Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва пешбурди фаъолияти самаранок дар бахши низоми бонкии кишвар Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ рӯзҳои 9-10 июни соли равон, барои кормандони бахши ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он, дар мавзӯи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани маърифати молиявӣ семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
Ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур такмил додани дониши молиявии кормандони ин бахши бонкӣ буда, ба иштирокдорони семинар дар бораи нозукиҳои хизматрасониҳои низоми бонкӣ, дуруст истифода бурдани пешниҳодҳо ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дарсҳои таълимӣ гузаронида шуд.
Дар робита ба баргузории семинари зикршуда, бояд қайд намуд, ки таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии мардум ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ҳамеша аз самтҳои афзалиятноки Бонки миллии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Хадамоти матбуоти
БМТ
Диданд: 0