Раванди додани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва “Тартиб гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ” ба низомҳои пардохтии ватанӣ ва байналмилалӣ барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ иҷозатнома додааст.

Низомҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон

Низомҳои пардохтии дохилӣ

Низомҳои пардохтии байналмилалӣ

1

Корти миллӣ

1

Western Union (Фаронса)

2

Осон

2

Visa

3

ExpressPay

3

Mastercard

4

EASY PAY

4

Юнистрим



5

UnionPay



6

Золотая Корона



7

Астрасенд



8

КВИКПЕЙ



9

Sendy



10

БЭСТ

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2026, №63 мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтии миллии «Корти миллӣ» дода шуд.

Муфассалтар: https://nbt.tj/tj/payment_system/fehrist_op_niz_pard.php