- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи октябр-0,3%
- 4,4%
- Пулҳои захиравӣ (октябр) млрд. сомонӣ33,8
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (октябр)7,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)12,95 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)23,35 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)15,00%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)20,66%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)22,91%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 04.12.2023 1 USD 10.9517 1 EUR 11.9308 1 RUB 0.1216
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ буда, фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетиро бо гузаронидани пардохтҳои саривақтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои бехатар таъмин менамояд ва ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Аз ин сабаб, Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми пардохтӣ таваҷҷуҳи хос дода, ташкили фаъолияти низоми самараноку боэътимоди пардохтӣ, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳои пулиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва дигар санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, самтҳои асосии рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, қоида, шакл, муҳлат ва стандартҳои гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” (№1397 аз 24 феврали с. 2017) асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба рушди низоми пардохтӣ мусоидат менамояд.
Фаъолияти низомҳои пардохтӣ ва муносибатҳои тарафайни иштирокчиёни он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва шартномаҳои тарафайн ба танзим дароварда мешаванд.