри с. 2013

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Раиси ш.Душанбе “Оид ба тадбирҳои таъхирнопазир вобаста ба ҳодисаи сӯхтори шоми 5 сентябри соли 2012 дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ “Бозори Корвон”” ва ҳимояи муштариёни ташкилотҳои қарзӣ дар ҷараёни фаъолияти Ситоди махсус, ки барои омӯзиш ва рафъи оқибатҳои воқеа таъсис дода шуда буд, дар доираи салоҳияти худ чораҳои заруриро андешид.

Бонки миллии Тоҷикистон бо вуҷуди он ки мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ҳуқуқи ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ мудохила кардан, аз ҷумла манъ кардани пардохти қарз ва фоизҳои онҳоро надорад, дар ин мавриди мушаххас ба ташкилотҳои қарзӣ тавсияҳои заруриро ирсол намуд.

Бояд қайд намоем, ки тавсияҳоро дар хусуси мусоидат намудан ба тамдиди муҳлати қарз ва худдорӣ кардан аз ситонидани ҷаримаҳо барои саривақт насупоридани қарз ва фоизҳои он Бонки миллии Тоҷикистон 12 сентябри соли равон ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ равон карда буд.


(нусхаи барқияи телефонӣ замима мегардад).



Илова бар ин, дар рафти кори Ситод аксарияти мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ хоҳиш карда буданд, ки то як давраи муайян муҳлатҳои пардохти маблағҳои қарзи асосӣ ва фоизҳои он дароз карда шаванд. Дар натиҷа хоҳишу дархостҳои ҳар як соҳибкор ба инобат гирифта шуда, баъди гузаронидани таҳлил, ташхиси ҳолати воқеӣ ва суҳбатҳо бо зарардидагон, ки муштариёни ҶДММ “Бозори Корвон”мебошанд ва аз ташкилотҳои қарзӣ қарз гирифтаанд, оиди тамдиди муҳлатҳои қарз ва фоизҳои онҳо тадбирҳо андешида шуд.

Ва ниҳоят бояд изҳор намоем, ки бахшидани маблағи қарз ё фоизҳои он ба салоҳияти ташкилотҳои қарзӣ марбут аст ва дар сурати ба таври мусбат ҳал шуданаш, он дар асоси Шартнома сурат мегирад.

Хадамоти матбуоти

БМТ

03.07.2013
Абдуҷаббор Ширинов ҷашни 60-солагиашро умуман барпо накарда буд

Ҷавоб ба мақолаи Ҷамила Мирбозхонова “Бемасъулиятӣ дар бонки масъулиятшинос”, ки дар ҳафтаномаи “Озодагон” 26 июни соли 2013 таҳти №25 (285) ба чоп расидааст

      Қабл аз ҳама бояд қайд намуд, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов на 22 июн, тавре дар мақолаи номбурда омадааст, балки 20 июни соли равон ба синни 60-солагӣ қадам ниҳоданд. Илова бар ин, 20 июн, яъне панҷшанбе ва чанд рӯзи пеш аз ин бо сафари муҳими корӣ дар вилояти Суғд қарор доштанд.

      Дар мавриди он ки гӯё рӯзи шанбе, 22 июни соли ҷорӣ раиси БМТ А. Ширинов тантанаи ҷашни мавлуд барпо намудаю меҳмонон барои табрикаш омада бошанд, танҳо ҳаминро иброз доштанием, ки  он рӯзро ӯ дар дафтари кории худ барои ҳаллу фасли масъалаҳои бонкӣ сарф намуд.

      Таассуфовар он аст, ки ҳафтаномаи “Озодагон” маълумоти бардурӯғ ва иғвоангезро насанҷида ба нашр расонидааст, зеро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов умуман ҷашн ё тантанаи 60-солагиашро барпо накарда буд.

                Хадамоти матбуоти

БМТ

10.05.2013
Афви маблағҳои пулии шаҳрвандон имконияти қарздиҳии бонкҳоро васеъ кард

Ҷавоб ба мақолаи “Отмыли и забыли?”- и Игор Лекаркин, ҳафтаномаи “Азия-Плюс” (№20 аз 14 марти соли 2013)

Дар робита ба саҳми пулҳои ҷалбшуда ба рушди иқтисодиёти миллӣ пас аз гузаронидани чорабинӣ оид ба афви маблағҳои пулии шаҳрвандон дар моҳи июни соли 2003 қайд намудан зарур аст, ки як қисмати муайяни маблағҳои ба расмият дароварда (18,2%), дар низоми бонкӣ боқӣ монд. Дар маҷмуъ, дар давоми бештар аз ду моҳи барои ин чорабинӣ ҷудошуда маблағи зиёда аз 589 млн. сомонӣ ба расмият дароварда шуда буд.
Акнун рӯ меорем ба факту рақамҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат дар ҳамон шабу рӯз. Таваҷҷуҳ намоед, дар соли 2003 даромади умумии буҷети давлатӣ ҳамагӣ 776,3 млн. сомонӣ ва ММД-и номиналӣ 4’761,4 млн. сомониро ташкил дода буд. Маблағе, ки дар натиҷаи афви маблағҳои пулии шаҳрвандон ба даст омад, 76 фоизи даромади умумии буҷети давлатӣ ва 12 фоизи ММД-и ҳамон солро ташкил намуд. Танҳо ба таври мисол овардани рақамҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки то чи андоза дар он шабу рӯз гузаронидани ин маъракаи молиявӣ барои таҳкими иқтисодиёти ҷумҳурӣ муҳим ва саривақтӣ буд. Илова бар ин, иқдоми зикршуда барои боло рафтани эътимоди мардум ба низоми бонкии мамлакат як такони ҷиддӣ бахшид.
Ба ҳамагон маълум аст, ки вақте пасандозҳо ва амонатҳо дар шакли маблағҳо ба тавозуни бонк ворид гашта, дар суратҳисобҳо нигоҳ дошта мешаванд, дар навбати худ онҳо чун қарзҳои гуногун барои дастгирӣ ва маблағгузории бахши хусусӣ, рушди иқтисодиёти кишвар, фаъолияти соҳибкории хурду миёна равона мегарданд. Масалан, дар соли 2003 ҳаҷми бақияи қарзҳо ҳамагӣ қариб 672 млн. сомониро ташкил дода буд, ҳол он ки соли гузашта ин нишондиҳанда қариб ба 5,7 млрд. сомонӣ баробар шуд.
Аз ин рӯ, оид ба саволе, ки оё чорабинии афви маблағҳои пулии шаҳрвандон ба рушди соҳаҳои мухталифи кишвар таъсир дошт ё не, албатта, бидуни шубҳа метавон изҳор намуд, ки саҳми назаррасе гузошт.
Дар мақолаи “Отмыли и забыли?” муаллифи он Игор Лекаркин оид ба истифода ва саҳми ин маблағҳо ба чашми шак нигариста, шубҳа дорад, ки ба андешаи мо, ин назари хусусии хабарнигор мебошад.
Гузашта аз ин, гузаронидани марҳила ба марҳилаи ислоҳотҳо дар низоми бонкӣ ҷиҳати васеъ кардани хизматгузориҳо, такмили қонунгузорӣ ба тақвият ёфтани мавқеи ташкилотҳои қарзӣ мусоидат намуданд. Дар ин бора хонандагони гиромӣ метавонанд аз сомонаи БМТ маълумоти заруриро дастрас намоянд. Аз ҷумла, дар саҳифаҳои сомонаи бонк ҳамаи далелҳо ва маълумотҳои зарурӣ вобаста ба рушди низоми бонкӣ, зиёд шудани шумораи ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ оварда шудаанд.
Вобаста ба эътимод ва боварии мардум ба низоми бонкӣ пас аз гузаронидани афви маблағҳои пулии шаҳрвандон қайд кардан бамаврид аст, ки маълумотҳои омории мавҷуда низ дар бораи сол ба сол зиёд шудани ҳаҷми пасандозҳо далели то чи андоза баланд шудани ин боварии мардум мебошад.
Барои исботи фикри боло ба нишондиҳандаҳо оид ба ҳаҷми пасандозҳои чанд соли пеш назар меандозем. Барои мисол, соли 2003 дар низоми бонкии мамлакат ҳамагӣ 242,5 млн. сомонӣ амонатҳо ҷамъоварӣ шуда буданд. Соли 2006 бошад, ин нишондиҳанда ба 1,1 млрд. сомонӣ баробар шуд.
Дар маҷмуъ, алҳол дар низоми бонкӣ қариб 4,9 млрд. сомонӣ амонатҳо маҳфуз аст ва он назар ба даҳ соли пеш бештар аз 19 маротиба зиёд мебошад. Тавре аз таҳлили боло бармеояд, маблағҳои пасандозу амонатҳо дар бонкҳо на бо фоиз, балки даҳҳо маротиб афзудаанд, ки шарҳи ин раванд ҳоҷат ба баён намебошад.
Ва ниҳоят, ҳамаи ин далелу рақамҳои оварда аз боварии мардум ба бонкҳо, ташкилотҳои қарзии хурд ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ дарак медиҳанд. Бо вуҷуди ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба ин ҳама дастовардҳо нигоҳ накарда, барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти низоми бонкии ҷумҳурӣ навгониҳо ва ислоҳоти соҳаро идома медиҳад.

