Мақсад ва вазифаҳо

Мақсад ва вазифаҳои сиёсати пулию қарзӣ

Сиёсати пулию қарзӣ (сиёсати монетарӣ) раванди танзим ва идораи пешниҳоди пул дар иқтисодиёт, сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ ва меъёрҳои кӯтоҳмуддати фоизии бозори байнибонкиро тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ дар бар гирифта, он пеш аз ҳама баҳри ба даст овардани суботи нархҳова мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёт равона мегардад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказӣдар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ кардааст, мустақилан барои таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзии давлат масъул мебошад. Аз ҷумла, тибқи моддаи 5  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ноил шудан ба сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ ва нигоҳ доштани он дар давраи дарозмуҳлат буда, вазифаи сиёсати пулию қарзӣ барои расидан ба ин мақсад амалӣ мегардад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки бонкҳои марказии (миллии) аксари мамлакатҳои пешрафта ва рӯ ба инкишофи ҷаҳон чунин мақсад, яъне нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳо ё худ суботи нархҳоро пайгирӣ карда, сиёсати худро пеш аз ҳама бо назардошти ноил гардидан ба он роҳандозӣ менамоянд.  

Ноил гардидани мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини устувории низоми бонкии давлат, рушди воқеии дарозмуддати иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.

Айни замон, механизми сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба реҷаи ҳадафгирии монетарӣ асос ёфта, ҳадафи ниҳоӣ – муътадилии сатҳи нархҳо тавассути танзими ҳаҷми пешниҳоди пул ё худ пулҳои захиравӣ, ки ба сифати ҳадафи амалиётӣ баромад менамоянд, таъмин карда мешавад.

Дар доираи ин ҳадафи амалиётӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муътадилии нишондиҳандаҳои монетарӣ ва сатҳи нархҳо, ҳар сол нақшаи афзоиши нишондиҳандаи миқдорӣ – сатҳи пулҳои захиравиро муқаррар менамояд.Дар баъзе ҳолатҳо,масалан дар ҳолати таъсири таконҳои берунӣ, сатҳи нишондиҳандаи миқдорӣ мавриди тағйир қарор дода мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар самти иҷрои вазифаи худ ҷиҳати расидан ба ҳадафи ниҳоӣ – суботи нархҳо, бо роҳи истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ пайваста иҷрои ҳадафи амалиётӣва танзимисатҳи пардохтпазирии низоми бонкиро назорат менамояд.

Бояд қайд намуд, ки қарорҳои марбут ба тағйир додани фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзии қабул ва эълоншуда тақозо менамоянд, ки амалиётҳои дахлдор тавассути истифодаи ин фишангҳо бояд ба вазъи бахши молиявию нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъсирбахш бошанд.

Бонки миллии Тоҷикистон баҳри тақвият додани фаъолияти худ, аз ҷумла ноил гардидани мақсади асосӣ – нигоҳдории сатҳи паст ва муътадили нархҳо, тасмим гирифтааст бо истифода аз таҷрибаи муваффақи ҷаҳонӣ механизмҳои муосири таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзиро (ниг. ба Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020) тарҳрезӣ ва амалӣ намояд. 

Ҳамчунин, вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон тадриҷан фароҳам овардани фазои мусоид ва заминаҳои устуворро барои марҳила ба марҳила гузаштан аз реҷаи ҳадафгирии пулҳои захиравӣ ба реҷаи нави татбиқи сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррумба нақша гирифтааст.

Дар ин самт, Бонки миллии Тоҷикистон баҳривусъат додани ислоҳоти иститутсионалӣ ҷиҳати гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум тадбирҳои зарурӣ меандешад, аз ҷумла:

- таҳкими фишангҳо ва зиёд намудани дараҷаи таъсирбахшии онҳо, пеш аз ҳама ба меъёрҳои фоизии кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ;

- афзун намудани имкониятҳои пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дар ин замина қабул намудани қарорҳо дар ҷодаи сиёсати пулию қарзӣ;

- роҳандозии стратегияи мушаххаси иттилоотӣ доир ба таъмини шаффофиятифаъолият ва ахборотдиҳӣ;

- тақвияити мустақилияти институтсионалӣ, молиявӣ ва амалиётӣ.

Ба ин васила, тавассути амалӣ намудани сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва асъорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон бевосита ба фаъолияти босуботи низоми молиявӣ, нигоҳдории қобилияти харидории пули миллӣ, афзудани эътимод ба он, афзоиши даромадҳои воқеии аҳолӣ ва ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳмгузорӣ менамояд.


