Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ

30.10.2015

Шуъба - ҳимоятгари ҳуқуқҳои муштариёни хизматрасониҳои низоми бонкӣ

Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар радифи проблемаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна, аз ҷумлаи масъалаҳои авалиндараҷаи ҳалталаби имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. 

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ вазъи маърифатнокии молиявӣ ва сатҳи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар ҷумҳуриро ҳамаҷониба омӯхта ва таҳлил намуд. Таҳлилҳои ин ташкилоти молиявии байналхалқӣ нишон доданд, ки сатҳи пасти маърифатнокии молиявии аҳолӣ ва мавҷуд набудани сохтори махсус барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ аз омилҳое ба шумор мераванд, ки метавонанд ба рушди минбаъдаи низоми бонкӣ монеа эҷод намояд. 

Бо назардошти омилҳои зикршуда ва бо мақсади баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва ҳал намудани баҳсҳо байни тарафҳо (ташкилотҳои қарзӣ ва муштариён) дар замина ва омӯхтани таҷрибаи давлатҳои пешрафта бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” иловаҳо ворид ва аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июли соли 2014, №1547 қабул карда шуданд. 

Илова бар ин, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонки 1 сентябри соли ҷорӣ дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон воҳиди нави мустақил - Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ба фаъолият шуруъ намуд. 

Дар робита ба ин, ба маълумоти истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ расонида мешавад, ки дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуқсонҳо ҳангоми истифода аз ин ё он хизматрасониҳои бонкӣ, метавонанд арзу шикоятҳои худро ба шуъбаи мазкури Бонки миллии Тоҷикистон аз тариқи почтаи электронии махсус, ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон таҳти унвони allomushtari@nbt.tj кушода шудааст, ирсол намоянд. Мутахассисони Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона хоҳад кард, ки дархост ва арзу шикоятҳои муштариёни низоми бонкӣ тибқи талаботҳои қонунгузорӣ мунсифона ҳаллу фасл шаванд. 

Хадамоти матбуоти   
БМТ


Диданд: 0

Бозгашт