Хадамоти матбуоти БМТ

09.10.2012
Эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ зиёд мегардад

Посух ба мақолаи хабарнигори “Радиои Озодӣ”-Зарангези Наврӯзшоҳ аз 14 сентябри соли 2012 оиди “Фирори сармояҳо-беэътимодӣ ба бонк ё пулҳои ғайриқонунӣ”.
     Дар иртибот ба нуқтаи назари муаллифи мақолаи номбаршуда оид ба он тоҷирону сарватмандоне, ки сармояи худро аксаран дар шакли нақдӣ нигоҳ дошта, бо бонкҳо муомилот намекунанд ва танҳо барои хариди молу мулк истифода мебаранд, қайд карданием, ки имрӯзҳо дилхоҳ амалиёти тиҷоратӣ тавассути суратҳисобҳои бонкҳои ватанӣ мегузаранд, зеро эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявӣ-бонкии кишвар сол аз сол зиёд гашта истодааст.
     Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир пайваста ва мунтазам ислоҳотҳо дар низоми бонкӣ ва тақвияти сиёсати пулию қарзии давлат гузаронида мешаванд, ки ин ҳама барои боло бардоштани боварии аҳолӣ равона карда шудаанд.
     Ҳамзамон, тӯли солҳои охир афзоиши назарраси ҳаҷми пасандозҳо ва сармояи ташкилотҳои қарзӣ ба назар мерасад, ки рушди солонаи он ба ҳисоби миёна дар се соли охир мувофиқан 32,1 ва 22,2 фоизро ташкил дода, аз 2,6 млрд. ва 1,2 млрд. сомонӣ то 4,4 млрд. ва 1,9 млрд. сомонӣ зиёд шудааст. Ҳамчунин қайд кардан бамаврид аст, ки дар нӯҳ моҳи соли равон маблағи зиёда аз 65 млрд. сомонӣ ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдии байнибонкӣ анҷом дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89,5 фоиз зиёд аст.
     Тамоили мазкур воқеан, аз болоравии эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар гувоҳӣ дода, барои вусъат ёфтани ҷараёни маблағгузории қарзӣ, таҳкимёбии низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

05.09.2012
Ҳофиз манаму бародарам мехонад

Санаи 8-уми августи соли 2012 дар сомонаи Радиои “Озодӣ” мақолае бо номи “Интиқоли пули муҳоҷирон имсол кам мешавад” ба нашр расид, ки дар он таҳлилҳои гуногуни беасос оварда шудааст.

Дар таркиби маблағи интиқоли пулии ба кишвари Тоҷикистон воридшаванда маблағҳое мавҷуданд, ки хислати тиҷорати хурдро доранд ва аз нигоҳи мутахассисони соҳаи иқтисод бояд ин гуна маблағҳо аз ҳаҷми умумии маблағи интиқоли пулӣ хориҷ карда шаванд, чунки ин маблағҳо аллакай Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) мебошанд.

Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон ҳаҷми интиқолҳои пулиро дар Тавозуни пардохт ва қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ба нашр мерасонад, ки дар сомонаи худ ҷой додааст. Хуб мешуд мутахассисони соҳаи иқтисод аз ин гуна рақамҳои расмӣ истифода мекарданд.

Чи тавре ки аз таҳлили овардашудаи ҷаноби Давлатмурод Ҷумъаев бармеояд, рақамҳои овардашуда асоси иқтисодӣ надоранд. Аслан ҷаноби Давлатмурод Ҷумъаев тавре худашонро муаррифӣ менамоянд иқтисодчӣ нестанд.

Мутобиқи иттилоъи мо ин "иқтисодчӣ"-и мӯҳтарам дар асл факултаи “забонҳои шарқ”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин)-ро бо ихтисоси “забони форсӣ” хатм намудааст. Бинобар ин, чӣ гуна ин "мутахассис" тибқи таҳлили иқтисодӣ метавонад хулосаи дурусти мантиқии иқтисодӣ барорад, ки 90 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои интиқоли пулии муҳоҷирони меҳнатӣ зиндагӣ мекунанд.

Оё ҷаноби Давлатмурод Ҷумъаев дар исботи фикрҳои худ далели ҳаллу фасли иқтисодӣ дорад ва метавонад дар сурати зарурӣ онро бо рақамҳои омории боэътимод исбот намояд?

Муҳтарам, муттасаддиёни Радиои "Озодӣ"! Лутфан пеш аз нашри ин гуна рақамҳои беасоси ба мафкураи мардуми кишвар таъсиррасон озмоишҳои эътимодбахшро истифода намоед, то сабаби парешонсозии фикри аҳолӣ дар ин самти бисёр ҳассос набошед.

Қайд кардан бомаврид аст, ки зерсохторҳои Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам аз рӯи интиқолҳои пулии шахсони воқеӣ тадқиқотҳо мегузаронанд. Натиҷаҳои ин пурсиш шаҳодат медиҳанд, ки 11,7 фоиз аз ҳаҷми умумии интиқолҳои пулии ба кишвар воридшаванда, ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва фаъолияти соҳибкории хурду миёна тааллуқ дорад.

Ҷаноби Давлатмурод Ҷумъаев дар таҳлилашон овардаанд, ки 90 дарсади аҳолии кишвар аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ рӯзгори хешро пеш мебаранд. Вале мутобиқи маълумотҳои оморӣ 29,3 фоизи аҳолии кишвар дар иқтисодиёт машғули коранд, 17,2 фоиз дар мақомоти идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда ва 12,2 фоизи дигар аз ҳисоби соҳибкории хусусӣ рӯзгори худро таъмин менамоянд, ки дар маҷмӯъ бештар аз 58 фоизро дар бар мегирад. Равшан аст, ки маълумоти муаллиф беэътимод ва муболиға буда, аз воқеият дур аст.

Бояд дар ёд дошт, ки муҳоҷирати меҳнатӣ тамоюли ҷаҳонӣ буда, дар ин ё он шакл тамоми кишварҳои оламро фаро гирифтааст ва дар кишварҳои тараққикардаи Аврупо низ зуҳуроти чашмрас мебошад.

Агар ба таърихи иқтисодиёти кишварҳои олам назар афканем мебинем, ки бисёр давлатҳо дар марҳилаи барпошавии иқтисодиёташон ин гуна зуҳуротро аз сар гузаронидаанд. Мо итминон дорем, ки бо мурури замон эҳёи иқтисодиёти комили ватанӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба эътидол хоҳад омад.

Идораи омор ва тавозуни пардохти

Бонки миллии Тоҷикистон

08.06.2012
Камбудиҳо ислоҳ мегарданд

Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори ҳафтаномаи “Чархи гардун” Лолаи Саидакбар “Банкоматҳои бепул ва муштариёни саргардон”, №16, 18 апрели соли 2012

                Мақолаи мазкур таҳти баррасӣ қарор гирифт ва нисбати он андешаҳои зерин пешниҳод мешаванд.

                Дар низоми бонкии кишвар истифодаи қартаҳои пластикӣ аз соли 1998 оғоз гардида, доираи истифодаи онҳо чун воситаи пардохт тадриҷан васеъ мегардад. Барои мисол, охири семоҳаи соли ҷорӣ шумораи қартаҳо ба 423313 адад расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 140% зиёд мебошад.

                Воқеан, афзоиши қартаҳои пардохтӣ агар аз як тараф оммавӣ гаштани онро нишон диҳад ҳам, аз ҷониби дигар барориши он бидуни инфрасохтори хизматрасонӣ боиси паст гардидани сифати хизматрасониҳо шуда, эътимоди аҳолиро ба ин воситаи пардохт ва дар маҷмӯъ ба низоми бонкӣ коҳиш медиҳад.

                Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии мазкури бонкӣ номгӯйи муфассали чорабиниҳо барои ташкилотҳои қарзӣ ирсол гардид ва иҷрои бандҳои он таҳти назорат қарор доранд.

Танзими ҷойгиркунии банкоматҳо дар маҳалҳо ва саривақт таъмин кардани онҳо бо пули нақди арзишҳои гуногун масъалаи муҳим ба шумор рафта, он аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бояд доимо зери назорат гирифта шавад.

Дар сурати муроҷиати ташкилотҳои қарзӣ оид ба гирифтани маблағ пули нақд тавассути шӯъбаҳои дахлдори Бонки миллӣ дастрас карда мешавад.

Барои бартараф намудани камбудиҳое, ки муаллифи мақола ба онҳо ишора кардааст, ба унвонии роҳбарияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мактуб ирсол карда шуд ва мо аминем, ки норасоиҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат ислоҳи худро меёбанд.

Илова бар ин, бо мақсади кам кардани ҳиссаи муомилоти нақдӣ ва татбиқи технологияҳои пардохтии ҳозиразамон дар кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ соли гузашта Маркази протсессингии миллиро ташкил намуд. Ташкилоти мазкур ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба рушди низоми пардохт тавассути қартаҳои бонкӣ, пешниҳоди хизматрасонии арзон ва аълосифат мусоидат менамояд.

Ба роҳ мондани фаъолияти ҳамаҷонибаи Маркази протсессингии миллӣ, пеш аз ҳама барои рушди низоми интиқолҳои ғайринақдӣ мусоидат намуда, имконияти васеи истифодаи қартаҳоро ҳангоми пардохти маош, нафақа ва дигар пардохтпулиҳо, ҷамъоварии маблағҳои хизмати коммуналӣ ва ғайра фароҳам меорад.

Муҳимтар аз ҳама, соҳиби қартаҳои бонкӣ барои пардохти арзиши молу ашё ва ҳаққи хизматрасонӣ метавонанд аз терминалҳои нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ истифода баранд. Дар сурати истифодаи картаҳои бонкӣ, аз ҷумла қартаҳои миллӣ дар терминалҳои ватанӣ, шабакаҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ, инчунин қабули пардохтҳо аз тариқи онҳо истифодаи пули нақд дар муомилот хеле кам шуда, мушкилоти мавҷудаи банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ дар мавриди пешниҳоди пули нақд оҳиста-оҳиста аз байн меравад.

Хадамоти матбуоти

БМТ

02.03.2012
Барномаи нав ҳоло тасдиқ нашудааст

Хабаре, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” №24 аз 23 феврали соли 2012 таҳти сарлавҳаи “Роҳандозии барномаи нави Хазинаи байналхалқии асъор” дар мавриди ба таври илова ҷудо намудани 165 млн. долл. ба нашр расидааст, воқеият надорад. Барномае, ки соли 2009 таҳти унвони “Механизми васеи қарздиҳӣ” байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор қабул гардида буд, ҳанӯз идома дорад. 
    Дар айни замон машваратҳои ҳайати ХБА бо масъулони ватанӣ дар мавриди ҷамъбасти ин Барнома рафта истодааст ва танҳо баъд аз он муҳокимаи Барномаи нав оғоз меёбад.

