Бонки миллии Тоҷикистон баҳри таъмини самаранокии идоракунии сиёсати пулию қарзӣ,танзими ҳадафи амалиётии худ, идоракунии сатҳи пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва меъёрҳои кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ, фишангҳои амалиётии зерини сиёсати пулию қарзиро истифода мебарад:
- амалиёт дар бозори озод,- воситаҳои доимамалкунандаи шабонарӯзӣ (овернайт),
Сохтори фишангҳои амалиётии монетарии Бонки миллии Тоҷикистон
Амалиёт дар бозори озодаз фишангҳои фаъол ва самараноки сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб рафта, он ҷалби пардохтпазирӣ (маблағҳои озоди пулӣ дар суратҳисобҳои ташкилоти қарзӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон) ва ё пешниҳоди пардохтпазириро ба низоми бонкӣ тавассути савдои бозори озод, яъне музояда дар бар мегирад. Хусусияти муҳими фишанги мазкур ҳамин аст, ки он ба Бонки миллии Тоҷикистон имкон медиҳад дар раванди таъсиррасонӣ ба вазъи пардохтпазирӣ ва фоизҳои кӯтоҳмуддати бозор ташаббус дошта бошад.
Амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори озод дар умум тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад:
1) Музоядаҳои коғазҳои қиматнок
Барориши коғазҳои қиматнок ҳамчуняке аз фишангҳои асосӣ ва ғайримустақими сиёсати пулию қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки тариқи барпои музоядаҳои коғазҳои қиматнок пардохтпазирии барзиёди низоми бонкиро ҷалб ва вазъи бозорро ба танзим дарорад. Музоядаҳои коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистонмунтазам тибқи нақша дар давоми ҳафтаи корӣ тавассути низоми электронии савдо дар реҷаи вақти воқеӣ (online) баргузор мегарданд ва ташкилотҳои қарзӣ дархостҳои худро барои хариди коғазҳои қиматнок пешниҳод менамоянд. Меъёри ниҳоии (ҳадди аксари) фоизӣ барои дархостҳои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати хариди коғазҳои қиматнок дар сатҳи меъёри бозтамвил муқаррар карда шудааст.Муҳлатнокии коғазҳои қиматнок асосан 14, 28 ва 91 рӯзро ташкил дода, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ онҳоро бо муҳлатҳои гуногуни гардиш низ тибқи Дастурамали №189 “Дар бораи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба фурӯш барорад.
2) Музоядаҳои қарзӣ
Механизми қарзии мазкур пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлатро дар назар дошта, он барои дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз Бонки миллии Тоҷикистон тариқи музоядаҳои қарзӣ шароити мусоид фароҳам меорад.Музоядаҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам ҳар ҳафта тибқи нақша бо муҳлатҳои 14 ва 28 рӯз гузаронида мешаванд. Айни замон, меъёри ибтидоии (ҳадди ақалли) фоизӣ барои дархостҳои ташкилотҳои қарзӣ дар сатҳи меъёри бозтамвил ҷамъи як банди фоизӣ муқаррар карда шудааст. Ба сифати гарави қарз ташкилотҳои қарзӣ метавонанд коғазҳои қиматноки давлатӣ, коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, асъори хориҷӣ ва амонатҳои дар Бонки миллии Тоҷикистон бударо истифода баранд.Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, тартиб ва шартҳои анҷом додани амалиёти қарзии зикргардидаро Дастурамали №220 “Дар бораи амалиёти кӯтоҳмуҳлати бозтамвил” ба танзим медарорад.
Ба аввал
Фишангҳои доимамалкунандаи шабонарӯзӣ (овернайт)
Фишангҳои доимамалкунандаи шабонарӯзӣ (овернайт) бо мақсади ҷалб ё пешниҳоди пардохтпазирӣ ба муҳлати як шабонарӯз, таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва амалиётҳои он, вусъатдиҳии бозори пул, батанзимдарории меъёрҳои фоизии кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ, таъмини дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохтҳо равона гаридаанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ду намуд фишанги доимамалкунандаи шабонарӯзиро (овернайт) ба ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод менамояд:
1) Қарзи шабонарӯзӣ (овернайт), ки ҳамчун воситаи қарзии доимамалкунанда имкон медиҳад ташкилотҳои қарзӣ дар сурати муваққатан норасоии пардохтпазирӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунии пардохтҳо, маблағҳои қарзиро ба муҳлати як шабонарӯз аз Бонки миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди гарави муносиб дастрас намоянд (дар низоми амрикоӣ ин фишанг “Discount window” ва дар низоми аврупоӣ “Marginal lending facility” ном дорад).
2) Депозити шабонарӯзӣ (овернайт), кивоситаи доимамалкунандаи амонатӣ буда, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади муваққатан ҷалб намудани пардохтпазирии барзиёди низоми бонкӣ ба роҳ монда мешавад. Дар доираи механизми фишанги мазкур ташкилоти қарзӣ тавассути гузаронидани амалиёти депозити шабонарӯзӣ метавонад маблағҳои озоди худро дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун пасандоз ба муҳлати як шабонарӯз нигоҳ дорад.
Амалиёти қарз ва амонати шабонарӯзӣ (овернайт) дар давоми рӯзҳои амалиётии ҳафтаи корӣ тибқи дархости бонк анҷом дода мешавад. Меъёрҳои фоизӣ аз рӯи амалиётҳои мазкур аз тарафи Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи фишангҳои мазкур ташаббус дар дасти ташкилотҳои қарзӣ аст, зеро қарор дар бораи бо меъёри муайяншуда гирифтани қарз ё мондани амонат аз ҷониби онҳо қабул мешавад.
Бонкҳои марказӣ (миллӣ) барои танзими вазъи пардохтпазирии умумии низоми бонкӣ инчунин фишанги дигари сиёсати пулию қарзӣ - захираҳои ҳатмиро истифода мебаранд.
Бо мақсади иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ он ташкилотҳои қарзие, ки ба ҷалби пасандоз ва уҳдадориҳои ба он монанд сару кор доранд, бояд ҳаҷми муайяни пасандозҳоро дар суратҳисобҳои муросилотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доранд. Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби худ меъёри фоизро онҳоро барои ҳисоби захираҳои ҳатмӣ муқаррар менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон меъёри ҷудогона ё худ дифферентсиалии захираҳои ҳатмиро барои пасандозҳо бо пули миллӣ ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ истифода мебарад. Айни замон, меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ 3,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 9,0 фоизро ташкил медиҳад.
Амалиёти асъорӣ харид ё фурӯши асъори хориҷиро дар бозорҳои асъор дар бар мегирад. Амалиётҳо дар бозори асъори хориҷӣ дар доираи сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд ва дар маҷмӯъ ду мақсади асосӣ доранд:
- якум, муътадил намудани лаппиши аз эътидол зиёди қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ва бозори дохилии асъор;
- дуюм, зиёд намудани захираҳои байналмилалӣ ва расонидани сатҳи онҳо ба талаботи меъёрҳои байналмилалии устувории захираҳои байналмилалӣ.
Амалиёт бо асъори хориҷӣ дар бозори байнибонкии асъор бо роҳи гузаронидани музоядаҳои асъори хориҷӣ,қарордодҳои спот, амалиёти своп/форвардӣтариқи низоми электронии савдо анҷом дода мешавад.