Суботи нархҳо

Суботи нархҳо маъноисатҳи паст ва муътадили нархҳо (таваррум) дар иқтисодиётро дорад, ки меъёри он бо намояи (индекси) нархҳои истеъмолӣ муайян карда мешавад.  

Таъмини суботи нархҳо ва нигоҳдории сатҳи муътадили таваррум, ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои фундаменталии макроиқтисодӣ барои коҳиш додани номуайянӣ ва интизориҳои манфии аҳолӣ, зиёд гаштани эътимод ба пули миллӣ, тақсимоти босамари захираҳо, афзоиши пасандозҳо ва сармоягузориҳои аҳолӣ, ки дар маҷмӯъ дар рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва сатҳи некӯаҳволии мардум инъикос мегардад, заминаи мусоид фароҳам меорад. Бинобар ин, сатҳи муътадили таваррум ҳамчун омили муҳими рушди устувори иқтисодиёт барои таъмини суботи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ аҳамияти хоса дорад.

Аммо, баръакси ин ҳол,сатҳи баланд ва ноустувори таваррум ба рушди устувори иқтисодиёт ва сатҳи даромаднокии аҳолӣ таъсири манфӣ расонида, барои паст гардидани эътимод ба пули миллӣ, тақсимоти ғайрисамараноки захираҳо ва сармоягузориҳо дар иқтисодиёт, зиёд шудани номуайянӣ ва интизориҳои манфии агентҳои иқтисодӣ ва ниҳоят эҳтимоли пайдо шудани шиддати иҷтимоӣ замина мегузорад.

Пӯшида нест, ки вобаста ба омилҳои фундаменталию сохторӣ ҳиссаи асосии даромадҳои аҳолии кишвар ба хариди молу маҳсулоти истеъмолии талаботи рӯзмарра, бахусус маҳсулоти хӯрокворӣ, ки айни ҳол вазни зиёдтарини сабади истеъмолии аҳолиро ташкил медиҳад, харҷ мешавад. Ҳамзамон, тибқи ҳисобҳо ҳиссаи зиёди номгӯи маҳсулоти сабади истеъмолиро молҳои воридотӣ ташкил медиҳанд. Вобаста ба ин, болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва ё маҳсулоти воридотӣ ба сатҳи таваррум фишор оварда, метавонад ба қобилияти харидории даромадҳои пулӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, кисамаранокии сиёсати пулию қарзӣ дар самти иҷрои мақсади асосӣ – таъмини суботи нархҳо, аз дараҷаи таъсири омилҳои ғайримонетарӣ, пеш аз ҳама аз вазъ ва фишорҳои берунӣ низ вобаста аст. Зеро, таконҳои хусусияти ғайримонетарӣ дошта, аз қабили тағйирёбии нархҳои ҷаҳонии ашёи хом, омилҳои берунии қурбӣ, нарху тарифаҳои хизматрасонӣ ва мавсимӣ, ки берун аз доираитанзими сиёсати пулию қарзӣ мебошанд, метавонанд ба зиёд ё кам шудани сатҳи нархҳо таъсир расонанд.

Тавре ҳам назария ва ҳам амалия нишон медиҳад, сиёсати пулию қарзӣ дар давраи дарозмуддат метавонад танҳо ба сатҳи умумии нархҳо таъсир расонад, зеро дар ин давра қобилияти бевосита таъсир расонидани он ба рушди нишондиҳандаҳои воқеии иқтисодӣ, ба монанди ММД-и воқеӣ ва ё сатҳи бекорӣ маҳдуд аст. Яъне, сиёсати пулию қарзӣ наметавонад ба афзоиши давомнок ва фавқулодаи ҳаҷми пул, ки аз талаботи аслии иқтисодиёт зиёдтар аст, роҳ диҳад, дар акси ҳол ин ба болоравии сатҳи нархҳо боис мегардад.

Сабаби ин дар он аст, ки дар давраи дарозмуддат рушди иқтисодӣ бештар ба омилҳои хусусияти сохторию фундаменталӣ дошта, аз ҷумла ба имкониятҳои истеҳсолии дохилӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, захираҳои меҳнатии баландсифат, сатҳи илму технология ва сифати идоракунии иқтисодиёт вобастагии зиёд дорад.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз Бонки миллии Тоҷикистон, ки дорои ҳуқуқи истисноии эмиссияи пули нақд мебошад, нигоҳдории суботи нархҳоро дар давраи дарозмуҳлат мақсади асосии худ қарор додааст.