Пули коғазӣ

 ПУЛҲОИ КОҒАЗӢ

 

ПУЛҲОИ КОҒАЗИИ БАРОРИШИ СОЛИ 1999

Сомонӣ

Коғази пул: сад дар сад аз нахи пахта сохта шуда, дорои нахҳои ҳимоявии беранг мебошад, ки дар зери шӯоъҳои ултрабунафш бо рангҳои дурахшандаи сурх, кабуд ва сабз намудор мешаванд.

Тарзҳои чоп:

металлографӣ:

дар рӯи пул - расм, ҳамаи матнҳо, рақамҳои ифодакунандаи арзиши пул, навори нақшдори дурангаи амудӣ, Нишони давлатии Тоҷикистон,аломати рамзӣ барои нобиноён, имзои шахсони масъул

Офсетӣ:

дар рӯи пул - резахатакҳои заминаи пул, ки рафта-рафта аз як ранг ба ранги дигар тағйир меёбанд (чопи ирис), тасвири заминавии қисмати марказии пул, гулнақшҳои тарафи рост, тасвирҳои ба ҳам пайвандшаванда, нақши "гули лола" бо унсури зидди нусхабардории"РЕАК" дар паси пул - тамоми тасвирҳо ва навиштаҳо

барҷаста:

дар рӯи пул - рақамҳои силсилавии пул

Унсурҳои асосии ҳимоявии пул:

1. Нишонаи обӣ: тасвири чандтобишаи расми шахси рӯи пул, ки дар муқобили рӯшноӣ дида мешавад. 
2. Риштаи ҳимоявӣ: навори филизии дохили пул, ки зоҳиран шаш порча буда,ҳангоми дар муқобили рӯшноӣ дидан ҳамчун риштаи яклухти хиратоби матни такроршавандаи "БМТ" бо тасвири роставу чаппа намоён мешавад. 
3. Резанавишт: дар рӯи пул - резаматн ба забони тоҷикӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад;дар паси пул - резаматн ба забони англисӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад. 
4. Унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ: ҳангоми мушоҳида намудани пул таҳти кунҷҳои гуногун дар нақши "гули лола" чандин рақами хираву равшан намоён мешавад, ки арзиши пулро ифода мекунад. 
5. Тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда: унсурҳои тасвир, ки дар дохили доираҳои сафедранги ҳарду рӯи пул ҷойгир шудаанд, ҳангоми дидан дар муқобили рӯшноӣ ба ҳам пайваст шуда, нишони Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. 
6. Кинеграмма: ҳангоми тағйир додани кунҷи рӯшноии навори амудии филизӣ, тасвири нишони Бонки миллии Тоҷикистон ва матнҳои тоҷикию англисӣ, ки дар рӯи он воқеъ мебошанд, бо рангҳои гуногун медурахшанд. 
7. Нишона барои нобиноён: шаклҳои ҳаштгӯшаи дар поёни қисмати сафеди пул ҷойгиршуда дорои хосияти барҷастагӣ мебошанд, ки бо даст ҳис карда мешаванд. 
8. ҳимояи магнитӣ: рақами силсилавии уфуқии воқеъ дар кунҷи болоии тарафи чапи пул дорои хосияти магнитӣ мебошад.

Андоза: 
1 сомонӣ - 141мм х 65мм 
3 сомонӣ - 141мм х 65мм 
5 сомонӣ -144мм х 65мм 
10 сомонӣ -147мм х 65мм 
20 сомонӣ -150мм х 65мм 
50 сомонӣ -153мм х 65мм 
100 сомонӣ -156мм х 65мм 
200 сомонӣ -159мм х 68мм 
500 сомонӣ -162мм х 71мм

Мирзо Турсунзода (1911 - 1977) -- шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон Бинои Бонки миллии Тоҷикистон


Шириншоҳ Шоҳтемур (1899 - 1937) – қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби давлатии Тоҷикистон Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


 

 
 