Хадамоти мабуоти
БМТ

23.05.2011
Бо таври сунъӣ нигоҳ доштани қурби асъор аз имкон берун аст

Ба Сардабири ҳафтаномаи
“СССР”ҷаноби Сайёфи Мизроб      


    Мақолаи хабарнигори ҳафтаномаи “СССР” Муҳаммади Мубориз таҳти унвони бисёртаркибаи “БМТ қурби долларро раҳо кардааст”ва“Қассобонро ҷазо додем: Бонкҳоро ким муҷозот мекунад?” (СССР, №20(141), панҷшанбе, 19 майи соли 2011.) баррасӣ намуда, Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон қайд менамояд, ки нашрияи мардумӣ кӯшиш ба харҷ додааст, то ҷое масъалаи доғи рӯз – баландшавии нарху навои молу маҳсулот ва арзиши асъори хориҷиро дар қаламрави ҷумҳурӣ пайгирӣ намояд. Ба муаллиф барои таваҷҷӯх ва ҷалби диққати аҳли ҷомеа ба чунин масъалаҳои рӯзмарра  ташаккур мегӯем.
    Дар баробари ин, бо мақсади то андозае рӯшанӣ андохтан ба масъалаҳои мавриди назар, нисбати баъзе факту рақамҳо ва хулосаҳои муаллифи мақола шарҳу эзоҳи худро пешниҳод менамоем.
    Аввалан, Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ҳамчун бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии давлат, ниҳоди мустақил буда, “зердаст”-и Ҳукумати ҷумҳурӣ нест ва он ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дахолат намекунад.
    Тибқи ҳамин Қонун, мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо (таваррум) дар давраи дарозмӯҳлат, таъмину таҳкими фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва пардохт мебошад. Тавре мебинем, ҳифзи пули миллӣ ё худ нигоҳдории қурби он мақсаду вазифа ё нишондиҳандаи ҳатмии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон нест.
    Сарфи назар аз ин, бо назардошти он, ки қурби пули миллӣ яке аз омилҳои раванди нархгузории бозорҳои молу мавод аст, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза онро таҳқиқу таҳлил менамояд ва барои тағйирёбии мӯътадили он чораҳо меандешад.
    Тибқи санадҳои қонунгузории мавҷуда, реҷаи расмии қурби сомонӣ, реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муқаррар кардани ҳудудҳои ин шинокунӣ” буда, тибқи он қурби сомонӣ нисбати асъорҳои хориҷӣ тавассути бозори дохилии асъор аз рӯи таносуби талабот ва пешниҳоди онҳо муқаррар карда мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар мавридҳои аз ҳолати эътидол берун тағйир ёфтани қурб ба фаъолияти ин бозор дахолат карда метавонад.
    Имрӯз, бозори дохилии асъори ҷумҳурӣ ба як сохтори мураккаб ва бонизом фаъолияткунанда табдил ёфтааст, ки дар он эҳтиёҷоту талаботи кулли мардум, субъектҳои ҳоҷагидорӣ, бонкҳо ва давлат ба асъори хориҷӣ қонеъ гардонида мешавад.
Бозори дохилии асъор аз се қисм: - бозори байнибонкӣ (Бонки миллии Тоҷикистон ва 23 ташкилотҳои қарзӣ), бозори дохилибонкӣ (ташкилотҳои қарзӣ ва мизоҷони онҳо) ва бозори чаканаи хариду фурӯши асъори нақд – нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеъӣ (ҳамагӣ - 931 адад) иборат буда, танҳо дар 4 моҳи соли ҷорӣ тавассути он зиёда аз 3,0 млрд. доллари ИМА хариду фурӯш шудааст.
    Дар давраи аз 1 то 17 май бошад, дар он 294,9 млн. доллари ИМА қарордодҳои хариду фурӯш анҷом дода шудааст, ки 77,8 млн. доллари ИМА ё 26,4 фоизи онро қарордодҳои нақдии хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ташкил медиҳанд.
    Қурби асъори нақди хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор бо таносуби талабот ва пешниҳоди онҳо муқаррар мешавад. Аз ин рӯ, дар ҳудуди ш.Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ вобаста аз шароити бозорҳои молу мавод, имконияту эҳтиёҷоти аҳолӣ ва моликони нуқтаҳои мубодилаи асъор ин қурб гуногун аст.
    Муқаррар кардани қурби ягона дар ин бозор ва бо таври сунъӣ нигоҳ доштани он аз имкон берун аст ва дар ягон давлати дунё ба истиснои давлатҳое, ки низоми асъориашон мутамарказ аст, амалӣ карда намешавад.
    Тартиб ва қоидаҳои ягонаи кушодан, бақайдгирӣ ва ташкилу танзими фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор, аз он ҷумла қоидаи муқаррар кардани қурбҳои хариду фурӯш дар онҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда шудааст.
    Ва ин маҷмӯи амалҳо имкон медиҳад, ки бозори мазкур дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ яксон ташкилу фаъолият намояд ва танзиму назорат шавад.
    Зиёд шудани талабот ба асъори нақди хориҷӣ ва мутаносибан баланд шудани қурби онҳо нисбат ба сомонӣ аз омилҳои зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ, молиявӣ, пулию қарзӣ, мавсимӣ ва психологӣ вобастагӣ дорад.
    Ҳар як омил хусусияти хоси худро дорад ва таъсири он ба талабот ва раванди қурбофарии бозор гуногун аст.
    Акнун сухане чанд дар мавриди иқтибосҳо аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва фаҳмишу хулосаҳои муаллиф оид ба маълумоти дар он ҷой додашуда.
    Дар маълумотнома гап дар бораи қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ меравад, ки он аз қурби нуқтаҳои мубодилаи асъори ноҳияҳои ш.Душанбе ё ягон маҳаллаи дигари пойтахт фарқ мекунад. Ин қурб ҳисоби миёнаи арифметикии тамоми қурбҳои амалкунанда дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳуриро инъикос менамояд.
Дигар ин ки қурби дар саҳифаи асосии сомонаи бонк дар шакли ишора ё рақам омада, қурби расмии асъорҳои хориҷӣ нисбати сомонӣ буда, он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қурби миёнавазни бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ рӯзи 16 май то соати 15:00 ҷойдошта, ҳисоб карда шуда, барои рӯзи дигар 17 май эълон карда шудааст.
Мутаассифона, муаллиф дар бораи он, ки дар саҳифаи дохилии ин ишора Бонки миллии Тоҷикистон ин қурбҳоро қурби расмӣ ва бо онҳо хариду фурӯш накарданашро эълон дорад, чизе наменависад ё аз мавҷуд будани чунин рӯйхати пурраи қурби сомонӣ нисбати асъорҳои хориҷи огоҳӣ надорад.
Ин қурб барои ташкилотҳои қарзӣ ҳам барои муайян кардани қурби хариду фурӯши асъори хориҷӣ бо мизоҷонаш асос шуда наметавонад. Қурби расмӣ барои ҳисоби муҳосибавӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва таҳлили иқтисоди хориҷӣ истифода мешаваду халос.
Қурби асъори нақди хориҷӣ аз қурби расмӣ, аз қурбҳои қарордодҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ ҳамеша баланд аст. Зеро барои аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ овардани асъори нақди хориҷӣ ҳароҷоти иловагӣ, аз ҷумла, ҳаққи хизмати кассавӣ, нақлиётӣ, ҳаққи хизмати таъмини бехатарӣ, пардохтҳои гумрукӣ дар мамлакати хориҷӣ ва боз ҳамин гуна ҳароҷот дар ҳудуди ҷумҳурӣ заруранд ва табиист, ки онҳо бояд ҷуброн карда шаванд.
Ба замми ҳароҷоти номбурда боз ҳароҷоти андозҳо, музди меҳнат, хизматҳои коммуналӣ, барқ ва ғайраи худи нуқтаи мубодилаи асъор низ ҳаст.
Ногуфта намонад, ки барои фаъолияти мӯътадилу ҷавобгӯи талабот ин муассисаҳо бояд як миқдори муайян фоида ба даст оранд. Тамоми ин ҳароҷот ба қурби асъори хориҷӣ зам мегардад.
Баландшавии қурб дар нуқтаҳои мубодилаи асъор то андозае аз соҳиби асъори нақди хориҷӣ низ, ки мехоҳад онро ҳар чӣ қиматтар фурӯшаду фоидаи бештар ба даст орад, вобаста аст.
Навиштаҷоти муаллиф, ки гуё саррофхонаҳои маҳаллаи “Гулистон”-и ш.Душанбе 16 майи соли 2011  1 доллари ИМА-ро бо нархи 6,64 сомонӣ мехарида бошанд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳақиқат рост намеояд, зеро худи ӯ дар ҷумлаи навбатии мақола менависад, ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қурби хариди 1 доллари ИМА ба 4,65 сомонӣ баробар аст.
Бо истифода аз имконияти муносиб ба хонандагони гиромӣ ва нуктасанҷи ҳафтаномаи мардумии “СССР” изҳор медорем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳар соату ҳар рӯз вазъи бозори дохилии асъор, дигар бозорҳои молу мавод, низоми пулию қарзӣ ва пардохтро таҳқиқ ва ташхису мушоҳида менамояд.
Бо мақсади таъмини суботи бозори дохилии асъор, Бонки миллии Тоҷикистон аз тамоми воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ, аз он ҷумла аз механизми дахолатҳои бевоситаи асъорӣ ба ҳар се қисми бозор истифода мебарад. Ва ин амал якдафъаина набуда, мунтазам сурат мегирад.
Ба хотири баробар кардани таносуби талабот ва пешниҳодот, Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори нақдӣ моҳи апрел 9,8 млн. ва дар 18 рӯзи моҳи май 10,4 млн. доллари нақдии ИМА-ро ба фурӯш баровард.
Чунин амалия минбаъд низ идома меёбад ва барои таъмини мақсадҳои гузошташуда Бонки миллии Тоҷикистон тамоми имконияту воситаҳоро дар ихтиёр дорад ва аз онҳо истифода хоҳад кард.

