Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ

11.04.2016

Ахбор аз ҷамъбасти ҳафтаи байналмилалии молиявӣ - Global Money Week

Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолии кишвар, ҷиҳати васеъ кардани имконияти онҳо, поягузории ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ ҳафтаи байналмилалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон баргузор намуд. Дар ташкил ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабинии мазкур тамоми ташкилотҳои қарзии кишвар, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии хурд, ташкилоти байналмилалии олмонӣ-GIZ , ҳамчунин намояндагони Бонки ҷаҳонӣ фаъолона саҳм гузоштанд.

Чорабинии мазкур дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор карда шуд ва дар он зиёда аз 8 ҳазор нафар, ки бештар аз 5 ҳазор нафари онҳоро кӯдакон ва наврасони синни мактабӣ ташкил медиҳанд, ширкат варзиданд. Ташкилкунандагони ҳафтаи байналмилалии молиявӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ба таври васеъ ба роҳ монданд. Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи имконияти худ маводи иттилоотӣ (брошюраҳо ва плакатҳо бо нишон додани моҳият ва мафҳумҳои молиявӣ) чоп намуда, ба иштирокдорони чорабиниҳо тақдим карданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкии БМТ оид ба натиҷаҳои гузаронидани ҳафтаи байналмилалии молиявӣ маълумоти муфассал бо далелҳояш (расмҳо ва видеороликҳо) ба ширкати байналмилалии Global Money Week ирсол гардид. Дар натиҷа, ҳисобот оид ба Тоҷикистон, ҳамчун иштирокдори ин чорабинии байналмилалӣ аз тарафи ширкати мазкур нашр гардида, дар сомонаи интернетӣ бо нишонии http:// www. globalmoneyweek.org/Countries/tajikistan.html ҷойгир карда шудааст ва он дастраси алоқамандон мебошад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 0

Бозгашт