 
Садриддини Айнӣ (1878 - 1954) -- Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик Оромгоҳи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар ноҳияи Панҷакент


10s1_a.jpg 

10s1_a.jpg 
10s_b.jpg 

10s2_a.jpg 

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314 - 1384) - мутафаккир ва шоири тоҷик

Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ш.Кӯлоб



20s_a.jpg 20s_b.jpg
Абӯалӣ ибни Сино (980 - 1037) -- олим, энсиклопедисти бузурги халқи тоҷик Қалъаи Ҳисор


50s_a.jpg 50s_b.jpg
Бобоҷон Ғафуров (1908 - 1977) -- Қаҳрамони Тоҷикистон, олим, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон Чойхонаи "Сино" дар ноҳияи Исфара


100s_a.jpg 100s_b.jpg
Исмоили Сомонӣ (849 - 907) -- асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Давлати Сомониён

 Қасри Президент

200s_a.jpg 200s_b.jpg
Нусратулло Махсум (1881 - 1937) – қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби давлатии Тоҷикистон Бинои Китобхонаи миллӣ
500s_a.jpg 500s_b.jpg
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858 – 941) - сардафтари адабиёти классикии тоҷик Бинои Қасри миллат

Дирам 

Коғази пул: аз нахи пахта сохта шуда, дорои нахҳои ҳимоявии беранг мебошад, ки дар зери шӯоъҳои ултрабунафш бо рангҳои дурахшандаи сурх, кабуд ва сабз намудор мешаванд.

Тарзҳои чоп:офсетӣ: дар рӯи пул - тамоми тасвирҳо ғайр аз рақами силсилавии пулдар паси пул - тамоми тасвирҳо ва навиштаҳобарҷаста:дар рӯи пул - рақами силсилавии пул

Унсурҳои асосии ҳимоявии пул 1.Нишонаи обӣ: тасвири чандтобишаи нишони Бонки миллии Тоҷикистон 2.Риштаи ҳимоявӣ: навори шаффофи полимерӣ бо навиштаи "БМТ" ба шакли роставу чаппа3.Резанавишт: дар рӯи пул - резаматн ба забони тоҷикӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад дар паси пул - резаматн ба забони англисӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад 4.Ҳимояи магнитӣ: рақами силсилавии пул дорои хосияти магнитӣ мебошад

Андоза : 110мм х 60мм

Бинои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ Манзараи кӯҳистон


Кохи маданият дар хоҷагии ба номи Ӯрунхоҷаев Оромгоҳ дар Чилучорчашмаи Шаҳритус


Маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон Роҳи кӯҳистон


Исмоили Сомонӣ Водии кӯҳистон




 ПУЛҲОИ КОҒАЗИИ БАРОРИШИ СОЛҲОИ 2017 -2018

Андоза: 

  • 10 сомонӣ -147мм х 65мм 
  • 20 сомонӣ -150мм х 65мм
  • 50 сомонӣ -153мм х 65мм 
  • 100 сомонӣ -156мм х 65мм 
  • 200 сомонӣ -159мм х 65мм 
  • 500 сомонӣ -162мм х 65мм



    
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314 - 1384)
-- мутафаккир ва шоири тоҷик
Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
дар ш.Кӯлоб
   
   
Абӯалӣ ибни Сино (980 - 1037) -- олим,
энсиклопедисти бузурги халқи тоҷик
 Қалъаи Ҳисор
   
   
Бобоҷон Ғафуров (1908 - 1977)-- Қаҳрамони
Тоҷикистон, олим, арбоби сиёсию
давлатии Тоҷикистон
 Чойхонаи "Сино" дар ноҳияи Исфара
   
   
Исмоили Сомонӣ (849 - 907)  -- асосгузори
аввалин давлати  мутамаркази тоҷикон
- Давлати Сомониён
 Қасри Президент
   
   
Нусратулло Махсум (1881 - 1937)  – қаҳрамони
Тоҷикистон, арбоби давлатии Тоҷикистон
  Бинои Китобхонаи миллӣ
   