    
М. Мавлонов,
Директори Департаменти танзими
асъори Бонки миллии Тоҷикистон

07.02.2011
Хулосаҳои носаҳеҳи муаллиф шояд аз надоштани маълумоти кофӣ бошад?

Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори рӯзномаи “СССР” Сафват Бурҳонов “Пули миллӣ куҷо мерай, гушот кар?”, 30 декабри соли 2010

Муаллифи мӯҳтарам мушоҳидаю мулоҳизаҳои муфид ва муҳимро дар мақолаи худ баррасӣ намудаанд, ҳамзамон бархе аз онҳо баҳснок мебошанд. Дар идома посухи мухтасар ба саволҳои мақолаи зикргардида пешниҳод карда мешавад.

1. Нисбати эҳтиром ба пул. Воқеан, пули миллӣ ифтихори ҳар як шаҳрванд ба шумор рафта, ҳолати хуби зоҳирӣ ва коршоямии он на танҳо аз кӯшишу талошҳои бонкҳо, балки аз муносибати тамоми сокинони мамлакат вобастагӣ дорад. Аз ҷониби низоми бонкӣ баҳри такмили муомилоти пулӣ маҷмӯи густурдаи тадбирҳо, аз ҷумлаи тавсеъаи ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ, ҷорӣ шудани хизматрасониҳои электронӣ ва иқдомҳои дигар татбиқ гардида истодаанд.

Вале сарфи назар аз ин, ба Шумо оид ба қайди нуктаи хеле муҳим - нисбати баланд бардоштани фарҳанги нигоҳдории пули миллӣ миннатдории худро изҳор менамоем ва аз шаҳрвандон – ҳамватанони гиромӣ хоҳиш мекунем, ки нисбати нигоҳдорӣ ва истифодаи он ҷиддӣ ва эҳтиёткор бошанд.

2. Дар мавриди шабзиндадории пул. Имрӯз барои касе пӯшида нест, ки дараҷаи рақобатнокии пул ба сатҳи истеҳсолоту иқтисодиёти кишвар вобастагӣ дошта, арзиши он бештар ба вазъи воқеии иқтисодиёт, фаъолияти содиротии маҳсулоту хизматрасонӣ алоқаманд мебошад.

Танҳо дар мавриди афзудани талабот ба маҳсулоти ватанӣ дар хориҷа ва мавқеъи устувори таносуби мусбати содироту воридот сомонӣ рақобатпазиру устувор мегардад.

Вобаста ба таъмини гардиши доимии маблағҳои пулӣ бошад, Бонки миллии Тоҷикистон алҳол ба низомҳои махсуси байналмилалии молиявӣ, ки ба таври муттасил фаъолият доранд, васл гардидааст ва дар бозори байналхалқӣ тавассути онҳо шабонарӯзӣ амалиёт мегузаронад.

3. Нисбати бозомӯзии кормандон ва аъзои Раёсат. Низоми ҷаҳонии бонкӣ ҳамарӯза пеш меравад ва дар ин замина бонкҳо бо истифода аз техника ва технологияи нави замонавӣ рӯ ба рушд ниҳода, маҳсулот ва хизматрасониҳои нав ба навро ба муштариён пешкаш менамоянд. Маҳз барои ҳамин, мутахассисони на танҳо Бонки милли Тоҷикистон, балки ҳамаи кормандони бонкҳо дар тамоми ҷаҳон доимо дар омӯзиши дониш ва таҷрибаҳои нав қарор доранд. Айни замон арзиши маълумот ва таҳлили хуб нисбати бештари дороиҳои моддӣ баланд мебошад.

Нисбати аъзои Раёсат бошад, муаллиф аз моддаи 76 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” иқтибос меорад, вале қайд кардан зарур аст, ки дар қонуни мазкур нисбати доштани манфиатҳои молиявӣ дар ташкилотҳои қарзӣ низ маҳдудиятҳо ҷой доранд.

Ин маҳдудиятҳо аз он иборатанд, ки аъзои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар вазифаи ба ӯҳда доштаашон ва ба хотири пешгирӣ намудани “бархӯрди манфиатҳо” набояд дар ягон ташкилотҳои қарзӣ ширкат дошта бошанд. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ҳадафгирии мустақилияти мақомот аъзои Раёсат комилан аз хизматрасониҳо ва воситаҳои дигари таъсиррасонии бонкӣ истифода намекунанд.

4. Дар боби санатория ва таваррум. Нисбати ҳисоботи нимсолаи бонк, ки муаллифи гиромии мақола ба қавли худаш “бо юмор муносибат карда, бисёр чизҳои хандаоварро” кашф кардааст, қайд менамоем, ки дар ин ҳисобот шарҳи мухтасари равандҳои макроиқтисодии кишвар ва зикри мафҳумҳои иқтисодии расмӣ ҷой дода шудаанд.

Хабарнигори мӯҳтарам мафҳуми таваррумро надониста, ақидаи тамасхуромези шахсии худро, ки аз сатҳи “маданият”-и он кас далолат медиҳад, чун ҳақиқат ба хонандагон пешниҳод кардааст, ки хушбахтона, аз ҷониби ягон хабарнигори дигар дастгирӣ наёфтааст.

Ин нигоштаи муаллиф аз он шаҳодат медиҳад, ки хабарнигор маълумоти кофӣ дар бораи мафҳумҳои иқтисодию молиявӣ надошта, даст ба таълифи мақолаи муҳими таҳлилӣ задааст. Сарфи назар аз ин, тавре дар боло қайд кардем, мақола аз нуктаҳои муфид холӣ нест ва ба муаллиф дар корҳои минбаъдаи эҷодиашон комёбиҳо таманно дорем.

Хадамоти мабуоти
Бонки миллии Тоҷикистон

ш. Душанбе, 7 феврали соли 2011

16.06.2009
Посух ба мақолаи “Пули миллӣ 32 % беқурб шуд” (ҳафтаномаи “Озодагон”, №20, 21 майи с.2009)

Рӯзҳои охир вобаста ба баланд шудани қурби долл. ИМА нисбат ба сомонӣ аз ҷониби васоити ахбори умум, мутахассисони соҳаҳои мухталиф ва шахсони алоҳида пурсишҳою сару садоҳои зиёд сурат гирифта истодаанд. 

Рости гап, баъди хондани мақолаи “Пули миллӣ 32% беқурб шуд” ман ҳамчун мутахассиси соҳаи бонкдорӣ ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таҳлили асоснок ва ҳаматарафаи муаллифи мақоларо бисёр хуб пазируфтам. Аз мутолиаи маводи номбурда ҳисси миллӣ доштани муаллифро ҳис кардам ва аз ин рӯ, миннатдории худро барояш иброз медорам. 

Вобаста ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ қурби пули миллии ҳар як давлат нисбат ба асъорҳои хориҷӣ тағйир меёбад, ки ин як қоидаи маъмулӣ ба шумор меравад. 

Агар пастравии қурби пули миллиро нисбати асъори миллии мамлакатҳои шарикони иқтисодии ҷумҳурӣ муқоиса кунем, яқин маълум мегардад, ки сомонӣ нисбат ба онҳо устувортар буд. 

Паст рафтани қурби пули миллии давлатҳои шарикони иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россия -52%, Қазоқистон -25%, Узбекистон -20% ва ғайра) рақобатнокии маҳсулоти содиротии ҷумҳуриро хеле паст мекард. 

Дар ин маврид, албатта, суоле ба миён меояд, ки паст шудани қурби пули миллӣ ба иқтисодиёт, потенсиали содиротӣ ва давлат чӣ фоида ё зарареро оварданаш мумкин аст? 

Барои мисол, диққати шуморо ба ҳалли мисолҳои оддии арифметикӣ ҷалб менамоем. Агари соли гузашта соҳибкор ё тоҷири тоҷик дар қаламрави Русия як килло зардолуи хушкро бо арзиши 500 рубл мефурӯхту бар ивазаш дар Тоҷикистон (500/23x3,5) 80 сомонӣ мегирифт, ҳоло ӯ баъди анҷоми ин амалиёт ҳамагӣ 60 сомонӣ ба даст меорад. Тақрибан ҳамин амал ҳангоми фурӯши қариб ҳамаи маҳсулотҳои дигари содиротӣ ба мушоҳида мерасад. 

Айнан чунин натиҷаи корро дар фаъолият ва ба даст овардани маоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ мушоҳида кардан мумкин аст. 

Маҳз бо сабабҳои дар боло овардашуда, барои мо муҳим ва зарур буд, ки қурби пули миллӣ нисбати асъорҳои мамлакатҳои шарикони иқтисодӣ баробар ва оҳиста-оҳиста тағйир ёбад. Хушбахтона, имрӯз мо то он ҷое, расидем, ки ба содиротчиён барои рушди истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, рақобати баландтари истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ ва устуворсозии вазъи молиявии корхонаҳои дохилӣ шароити мусоид фароҳам оварем. 

Мутаассифона, дар фазои иттилоотии кишвар, қисме аз расонаҳои ахбори омма дар ҳолате қарор доранд, ки таҳти шуъои манфиатҳои бархе аз гурӯҳҳо ва ё шахсиятҳо мебошанд. 

Ба таври яқин метавон гуфт, ки на ҳама вақт манфиатҳои ин гурӯҳҳо ё сохторҳои дахлдори хориҷӣ, ба қавле “хоҷагон”-и маблағгузори нашрияю оҷонсиҳо ба манфиати миллату ватани мо рост меоянд. 

