Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ

30.11.2017

Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони молиявӣ

23-24 ноябри соли 2017 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон (ш. Гулистон) ҷаласаи 5-уми Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ бо иштироки намояндагони бонкҳои марказии (миллии) Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Арманистон, Русия, Белорус, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

01 (454)-1.JPG

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола ва намояндагони Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ширкат варзиданд.

01 (481)-2.JPG

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ иштирокдорон оид ба самтҳои гуногуни ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин дар бораи пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии электронӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ бо муаррифиномаҳои ҷолиб баромад карданд ва бо хотима ёфтани баромадҳо дар атрофи масъалаҳои зикршуда муҳокимаи пурмуҳтаво сурат гирифт. Иштирокдорони чорабинии мазкур аз таҷрибаи кишварҳои худ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони молиявӣ табодули таҷриба намуда, аз дастовардҳои худ дар ин раванд иттилоъ доданд.

01 (500)-3.JPG

Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён нақшаи кории Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ барои солҳои 2017 -2018 тасдиқ гардида, дар он чунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯрои мазкур муайян карда шуданд: рушди механизми то судии ҳалли баҳсҳо (медиатсия), таҳияи стандартҳои ҳадди аққал оид ба амонату пасандозҳо ва беруннавис аз суратҳисоби муштариён, баланд бардоштан сатҳи саводнокии молиявии мактаббачагон ва муҳоҷирони меҳнатӣ.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 0

Бозгашт