Маблағҳои электронӣ

То санаи 30 июни соли 2026 теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии 28 ташкилоти қарзии молиявӣ 19,8 млн ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2025 4,1 млн адад (25,9 фоиз) зиёд мебошад.

Афзоиши шумораи ҳамёнҳои электронӣ (адад)

Дар моҳҳои январ-июни соли 2026 тавассути ҳамёнҳои электронӣ 14,6 млн адад амалиёти пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 3 599,4 млн сомонӣ анҷом дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 32,5 фоиз ва 110,1 фоиз зиёд мебошад.

Амалиётҳо тавассути ҳамёнҳои электронӣ