Вобаста ба ин, дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу нозуки авзои молиявию иқтисодии кишвар, ки аксаран дар мамолики ҷаҳон ба назар мерасад, ба рӯзноманигорони аслии ватанӣ муроҷиат карда, хоҳиш менамоям, ки бо масъулияти баланди касбию шаҳрвандӣ ба ин мавзӯъ муносибат намоянд. 

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

16.06.2009
Диққати мардумро ба ташкил ва рушди истеҳсолоти ватанӣ, талқини соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тавлиди маҳсулот дар кишвар ҷалб бояд кард

Ба рӯзномаю маҷаллаҳо 
ва расонаҳои хабарии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бонки миллии Тоҷикистон дар ибтидо бо арзи эҳтиром ба ҳамаи васоити ахбори омма, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, барои таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба шарҳи нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакат миннатдории хешро баён менамояд. 

Воқеан, айни замон, бо назардошти вазъи ноустувори бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла қурби асъори хориҷӣ таҳти фишор қарор дорад ва зуд-зуд тағйир меёбад. Дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки вобаста ба хусусияти сохтори иқтисодӣ ва раванди таърихӣ дар кишвари мо, мутаассифона, қурби асъори хориҷӣ аҳамияти аз ҳад зиёд баландро ба худ касб кардаааст. 

Бо мақсади боз ҳам воқеъбинонаю дақиқ амалӣ гаштани муҳокимаҳо атрофи ин масъала ва пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он аз намояндагони васоити ахбори омма эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми таҳияи маводҳои чопӣ дар мавзӯи боло ба нуктаҳои зайл диққат диҳанд: 

Дар маҷмӯъ, дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба қурби асъор асосан ду омил бештар таъсир мерасонанд: 

Якум – омили макроиқтисодӣ. Ин, пеш аз ҳама, фарқияти ҳаҷми содироти (экспорт) молу маҳсулот (фурӯши онҳо ва ба даст овардани захираҳои асъорӣ) ва воридоти (импорт) молу ашё ба дохили кишвар (хариди онҳо аз хориҷ ва пардохти арзиши онҳо аз ҳисоби манбаҳои дохилӣ) мебошад. 

Дар назар бояд дошт, ки алҳол ҷумҳурии мо дорои иқтисодиёти воқеан рақобатноке нест, ки тавонад бо истифода аз иқтидори баланди содиротии хеш талаботи бозори дохилии худро пурра қонеъ гардонад. 

Аҳволи феълӣ ё воқеияти мазкур хосияти объективӣ дошта, бо натиҷаи фоҷиабори ҷанги шаҳрвандию иқтисодиёти дар тӯли 70 соли Иттиҳоди Шуравӣ дотатсияшаванда, якбора канда шудани муносибатҳои иқтисодӣ бо шарикони анъанавии иқтисодӣ ва як зумра сабабҳои муҳими дигар алоқаманд мебошад. 

Гузашта аз ин, солҳои навадуми асри гузашта муддате чанд ҷомеаи мо таҷрибаи манфии набудани низоми пули миллӣ ва истифодаи асъори хориҷиро дар қаламрави ҷумҳурӣ паси сар намуд. 

Ҳамзамон, як зумра ислоҳотҳое, ки аз солҳои 2000 то ба имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари давлатӣ амалӣ гашта истодаанд, тадриҷан мавқеъ ва сохтори иқтисодии моро дар самти рушди низоми мустақил, худкифоя ва соҳибистиқлол таъмин менамоянд. 

Дар амал татбиқ намудани механизми равзанаи ягона, соддагардонии низоми андозсупорӣ, кам кардани таъсир ва дахолати маъмурии мақомотҳо ва дигарҳо аз ҷумлаи ислоҳотҳое мебошанд, ки барои ба сатҳи кифоягӣ расонидани истеҳсолоти дохилӣ равона карда шудаанд. 

Дар маҷмӯъ, тамоми саъю кӯшишҳои аҳли ҷомеа барои эҳёи истеҳсолоти дохилӣ ва беҳтар кардани вазъи иқтисодиёти кишвар равона шудаанд ва маҳз бо ин мақсад мақомоти дахлдор оид ба комёбию пешрафти соҳаҳои мухталиф мунтазам аз тариқи воситаҳои ахбори умум ба мардум ахбор пешниҳод менамояд. 

Сарфи назар аз қафомонии баъзе аз бахшҳои ислоҳот ва камбудиҳои ҷойдошта, имрӯз мо ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки тадриҷан иқтисодиёти миллиамон рӯ ба таррақӣ ниҳодааст ва мунтазам истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ низ меафзояд. 

Барои касе пӯшида нест, ки яку-якбора иқтисодиёти мустақилро созмон додан аз имкон берун аст, зеро ин раванд мӯҳлати тӯлониро талаб мекунад. Таҷрибаи аксари мамлакатҳо, аз он ҷумла Чин нишон медиҳад, ки барои амалӣ намудани чунин ислоҳотҳо муддати беш аз 20-30 сол вақт зарур аст. 

Дуюм - омили психиологӣ. Ибтидо бояд иброз дорем, ки омили мазкур умуман ба ҳолати иқтисодиёт мустақиман алоқамандӣ надорад, он танҳо пайдо шудани ҳолати афзоиши майлу хоҳиши шаҳрвандон, ширкатҳою корхонаҳоро барои хариди асосноку ғайриасосноки асъори хориҷи ифода менамояд. 

Тавре таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, вақтҳои охир дар матбуот сару садоҳо оид ба коҳишёбии қурби пули миллӣ ба чоп мерасанд, ки фазои ороми психологиро мушавваш ва ваҳму тарсро дар дилҳо ҷой мекунанд. 

Дар робита ба ин масъала, Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ кӯшиш ба харҷ дод, то ки пеши роҳи ин сарусадоҳои беасосро бигирад. Аз ҷумла, дар тӯли панҷ моҳи соли равон дар БМТ барои хабарнигорони ватанию хориҷӣ ду маротиба нишасти матбуотӣ баргузор гардид, як зумра маводҳои мухтасари таҳлилӣ ба нашр расонида шуданд, қариб ҳамарӯза иттилооти фаврии ҷорӣ оид ба қурби асъор дар бозори асъори ҷумҳурӣ дар саҳифаи интернетии бонк ҷойгир ва аз тариқи радио ва оҷонсиҳои хабарӣ ба самъи мардум расонида мешуданд. 

Бо вуҷуди ин, эътироф бояд намуд, ки тибқи қонуният ва нозукиҳои муҳими психологӣ, анҷоми ин амал танҳо аз ҷониби як ташкилот нокифоя мебошад. Дар сурате ки расонаҳои хабарӣ, нашрияҳо ва радиою телевизионҳои дохилию хориҷӣ мунтазам ба масъала ё мавзӯи носолим - ба қурби коҳишёбандаи асъор ва ё иқтисодиёти ноустувор аҳамияти хоса медиҳанд, ин бешубҳа, дар натиҷа нобоварии мардумро ба пули миллӣ ва маъюсию тарси шаҳрвандон ба ояндаи ҷомеа ба миён меорад. 

Бинобар сабаби ниҳоят ҷиддӣ будани масъала, саҳми назаррас доштан он дар эътидоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, хоҳиш мекунем, ки дар ин давраи хеле ҳассоси таърихӣ ақаллан барои як муддати кӯтоҳ аз мақсадҳои гурӯҳӣ ва хусусӣ сарфи назар намуда, диққати худ ва ҷомеаро на ба қурби асъор, балки ба ривоҷ додани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, худкифоя гардонидани иқтисодиёти ватанӣ, рушди илму фарҳанг ва муттаҳидию якдилӣ равона гардонем. 

Мисоли равшани мусбӣ будани ин таҷриба дар мамлакатҳои мутараққӣ ба назар мерасад, ки муҳокимаю баҳсҳо аз ҷониби матбуот асосан дар атрофи масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, аз қабили шуғл, истеҳсолот ва ҳимояи манфиатҳои доираи калони шаҳрвандон сурат мегиранд. 

Танҳо дар қаламрави давлатҳои ИДМ ва кишварҳои тараққиёбанда ба масъалаи қурби асъор аҳамияти бесобиқа медиҳанд ва онро чун яке аз воситаҳои захираи иловагӣ ва сармоягузорӣ нишон медиҳанд. 

Имрӯз хеле хуб мебуд, ки ҳамагон аз ин фурсати муносиб истифода барем, то тавонем, рӯҳияи ҷамъият ва шаҳрвандонро ба унсурҳои ба маротиб ҷиддитар, аз ҷумлаи ташкил ва рушди истеҳсолоти ватанӣ, талқини соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тавлиди маҳсулот дар кишвар (ба ҷойи хариди маҳсулоти соддаю камсифат ва хатарнок дар хориҷа ва фурӯши он дар дохили кишвар) ва ҳама гуна дигар фишангҳоеро, ки барои ба даст овардани ин мақсад мусоидат менамояд, равона созем. 

Бо камоли эҳтиром, 

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон

05.06.2009
Посух ба мақолаи “Афтиши озоди сомонӣ аз осмони Тоҷикистон...” (ҳафтаномаи “СССР”, №19, 07 майи с.2009)

Дар сурати паст шудани қурби асъори кишварҳое, ки бо мо муносибатҳои иқтисодӣ доранд (Россия -52%, Қазоқистон -25%, Узбекистон -20% ва ғайра) ва бетағйир мондани қурби сомонӣ, маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ рақобатпазирии худро аз даст медиҳанд ва аз бозори кишварҳои номбурда бароварда мешаванд. Барои мисол, агар соли гузашта соҳибкор ё тоҷири тоҷик дар қаламрави Русия як килло зардолуи хушкро бо арзиши 500 рубл мефурӯхту бар ивазаш дар Тоҷикистон 500/23x3,5=80 сомонӣ мегирифт, ҳоло ӯ баъди анҷоми ин амалиёт ҳамагӣ 60 сомонӣ ба даст меорад. Тақрибан ҳамин амал ҳангоми фурӯши қариб ҳамаи маҳсулотҳои дигари содиротӣ ба мушоҳида мерасад.

