Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ

18.05.2019

Принсипҳои асосии қарзи ипотекӣ (барои хариди хона)

Ин намуди қарз мақсаднок буда, пул ба таври автоматӣ ба ҳисоби фурӯшанда мегузарад ва амволи харидашуда ҳамчун гарав дар бонк гузошта мешавад.

Агар шумо пардохти қарзро ба таъхир гузоред, новобаста аз он, ки ғайр аз ин хона манзили зисти дигар надоред, бонк вазифаи худро иҷро мекунад, яъне онро аз шумо барои таъмини уҳдадориҳои худ мегирад. Инро бояд донист!!!

Дар баробари ин, новобаста аз он, ки шумо қарзро барои хариди хона гирифтан мехоҳед, бояд маблағи иловагӣ дошта бошед, ки он тақрибан 30%-и арзиши манзили харидашавандаро ташкил намояд. Бояд доред, ки ягон бонк бо шумо шартномаи қарзии ипотекӣ намебандад, агар шумо маблағи пешпардохт надошта бошед ё онро пардохт карда натавонед. Вобаста ба ҳаҷми маблағи пешпардохт, бонк барои Шумо меъёри фоизи қарзро инфиродан ҳисоб мекунад.

Кам ҳолатҳое ҳастанд, ки ин гуна қарз ба муҳлати кӯтоҳ дода мешавад. Чун таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, муҳлати қарз дар доираи 10-25 сол аст. Ин ҳолатро қарзгир бояд ҳатман ба инобат гирад. Инчунин, қарзгир бояд боварии комил дошта бошад, ки дар давоми чунин муддати тӯлонӣ ӯ бояд пардохтпазир бошад ва бифаҳмад, ки дар ин муддат вай мунтазам маблағи калон пардохт менамояд. Ҳаҷми пардохтҳои ипотекӣ кам нестанд!!

Инчунин, бояд донист, ки хариди манзил аз бозори дуюмдараҷа беҳ аз сохтмонҳои навсоз мебошад. Бонк метавонад қарзро барои хариди манзил аз корхонаҳои сохтмонӣ, ки бо онҳо ҳамкорӣ дорад, пешниҳод намояд. Зеро, бонк бевосита ҳолати молиявии чунин корхонаҳоро хуб медонад ва хавфи дар оянда бе гарав монданро пешбинӣ менамояд.

Пеш аз он ки шумо қарзи ипотекӣ гиред, бояд имкониятҳои худро ҳаматарафа баҳогузорӣ намоед!!

Пеш аз гирифтани чунин қарз, шумо бояд андоза ва муҳлати онро барои худ муайян намоед. Азбаски қарзи ипотекӣ ба муддати тӯлонӣ дода мешавад, қарзгир бояд омода бошад, ки ҳар моҳ маблағи муайяни даромади худро ба бонк супорад. Омилҳои мазкурро ба инобат гирифта, муҳим аст, ки буҷаи оилавии худро барои солҳои оянда ҳисоб ва мураттаб намоед.

Аз ҷониби бонк дар мадди аввал бешубҳа омилҳои зерин арзёбӣ карда мешаванд:

• синну соли қарзгир (дар аксари ҳолатҳо аз 21 сола то синни нафақа то муддати баргардонидани қарз);

• даромади моҳонаи муштарӣ;

• ҷои кор ва мавқеи ишғолнамуда;

• таҷрибаи корӣ дар ҷойи кори ҳозира;

• сатҳи даромади кафилон.

Аз ин нишондиҳандаҳо андозаи ҳадди ақал ва муҳлати қарз вобастагӣ дорад. Барои бонк қарзгирандаи беҳтарин – ин шахси дорои кори доимӣ бо музди меҳнати муътадил мебошад. Соҳибкорон дар навбати худ ба қатори муштариёни дорои хавфи баланд дохил мешаванд.

