Дар моҳҳои январ-июни соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ тавассути роҳҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ (дохилибонкӣ, тавассути муносибатҳои мустақими муросилотӣ ва тавассути суратҳисоби муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда) 439,3 млн пардохтҳо ба маблағи 2 169,0 млрд сомонӣ анҷом дода шуданд. Шумораи пардохтҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,4 фоиз ва ҳаҷми пардохтҳо 44,9 фоиз зиёд гардиданд.
Маълумот оид ба пардохтҳои дар низоми бонкӣ амалигашта

Ба санаи 30 июни соли 2026 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои муштариён 19,9 млн адад суратҳисобҳои бонкӣ кушода шудаанд, ки аз онҳо 0,2 млн адад суратҳисобҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 19,7 млн адад суратҳисобҳо ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Шумораи суратҳисобҳои бонкии муштариён дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 4,7 млн адад ё 31,4 фоиз афзудааст, ки нишондиҳандаи мазкур аз боло рафтани эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар шаҳодат медиҳад.