Айнан ҳамин ҳолро дар фаъолият ва ба даст овардани маоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ мушоҳида кардан мумкин аст. Тасаввур кунед, ки муҳоҷири тоҷик соли гузашта бар ивази 23 000 рубли русии моҳонааш дар Тоҷикистон 3 500 сомонӣ мегирифт, ҳоло бошад, ӯ бо 23 000 рубли музди маошаш, ҳамагӣ соҳиби 3 220 сомонӣ мегардад. Бубинед, фарқ аз куҷо то куҷост?

Маҳз бо ҳамин сабаб барои мо муҳим ва зарур буд, ки қурби пули миллӣ нисбати асъорҳои мамлакатҳои шарикони иқтисодӣ баробар тағйир ёбад. Азбаски мо ба монанди Қазоқистон ва Арманистон имконияти яку якбора дар як рӯз тағйир додани қурби пули худро надоштем, онро батадриҷ ва оҳиста-оҳиста дигар кардем.

Ба ҳамин тартиб мутобиқ намудани қурби пули миллӣ ба қурби асъори мамлакатҳои алоҳидаи шарики иқтисодӣ боиси фаъол шудани истеҳсолоти дохилӣ ва боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мегардад. Маҳз бо ҳамин мақсад Ҳукумат ва Бонки марказии ИМА ҳама чораҳоро меандешад, то ки қурби доллари ИМА нисбати пулҳои хориҷӣ поён равад. Вале, тавре ҳамагон мушоҳида карда истодаем, қурби он, албатта, коҳиш намеёбад. Яқин суоле ба миён меояд, ки чаро? Имрӯз ҷавоб ин аст, ки кишварҳои дигар коҳишёбии онро намехоҳанд ва тамоми чораҳоро меандешанд, то ба ин роҳ надиҳанд, зеро поён рафтани қурби доллар бар зарари иқтисодиёти онҳост.

Қабл аз ҳама, мо бояд дарк кунем, ки сиёсати пулӣ бисёр нозук аст ва он бояд ниҳоят эҳтиёткорона дар амал пиёда карда шавад.

Ва дар ниҳояти кор, мо, албатта, наметавонем пеши роҳи он хизматгузорони баъзе аз васоити ахбори оммаро, ки дар хидмати гурӯҳу ҳизбҳои алоҳида ва шояд кишварҳои хориҷӣ қарор доранд, бигирем.

Ҳамеша дар хотир бояд дошта бошем, ки як гоми беэҳтиётона ва як сухани бемулоҳизаю беандешона, аз қабили “то 6 сомонӣ баланд шудани 1 доллари ИМА”, метавонад 100 млн. сомонӣ ба иқтисодиёти кишвар зарар ворид созад. Бинобар ин, мо аз ҳамаи онҳое, ки манфиати миллат ва ҷумҳурии азизамонро гиромӣ медоранду арҷ мегузоранд, хоҳиш мекунем, ки дар мавриди баррасии ин мавзӯъ бомасъулияту эҳтиёткор бошанд.

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

20.05.2009
Суханҳои мо нодуруст тавзеҳ дода шудаанд

Посухи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ба андешаҳои узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки дар ҳафтаномаҳои “Миллат”, “Фараж” ва “Озодагон” 7 майи соли равон таҳти унвони “Дурӯғи бе ҳадду марз” ба нашр расидаанд.

Номбурда дар посухи хеш ба мақолаи “Тӯраҷонзода – ҷосуси КГБ?” аз он ҷумла, навиштааст: “Дар бораи масъалаҳое, ки банда дар он мусоҳиба ва мақола дар бораи Заводи алюминий баён карда будам, хусусан дар бораи афсонаи гӯё “манбаи асосии даромади буҷети мамлакат” будани он, фақат ҳаминро гуфтаниам, ки хушбахтона, 23 апрели соли 2009 Раиси Бонки миллии ҶТ, ҷаноби Ш. Раҳимзода дар мусоҳибаи худ дар ҳафтаномаи “Озодагон” дар бораи мифҳои “фоидаовар” будани “Талко” ба таври возеҳ ишора карданд. Хоҳишмандам, муроҷиат намоед.” 

- Дар ҳақиқат, ҳангоми посух додан ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди саҳми асъори воридотӣ аз ҳисоби пахта ва алюминий ба иқтисодиёти Тоҷикистон изҳор намуда будам, ки аз ҳисоби ин ду маҳсулоти стратегӣ тақрибан 30 фоизи ҳаҷми умумии асъори хориҷӣ ба кишвар ворид мешавад. Бояд тазаккур дод, ки қисми асосии ин рақамро маблағҳои воридотии корхонаи “ТАЛКО” ташкил медиҳад ва дар шароити бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ин рақам барои танҳо як корхона кам нест. Барои мисол, агар соли газашта ба Тоҷикистон ҳудуди 5 миллиард доллари ИМА (аз ҷумла, бо назардошти қарзҳои беруна, грантҳо, сармояҳои хориҷӣ, маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ ва фурӯши маҳсулоти ватанӣ) ворид шуда бошад, тақрибан 1,4 миллиард доллари он ба корхонаи “ТАЛКО” рост меояд. Ҳамчунин, бояд кайд намуд, ки асъори воридкардаи “ТАЛКО” бевосита ба иқтисодиёти кишвар равона шуда, муназзамии онро кафолат медиҳад. Ҳол он ки дар муқоиса ба ин маблағҳо асъоре, ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ворид мегардад, аслан барои қонеъ гардонидани талаботи истеъмолӣ сарф мешавад.

Қобили қайд аст, ки пардохтҳои пулии “Ширкати алюминии тоҷик” ба буҷети давлат ва суратҳисобҳои корхонаҳои ватанӣ дар соли 2008 маблағи бештар аз 870 миллион сомониро ташкил дод (истеҳсоли алюминий 400 ҳазор тонна дар як сол), аз он ҷумла:


Андозҳо, тақрибан 286 млн. сомонӣ, 
Музди меҳнат 102 млн. сомонӣ, 
Пардохтҳо барои истифодаи барқ 360 млн. сомонӣ, 
Аз он ҷумда, воридоти барқи Туркманистон 82 млн. сомонӣ, 
“Тоҷикгаз” 43 млн. сомонӣ, 
“Роҳи оҳани Тоҷикистон” 22 млн. сомонӣ, 
Дигар корхонаҳои дохилӣ 57 млн. сомонӣ. 

Барои мисол, агар тасаввур кунем, ки фаъолияти КВД “Ширкати алюминии тоҷик” қатъ гардидааст, пардохти маблағҳои зикргардида ба куллӣ таъмин намегардад ва таъсири манфии он на танҳо ба худи ширкат, балки ба буҷети давлат ва дигар ширкатҳои ватанӣ низ хоҳад расид. Танҳо дар сурати то 300 ҳазор тонна кам кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, пардохти маблағҳо аз ин ҳисоб то 591 млн. сомонӣ кам мешаванд, аз он ҷумла:

Андозҳо, тақрибан 172 млн. сомонӣ, 
Музди меҳнат 86 млн. сомонӣ, 
Пардохтҳо барои истифодаи барқ 236 млн. сомонӣ, 
“Тоҷикгаз” 41 млн. сомонӣ, 
“Роҳи оҳани Тоҷикистон” 15 млн. сомонӣ, 
Дигар корхонаҳои дохилӣ 41 млн. сомонӣ. 

Аз ин рӯ, бешубҳа, саҳми корхонаи “ТАЛКО” дар иқтисодиёти кишвар бузург аст ва ин нуктаро сарфи назар кардан, иштибоҳи маҳз аст. Мисоли равшан ва аёни онро дар сурати коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот дар ин коргоҳ бо рақамҳои мушаххас баён намудем.

Ба андешаи мо, мӯҳтарам Тӯраҷонзода дар мақолаи худ “Дурӯғи бе ҳадду марз” барои исботи назари худ гуфтаҳои моро нодуруст тавзеҳ додаанд. Умед бар он мекунем, ки эшон дар оянда ҳангоми тавзеҳи масъалаҳои иқтисодӣ бо дарки масъулияти том амал хоҳанд кард. 

Маркази матбуоти 
БМТ

08.04.2009
Посух ба мақолаи Аслиддин Достиев “Диктатура дар Бонки миллӣ?” (Ҳафтаномаи “СССР”, аз 19 марти соли 2009)

Маълумоти чопгардидаи рӯзноманигор ҷиҳати пешниҳоди маълумот дар бораи фаъолияти низоми бонкӣ ба Воситаҳои ахбори омма (ВАО) баррасӣ гардида, нисбати он чораи мушаххас андешида шуд.

Мақсади қабули Фармони қаблӣ (таҳти №31/3 аз 13 январи соли 2009) аз муқаррар намудани тартиби муайяни қабули саволҳо, мувофиқаи онҳо бо идораҳои марбута ва ирсоли онҳо ба муроҷиаткунанда иборат буд. Эроди мазкурро қобили қабул дониста, барои вусъат додани омодагии шӯъбаҳо дар минтақаҳо ва беҳтар ба роҳ мондани раванди ҳамкориҳо бо ВАО дар ин робита Фармоиши нав таҳти №310/3 аз 20 марти соли 2009 қабул гардид. 

Дар асоси он шӯъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон метавонанд маълумоти хусусияти умумибонкӣ дошта, яъне омори дорои мақоми сирри бонкӣ надоштаро, дар раванди кори ҳаррӯза ва дар ҳолати зарурӣ ба ВАО пешниҳод намоянд. 

Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои минтақавии он омода ҳастанд, ки бо ВАО муносибати судмандро ба хотири рушду нумӯи иқтисодиёти кишварамон идома диҳанд. Ҳамзамон аз рӯзноманигорон хоҳиш менамоем, ки ҳангоми омода намудани саволҳо ва пахши ҷавобҳо ҷиддӣ ва босалоҳият рафтор намоянд.