Қарз гирифтан лозим аст ё не? – ин аст саволи асосии муштарии эътимодноки бонк, ки орзуи доштани манзили истиқоматии худро дорад. Қарзи ипотекӣ, ба монанди дигар хизматрасониҳои молиявӣ, ҷанбаҳои мусбат ва манфии худро дорад. Дар баъзе ҳолатҳо, он метавонад фоида биёрад, дар ҳолати дигар метавонад боиси мушкилоти зиёде гардад.

Қарзи ипотекӣ асосан барои беҳтар намудани шарту шароити зиндагӣ гирифта мешавад ва он метавонад мушкилоти Шуморо ҳал намояд, аммо барои он пардохтпазир будан зарур мебошад.

Тарафҳои манфии ипотека кадомҳоянд?

Арзиши баланд. Муаммои асосии қарздиҳӣ дар кишвар - ин арзиши баланди қарзҳо мебошад. Нархи он воқеан аз 26% то 28% бо пули миллӣ ва аз 12% то 15% бо асъори хориҷӣ мебошад.

Муҳлати дарози пардохт. Қарзи ипотекӣ одатан ба муҳлати дароз дода мешавад, ки тақрибан то 15-20 сол-ро ташкил медиҳад, аммо бинобар надоштани захираҳои дарозмуҳлати кофӣ, дар бонкҳои ҷумҳурӣ муҳлати қарзҳои ипотекӣ камтар мебошад.

Хавфи доимии талафоти манзили истиқоматӣ. Шахс метавонад хона харидорӣ намояд, дар ҳолати доштани имконият, аммо шарту шароитҳои зиндагӣ тағйир меёбанд: ҳеҷ кас аз беморӣ ва аз даст додани даромади худ эмин нест, ки ин бевосита ба пардохти қарз таъсирии манфии худро расонида, ба маҳрум шудани муштарӣ аз ҷои зист оварда мерасонад.

Мушкилии ҳуҷҷатикунонӣ. Қарзи ипотекӣ ҳамеша гирифтани маблағи калонро дар назар дорад ва ин намуди хизматрасонӣ на ба ҳама дастрас мебошад. Барои гирифтани қарз пардохтпазирии кифоя, ҷамъоварии як қатор ҳуҷҷатҳо, гузаштани талаботҳои бонкӣ ва интизор шудани ҷавоб аз бонк лозим меояд, ки ин маблағҳои иловагӣ ва асабониятро талаб менамояд.

Афзалиятҳои ипотека дар чист?

Ҳалли мушкилоти манзилӣ. Гирифтани қарз барои хариди манзили истиқоматӣ, ин имконият барои беҳтар намудани шароити зиндагии шумо мебошад. Ин афзалияти асосии ипотека мебошад. Роҳи дигар – ин ҷамъ намудани маблағҳои худ мебошад, аммо то даме, ки шумо онро ҷамъоварӣ менамоед, нархи хона метавонад қиматтар шавад ва пул беқурб гардад.

Имконияти сарфа кардани маблағ. Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, дар мисоли Русия, ин намуд (вариант) барои онҳое, ки ба категорияҳои махсуси қарзгирон (оилаҳои ҷавон, ҳарбӣ, духтурон, олимон ва ғ.) дохил мешаванд, онҳо бо имтиёзҳо дар шакли фоизи паст ё субсидияҳои давлатӣ барои пушонидани як қисми хароҷот мусоидат менамояд.

Сармоягузорӣ. Ҳангоми хариди хона ба воситаи қарз, шумо метавонед як қисми маблағро сарфа намоед. Бинои хуб дар тӯли солҳои зиёд қариб, ки арзиши аслии худро гум намекунад ва ҳамеша имконияти бо нархи баланд фурӯхтани он вуҷуд дорад.

Тавре, ки шумо мебинед, ипотека дорои норасоиҳои кофӣ мебошад, ки онро зараровар месозад. Бо вуҷуди ин, қарзи мазкур ягона роҳи дар муддати кӯтоҳ соҳиби амволи худ шудан мебошад.


Диданд: 0

Бозгашт