   
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858 – 941)  - сардафтари
адабиёти классикии тоҷик
 Бинои Қасри миллат

Унсурҳои   ҳимоявии  пулҳои коғазии барориши солҳои  2017-2018

ПУЛИ   ТАКМИЛШУДАИ 100 СОМОНӢ  барориши соли 2017




Нишонаи  обӣ

Намунаи соли 2017

Намунаи соли 1999







1.Нишонаи обӣ

     Тасвири расми шахси дар рӯи пул буда, дар қисмати сафедии тарафи чапи пул, дар таркиби коғаз такрор ёфта, дар муқобили рӯшноӣ дида мешавад.

– бисёртобиша, такрори расми шахси дар рӯи пул буда дар қисмати сафедии тарафи чапи пул.

Риштаи ҳимоявӣ 

Намунаи соли 2017
Намунаи соли 1999


2. RollingStar®

   - Риштаи ҳимоявӣ бо эффекти оптикии кинетикӣ, ки қисматҳои он ноаён, аз ранги тиллоӣ ба ранги сабз мубаддал мешаванд.

Унсури ҳимоявии LEAD® (Голограмма)

Намунаи соли 2017
Намунаи соли 1999


    3.LEAD®

    Голограмма бо расм, арзиши пул  ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  - Тасмачаи “LEAD” бо тасвирҳои голографӣ дар рӯйи пул, ороиши такмилшудаи унсури мазкур.

Рангҳои  ҷилодор дар пулҳои барориши солҳои 2017-2018





    4. Рангҳои ҷилодор

    Ҳангоми тағйир додани кунҷи биниш навори аз як ранг ба ранги дигар ивазшаванда такроран намудор мешавад.

Унсури ҳимоявии PEAK® Dynamic дар

пулҳои барориши  солҳои  2017-2018

Намунаи соли 2017
Намунаи соли 1999


5.PEAK® Dynamic

Ҳангоми тағйир додани кунҷи биниш навори хурди рӯшноӣ аз боло ба поён ва баръакс ҳаракат мекунад.

Ҳимояи фосфорӣ

Намунаи соли 2017
Намунаи соли 1999


    6.Ҳимояи фосфорӣ

    Чоркунҷа бо арзиши пул, ки бо ранги фосфорӣ иҷро шуда, зери шӯоъҳои ултрабунафш намудор мешавад.

                                                                                                  

Пулҳои коғазии Бонки миллии Тоҷикистон, барориши соли 2021,

арзишҳои 10,20,50,100, 200 ва 500 сомонӣ

            Коғази пул барои арзишҳои 10,20,50 ва 100сомонӣ: аз омехтаи нахи пахта (80%) ва маводи химиявии полимер (20%) сохта шуда, дорои нахҳои ҳимоявии беранг мебошад, ки дар зери шӯоъҳои ултрабунафш бо рангҳои дурахшандаи сурх, кабуд ва сабз намудор мешаванд.

         Коғази пул барои арзишҳои 200 ва 500 сомонӣ: 100% аз нахи пахта сохта шуда, дорои нахҳои ҳимоявии беранг мебошад, ки дар зери шӯоъҳои ултрабунафш бо рангҳои дурахшандаи сурх, кабуд ва сабз намудор мешаванд.

           Тарзҳои чоп:

Металлографӣ - дар рӯи пул - расм, ҳамаи матнҳо, рақамҳои ифодакунандаи арзиши пул, навори нақшдори дурангаи амудӣ, Нишони давлатии Тоҷикистон,аломати рамзӣ барои нобиноён, имзои шахсони масъул.

Офсетӣ - дар рӯи пул - резахатакҳои заминаи пул, ки рафта-рафта аз як ранг ба ранги дигар тағйир меёбанд (чопи ирис), тасвири заминавии қисмати марказии пул, гулнақшҳои тарафи рост, тасвирҳои ба ҳам пайвандшаванда, нақши "гули лола" бо унсури зидди нусхабардории"РЕАК" дар паси пул - тамоми тасвирҳо ва навиштаҳо.