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

08.04.2009
Ҷавоб ба мақолаи “Бонки насиҳат” (“СССР”, №12 аз 19 марти соли 2009, муаллиф С. Бурҳонов)

Вобаста ба мақолаи С. Бурҳонов бояд тазаккур намуд, ки воқеан чунин зуҳуроти гардиши асъори хориҷӣ дар кишвар мавҷуд аст, ки он хоси бештари мамлакатҳои тараққиёбанда, алалхусус узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Табиати ин гуна муомилот на танҳо аз меъёрҳои бонкӣ, балки аз омилҳои бештар васеъ, алалхусус макроиқтисодиёт, вазъ ва рушди сохтори истеҳсолот, интизорият ва афзалият додани намуди асъор аз худи шаҳрвандон, мавқеи фаъолияти иқтисоди хориҷии кишвар ва дигарҳо низ сарчашма мегиранд.

Аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва унсурҳои қонуниятҳои иқтисоди муосир танзими ин кор бо роҳи маъмурӣ, маҳдудкунӣ ва манъ кардан ба даст намеояд, зеро дар асл он тамоюли баръаксро ба миён меорад. Роҳи устувор ва бидуни тағйироти куллии ин ҳолат гузариши марҳилаҳои табиии таҳаввул (эволютсионӣ), тадриҷии рушд ва афзалиятпазирии аҳли ҷомеъа мебошад.

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

11.03.2009
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст...

Посухи мухтасар ба мақолаи Сафват Бурҳонов “Истеҳсолкунандаи Ватанӣ. 
Давои бӯҳрон” (ҳафтаномаи “СССР”, №9(25), аз 26 феврали с.2009) 


Боиси таассуф ва нигаронист, ки рӯзҳои охир баъзе аз шореҳони воситаҳои ахбори омма хусусият ва нозукиҳои фаъолияти бозор, низом ва тартиби муносибатҳои иқтисодиро надониста, оид ба мавқеи вазорату ташкилотҳои гуногун хеле пурҳаяҷон ва дар баъзе мавридҳо аз одоб берун ҳукм меронанд.

Дар мавриде, ки танқид ва ошкор намудани камбудиҳои вазоратҳою идораҳо тавре дар одоби муошират ва меъёрҳои журналистӣ қабул шудааст, бидуни расидан ба иззати нафси шахсият ва пешниҳодоти барои аҳли ҷомеа судманд бошад, чунин эроду нуқтаи назарҳо ҳамеша қобили қабул ва пазироӣ мебошанд.

Вале, дар баъзе мавридҳо шахс оид ба мавзӯе, ки худ маълумоти ба он дахлдорро аз саҳифаҳои сомона (интернет) ё матбуот гирифтаасту, қонуният ва рукнҳои дохилии бозор ва иқтисодиётро наомӯхта, бидуни дарки моҳияти он андешаҳои худро дар ҳафтанома ҷой додаю пешкаши хонандагон мегардонад, чунин саросемакорӣ оқибати хуб нахоҳад дошт. Зеро аз ин кори муаллиф шояд бӯи ғараз, мақсади номуайян, бадбинии шахсӣ, ноҳурматӣ ба арзишҳои ҷамъияту миллат дида шавад.

Биноан, аз хонандагони гиромӣ ва нуктасанҷ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми мутолиаи ин зумра мақолаҳои рӯякӣ ва хориҷ аз таҳлилҳои амиқ ба ҳаяҷон ва хулосаҳои носанҷида дода нашуда, худ ба таҳлилу қиёси рақамҳои воқеӣ даст зананд ё аз маслиҳатҳои олимону мутахассисони соҳа истифода кунанд. Яқин аст, ки ҳақиқатро дармеёбанд.

Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки ҷомеаи феълӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳаст, хавфҳои муайян бошанд, таъсири онҳоро бештар менамоянд, ба андешаи мо, барои паси сар кардани онҳо аз ибрози суханҳои аз одоб беруну носазо дида, муҳокимаҳои беғаразонаю бе расидан ба иззати нафси шахсиятҳо хубтару беҳтар аст.

Дар асл, мақола аз лиҳози банду баст, мазмун, дарки мафҳумҳои иқтисодӣ орӣ мебошад ва дар он омезиши хеле ғайриоддии унсурҳои пулӣ, молӣ, иқтисодӣ мушоҳида мешаванд, ки аз доираи фаҳмиши иқтисодӣ хеле дур мебошанд. Аз ин рӯ, таҳлили амиқ намудану посухи муфассал гуфтан ба он ғайриимкон ба назар мерасад.

Масалан, реҷаи асъории номбурдаи идораи асъорӣ (currencу board) умуман дар кишвари мо дар ягон вақт татбиқ нагаштааст. Реҷаи асъорие, ки дар ватанамон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ва ҳукми расмӣ дорад “низоми шинокунандаи танзимшаванда“ ном дорад. Матни Қарори ин мақомот тавассути рӯзномаҳо ва сомонаи интернетӣ ба таври озод ба диққати тамоми аҳолӣ ва ҷамъият расонида шудааст. Аз он воқиф набудани муаллиф, мазмуни мавҷуд набудани онро надорад ва масъулияти чунин саҳвро ба худи он кас вомегузорем.

Боиси таассуф аст, ки агар хабарнигор надонад дар ватанаш кадом низом татбиқ мешавад ва надонад, ки маълумот оид ба онро чӣ тавр пайдо кардан мумкин аст, дар асоси кадом меъёрҳои аҳлоқӣ ва этикети журналистӣ, пиндори худро чун ҳақиқат ба сари мақомотҳо бор карда, аз рӯи он хулосаҳои хеле “муҳим” ба даст орад? Ба ғайр аз иштибоҳ дар тахайюли “Идораи асъорӣ”, чандин нуктаҳои дигаре ҳаст, ки бо бандҳои алоҳидаи худи мақола дар тазоданд ва аз маълумоти оддитарин хабардор набудани муаллифи мӯҳтарам дарак медиҳанд. Валекин, нисбати рӯзнома эҳтироми худро зоҳир намуда, аз пахши камбудиҳои дағалонаи он кас худдорӣ менамоем.

Аслан, тибқи ҳикмати халқӣ, ки бо гузашти асрҳо моҳияташ бештар гаштааст, ҷавоби чунин мақолаҳо сукут аст, аммо бо дарназардошти мураккабии вақт ва ҳатмӣ будани ҷавобдиҳӣ ба он, мо ин ҷавобро пешкаши хонандагон гардонидем.

Аз хонандагони гиромӣ бошад, даъват менамоем, ки дар чунин лаҳзаҳо на ба тазодкорӣ, ҷудоию парокандагӣ, балки дасти ҳамдигарро гирифта, ба ҳамдилию ҳамбастагӣ, иттиҳод ва ҳурмати якдигар рӯ оварем. Зеро, танҳо бо ин роҳ мо метавонем ба миллату ватани худ хизмат намуда, ба комёбиҳои дилхоҳ ноил шавем.

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

25.02.2009
Посухи мухтасар ба мақолаи Сайёфи Мизроб “Хатари гуруснагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ҳафтаномаи “СССР”, №5 аз 9 октябри соли 2008)

Қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ мутобиқи шароити иқтисодиёт ва мавқеи холиси амалиёти иқтисодӣ-хориҷии тамоми корхонаҳо, ширкатҳои гуногун, соҳибкорони ватанӣ тағйир меёбад, ки дар нигоҳдории он, аз ин лиҳоз, тамоми мардуми кишвар саҳм доранд.

Аз ин сабаб, беҳурматӣ нисбати қурби пули миллӣ ин беҳурматӣ нисбат ба мақомот ва шахсони алоҳида не, балки нисбати тамоми ҷомеаи ватанӣ мебошад.

Маркази матбуоти 
БМТ 

Посухи мухтасар ба мақолаи Сайёфи Мизроб “Баргардиш: чаро ба бӯҳрони ҷаҳонӣ омода набудем?” 
(Ҳафтаномаи “СССР”, №6 аз 5 феврали соли 2009)


Оид ба сар задани бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва тавассути кадом омилҳо таъсир расонидани он ба иқтисодиёт пеш аз ҳама созмонҳои дахлдори кишварҳои пешрафтаи дунё хабардор буданд. Аммо то имрӯз бо вуҷуди тадбирҳои пешакӣ ва ба муомилот баровардани маблағҳои калони пулӣ натиҷаи манфии бӯҳронро бартараф насохтаанд ва зарари он меафзояд. Оё давлатеро гуфта метавонем, ки аз сару садо баланд кардану бонги хатар задани масъулини он таъсирҳои бӯҳрон бартараф шуда бошанд?

Дар кишварҳои тавлидкунандаи ин бӯҳрон қисме аз иқтисоддонҳо пеш аз зоҳир гардидани таъсири бӯҳрон таҳлилҳои мушаххас гузаронида, пешниҳодҳо карда буданд, вале мутаассифона, гуфтаҳои онҳо ба инобат гирифта нашуд. Мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба зоҳир ва нишонаҳои таъсир, мушкилиҳо ва чораҳои то имрӯз андешидашуда пайваста маълумот медиҳанд ва чандин бор тавассути ВАО оиди ин масъалаҳо баромадҳо карданд.

Барои ба омма рушанӣ андохтан оиди бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ бо як далели беасос масъулинро бехабар аз ҳама рӯйдодҳои ҷаҳонӣ шумурдан саҳв аст. Баръакс, агар дар бораи мушкилиҳои пешомада ва чораҳои ҷиҳати бартарафсозии онҳо андешидашуда сухан гӯем, беҳтар аст. Чунки аксари суолҳо ва нофаҳмиҳои дар байни мардум пайдошуда, аслан мушкилиҳои имрӯзаро дар бар мегиранд.

