Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 майи соли 2023 дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявию суғуртавӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла шарикони маҳаллӣ ва хориҷӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ”-ро, ки аз 3 қисм, “Ярмаркаи маҳсулоти бонкӣ”, “Форуми саводнокии молиявӣ” ва чорабинии фарҳангӣ иборат буд, доир намуд.
Дар доираи маъракаи байналмилалии Global Money Week-2023 Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ, шарикони рушд ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз 1 то 30 апрели соли 2023 дар ҷумҳурӣ моҳи саводнокии молиявиро баргузорнамуд.
Ҳамасола аксари кишварҳои дунё 31 октябрро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пасандоз (World Savings Day) таҷлил менамоянд, ки ҳадафи асосии он ҳавасмандгардонӣ ва нигоҳ доштани ғояҳои нигоҳдории маблағи пулӣ ва оқилона сарф кардани он мебошад.