Барҷаста - дар рӯи пул – рақамҳои силсилавии пул

Унсурҳои асосии ҳимоявии пул:

1. Нишонаи обӣ: тасвири чандтобишаи расми шахси рӯи пул, ки дар муқобили рӯшноӣ дида мешавад. 

2. Риштаи ҳимоявӣ: навори филизии дохили пул, ки зоҳиран шаш порча буда, ҳангоми дар муқобили рӯшноӣ дидан ҳамчун риштаи яклухти хиратоби матни такроршавандаи "БМТ" бо тасвири роставу чаппа намоён мешавад. 

3. Резанавишт: дар рӯи пул - резаматн ба забони тоҷикӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад; дар паси пул - резаматн ба забони англисӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад.

 4. Унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ: ҳангоми мушоҳида намудани пул таҳти кунҷҳои гуногун дар нақши "гули лола" чандин рақами хираву равшан намоён мешавад, ки арзиши пулро ифода мекунад.

 5. Тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда: унсурҳои тасвир, ки дар дохили доираҳои сафедранги ҳар дурӯи пул ҷойгир шудаанд, ҳангомидидан дар муқобили рӯшноӣ ба ҳам пайвастшуда, нишони Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. 

6. Кинеграмма: ҳангоми тағйир додани кунҷи рӯшнои навори амудии филизӣ, тасвири нишони Бонки миллии Тоҷикистон ва матнҳои тоҷикию англисӣ, ки дар рӯи он воқеъ мебошанд, бо рангҳои гуногун медурахшанд.

 7. Нишона барои нобиноён: шаклҳои ҳашт гӯшаи дар поении қисмати сафеди пул ҷойгиршуда дорои хосияти барҷастагӣ мебошанд, ки бо даст ҳис карда мешаванд.

 8. Ҳимояи магнитӣ: рақами силсилавии уфуқии воқеъ дар кунҷи болоии тарафи чапи пул дорои хосияти магнитӣ мебошад.

9. Рангҳои ҷилодор :    ҳангоми тағйир додани кунҷи биниш навори аз як ранг ба ранги дигар ивазшаванда такроран намудор мешавад.

Андоза: 

  10 сомонӣ - 147мм х 65мм

  20 сомонӣ - 150мм х 65мм

  50 сомонӣ - 153мм х 65мм

100 сомонӣ - 156мм х 65мм

200 сомонӣ - 159мм х 65мм

500 сомонӣ - 162мм х 65мм

Соли барориш: 2021

Имзо:

1.     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;

2.     Раиси Бонки миллии Тоҷикистон

  10 РОСТ.jpg  10 ЧАП.jpg
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314 - 1384)
-- мутафаккир ва шоири тоҷик
Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
дар ш.Кӯлоб
   
 20 РОСТ.jpg  20 ЧАП.jpg
Абӯалӣ ибни Сино (980 - 1037) -- олим,
энсиклопедисти бузурги халқи тоҷик
 Қалъаи Ҳисор
   
 50 РОСТ.jpg  50 ЧАП.jpg
Бобоҷон Ғафуров (1908 - 1977)-- Қаҳрамони
Тоҷикистон, олим, арбоби сиёсию
давлатии Тоҷикистон
 Чойхонаи "Сино" дар ноҳияи Исфара
   
 100 РОСТ.jpg  100 ЧАП.jpg
Исмоили Сомонӣ (849 - 907)  -- асосгузори
аввалин давлати  мутамаркази тоҷикон
- Давлати Сомониён
     Кохи Наврӯз

         
 200 РОСТ.jpg  200 ЧАП.jpg
Нусратулло Махсум (1881 - 1937)  – қаҳрамони
Тоҷикистон, арбоби давлатии Тоҷикистон
  Бинои Китобхонаи миллӣ
   
 500РОСТ.jpg  500 ЧАП.jpg
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858 – 941)  - сардафтари
адабиёти классикии тоҷик
 Бинои Қасри миллат