СИЁСАТИ МАКРОПРУДЕНСИАЛӢ

СИЁСАТИ МАКРОПРУДЕНСИАЛӢ

Сиёсати макропруденсиалӣ – маҷмӯи чораҳои эҳтиётие мебошад, ки барои коҳиш додани хавфҳои низоми молиявӣ равона шудааст. Вобаста ба ин, сиёсати макропруденсиалӣ бо роҳи назорат бурдан, баҳодиҳӣ ва коҳиш додани хавфҳои низом ҷиҳати пурзӯр намудани устувории молиявӣ ва баланд бардоштани нақши бахши молиявӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар татбиқ гардида, баҳри таъмини суботи молиявӣ мусоидат менамояд.

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, яке аз вазифаҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон - “Таҳияи сиёсати макропруденсиалӣ ва назорати иҷрои он” мебошад.

Механизми татбиқи сиёсати макропруденсиалӣ мутобиқи Асосҳои сиёсати макропруденсиалии Бонки миллии Тоҷикистон (Қарори Раёсати БМТ №95 аз 12.07.2016) ба роҳ монда мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон барои расидан ба мақсади асосии сиёсати макропруденсиалӣ, яъне мусоидат намудан дар нигоҳдошти суботи низоми молиявии кишвар аз мақсадҳои фосилавии сиёсати макропруденсиалӣ истифода менамояд:

1) Коҳиш додан ва пешгирӣ намудани афзоиши дороиҳои бо назардошти хавф баркашидашуда ва ҳолати ғайри қобили пардохт будан;

2) Коҳиш додан ва пешгирӣ намудани ҳолати ғайрипардохтпазирӣ ва номувофиқатии муҳлатнокӣ миёни дороиҳо ва уҳдадориҳо;

3) Коҳиш додан ва пешгирӣ намудани афзоиши ҳаҷми пасандозҳо ва қарзҳо бо асъори хориҷӣ ва ҳаҷми қарзҳои таснифшуда;

4) Маҳдуд кардани роҳҳои мустақим ва ғайримустақими дучоршавии ҳолатҳои таҷаммуъ;

5) Вусъат додани шаффофият ва эътимоднокӣ дар низоми бонкӣ.

Раванди қабули қарорҳои сиёсати макропруденсиалӣ чаҳор давраро дар бар мегирад:

-   Муайянкунӣ ва баҳодиҳии хавфҳои низом;

-   Интихоби фишангҳои макропруденсиалӣ;

-   Татбиқи фишангҳои макропруденсиалӣ;

-   Баҳодиҳии фишангҳои макропруденсиалӣ.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои фосилавии сиёсати макропруденсиалӣ, аз фишангҳое, ки аз ҷониби Кумитаи суботи молиявӣ тавсия мешаванд ва инчунин дар асоси баҳодиҳии хавфҳои низоми молиявӣ таҳия мегарданд, истифода хоҳад намуд.

Сиёсати макропруденсиалӣ танҳо барои паст намудани эҳтимолияти ба вуҷуд омадани буҳронҳои оянда равона гардида, масъулияти пурра аз байн бурдани онҳоро ба зимма надорад.