Аз ин рӯ, мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо олимон ва масъулини соҳаҳои гуногуни иқтисод мунтазам тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои телевизион ва радио, вазъи имрӯзаи молиявию иқтисодии кишварро бо дарназардошти таъсирҳои расонидаи бӯҳрони молиявӣ ва ҳалли мушкилиҳои мавҷуда инъикос менамоянд.

Маркази матбуоти 
БМТ 

Ҷавоб ба мақолаи шаҳрванд Додарбек Сафаров – “Қосимов пурсад, Раҳимзода медиҳад?”, ҳафтаномаи “Фараж” аз 19 феврали соли 2009

Дар мавриди навиштаҳои муаллиф оид ба паст рафтани арзиши нахи пахта зикри он нуқта зарур аст, ки поёнравии арзиши маҳсулоти номбурда аз ҷумҳурии мо ва ё ягон мақомоти алоҳидаи давлатӣ вобастагӣ надорад. Зеро арзиши пахта дар музоядаҳои бирҷаҳои ҷаҳонӣ муайян карда шуда, боло ё поёнравии он аз талаботу пешниҳоди тавлидгарон ва истеъмолкунандагони калон вобаста мебошад.

Бинобар вазъияти баамаломада ё дар мавриди истеҳсоли пахта деҳқонон танҳо бо рӯёнидани ҳосили баланд метавонанд даромади дилхоҳ ва фоидаи соф ба даст оранд.

Муаллиф дар сархати дигар ба иштибоҳ роҳ дода, ба ҷои 180 млн. сомоние, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли равон барои рушд ва дастгирии соҳаи кишоварзӣ ҷудо кардааст, 180 ҳазор доллари ИМА нишон дода, қайд намудааст, ки ин маблағ ба деҳқонон на аз ҷониби бонкҳо, балки аз тарафи Вазорати кишоварзӣ дода шавад.

Дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки мутобиқи қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ иҷрои амалиёти бонкӣ дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Чун Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори давлатии мутасаддӣ барои пешбурди татбиқи сиёсат дар соҳаи кишоварзӣ мебошад, ҳуқуқи қарздиҳиро надорад. Дар иқтисодиёт ҳар сохтор бояд ба иҷрои вазифаҳои худ машғул бошад. Албатта, агар соле пеш фаъолияти фючеристон ба кишоварзон маъқул набуд ва имрӯз бошад, фаъолияти бонкҳо ба қисме аз одамон маъқул нест, мо бояд корро дар ин ҷода беҳтар намоем.

Маркази матбуоти 
БМТ 

19.12.2008
Шарҳе ба мақолаи “Дар Бағдод ҳама ором аст?” (аз 10 декабри соли 2008, ҳафтаномаи “Азия-Плюс”, №50)

Ҳанӯз дар оғози марҳилаи таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба бахши молиявии мамлакати мо, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои тиҷоратӣ мунтазам вохӯриҳо гузаронида шуда, дар рафти онҳо роҳҳои бартараф ва то ҳадди имкон кам кардани хавфҳои бӯҳрони молиявӣ ҳамаҷониба муҳокима мегардиданд, ҳамчунин масъалаҳои устувории низоми бонкӣ дар мавриди баҳо додан ба таъсири эҳтимолии бӯҳрон ба низоми бонкии мо мавриди омӯзиш қарор дода мешуданд.

Давр ҷараёни мулоқотҳо ба масъалаҳои таъмини омодагии ҳаматарафаи бонкҳо барои то ҳадди имкон кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани эътимоднокии захираҳои қарзӣ ва сифати дороиҳои бонкҳои ҷумҳурӣ, махсусан ба мавҷуд набудани пардохпазириҳое, ки хосияти кӯтоҳмӯҳлатӣ доранд, аҳамияти махсус дода шуда буд.

Дар айни замон, бӯҳрони номбурда дорои ҷараёни ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашаванда мебошад, ки аллакай амалҳо ва оқибатҳои ногаҳонии худро ба бахшҳои дигари иқтисодиёти мамлакат нишон дод ва онҳо дар шакли тағйир ёфтани шартҳои савдо дар воридоту содирот вобаста ба тағйироти талабот ва нархҳо ба молҳо дар бозори ҷаҳонӣ инъикос ёфта истодаанд.

Бо назардошти шартҳои мавҷуда Бонки миллии Тоҷикистон барои бартараф кардани таъсири бӯҳрони молиявӣ ба низоми бонкии мамлакат як қатор чораҳоро андешида истодааст. Дар ҳолати пеш омадани зарурат ба ташкилотҳои қарзӣ барои аз байн бурдани проблемаҳои марбут ба камбуди захираҳо, аз он ҷумла барои додани маблағҳои интиқолӣ ва баргардонидани қарзҳои бонкҳои хориҷӣ, пардохтпазириҳои кӯтоҳмӯҳлатро пешниҳод менамояд. Илова бар ин, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли равон меъёри бозтамвил аз 14,0% то 13,5% кам карда шуд.

Дар айни замон Бонки миллии Тоҷикистон масъалаҳои оид ба тағйири талаботи захираҳои ҳатмӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ, инчунин ба ташкилотҳои қарзӣ додани ҳуқуқи қисман истифода бурдани захираҳои умумиро баррасӣ карда истодааст. 

Ба ин нигоҳ накарда, бо назардошти пешгирӣ кардани таъсири номатлуби бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, аз он ҷумла бӯҳрони пардохтпазирӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва бо мақсади нигоҳ доштани устувории пешниҳоди пулӣ, Бонки миллии Тоҷикистон то охири сол сиёсати муносиби пулию қарзиро идома медиҳад. 

Қобили қайд аст, ки Ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон омодагии худро барои ба ташкилотҳои бонкии ҷумҳурӣ расонидани тамоми кӯмакҳои зарурӣ изҳор намуданд. 

Ш. Душанбе, 
18 декабри с. 2008 
(Аз забони русӣ тарҷума шудааст.)

04.08.2008
Шарҳе ба мақолаи “Евро мавқеашро дар Тоҷикистон торафт коҳиш медиҳад” (аз 13 августи соли 2008, CA-NEWS (TJ))

Дар мақолаи мазкур омадааст, ки “Қурби хариду фурӯши евро, долари ИМА ва рубли Русия дар бозори сиёҳ назар ба қурби расмии муқарраршуда фарқияти зиёд дорад”.

Пеш аз ҳама бояд зикр кард, ки мафҳуми “бозори сиёҳ” дар кишвари мо аллакай 5-6 сол мешавад, ки аз байн рафтааст. Ба туфайли сиёсати либерализатсияи бозори асъор, ки шаффофияти фаъолиятро аз ҷумла дар нуқтаҳои мубодилаи асъор дар назар дорад, ҳоло бо боварии том метавон гуфт, ки дар мамлакати мо бозори тараққикарда ва рақобатпазири асъор ташаккул ёфтааст.

Дар мавриди нишондиҳандаҳои қурби расмии мубодилавӣ ва қурби асъори нақди хориҷӣ бояд гуфт, ки масалан дар таърихи 22 августи соли 2008 таносуби онҳо ба шакли зайл буд: барои доллари ИМА 3,4193 ва 3,4400 сомонӣ, барои евро 5,0380 ва 5,1700 сомонӣ ва барои 10 рубли Русия 1,4070 ва 1,4000 сомонӣ.

Ин ҷо аён аст, ки ин фарқият, яъне фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби мубодилавии пули нақд дар ҳудуди то 2 фоиз қарор дорад, ки аз рӯи меъёрҳои байналхалқӣ онро ҷоиз шуморидан мумкин аст.

Динамикаи тағйирёбии қурби расмии мубодилавӣ ва қурби мубодилавии пули нақд нишон медиҳад, ки вазъи бозори дохилии асъор дар айни замон ба қадри кофӣ мӯътадил мебошад.
Шарҳе ба мақолаи “Навоварӣ (дар робита ба Рақами мушаххаси андозсупоранда). Оё интиқолҳои пулӣ боз ҳадафи мақомоти андоз қарор гирифтанд?” 
(аз 9 июли соли 2008, “Азия - Плюс”, №28) 

Дар ин мақола масъалаҳои вобаста ба тағйироту иловаҳои охирин ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз тарафи бонкҳо аз муштариён талаб карда шудани Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) ҳангоми додани интиқолҳои пулӣ баррасӣ шудаанд.

Бо мақсади мусоидат ба раванди воридшавии асъори хориҷӣ ба кишварамон, аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 июли соли 2008, №2/789) ва Бонки миллии Тоҷикистон (9 июли соли 2008,3 78/ОП) Дастури муштарак “Ҷиҳати мусоидат ба раванди воридоти асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид (замима мегардад).

Мутобиқи он бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ҳангоми ба расмият даровардан ва додани интиқолҳои пулии ба ҷумҳурӣ бе кушодани суратҳисоб воридшуда, аз муштариён Рақами мушаххаси андозсупорандаро талаб нахоҳанд кард.

Дастури мазкур аллакай ба маълумоти бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва мақомоти андоз дар маҳалҳо расонида шудааст. 

ш. Душанбе
17 июли соли 2008

03.04.2008
Шарҳи мухтасари мақолаҳои “Мавқеи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Тоҷикистон”, (“Зиндагӣ”, № 13 аз 27 марти соли 2008, муаллиф Л.Латифӣ) ва “Бонкҳои байналмиллалӣ аз Тоҷикистон рӯ тофтанд”, (“Тоҷикистон”, № 13 аз 27 марти соли 2008)

Маълумоти чопгардида оид ба қатъ гардидани ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи хабари дар сайти интернет нашр шуда, асли тамоилро инъикос наменамояд.

Зеро айни замон, ҳамкории созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо кишвари мо идома дорад ва нақшаҳои гуногун дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ барои давраи миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат амалӣ карда шуда истодаанд.

ш. Душанбе
2 апрели с. 2008

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4733 (58.36%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        1719 (21.20%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        711 (8.77%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5614 (69.22%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1141 (14.07%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        274 (3.38%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