Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ

01.11.2019

Механизми танзимкунанда дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 октябри соли 2019 бо мақсади тақвият бахшидани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ, бо иқдоми Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар мавзӯи “Механизми танзимкунанда дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар доир гардид, ки дар он намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ иштирок намуданд.

NBTL1029.JPG

Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ сардори  Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Рукмина Сафарова ба сухан баромада, диққати ҳозиринро ба механизми танзимкунандаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд. Зикр карда шуд, ки таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии мардум ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, баргузории мизҳои мудаввар ҷиҳати таҳкими механизми ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ, заминаи мусоид фароҳам меорад.

NBTL1008-1.jpg

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур - ин шиносоии иштирокдорон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшаванда дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла Дастурамал “Дар бораи тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва тартиби ифшои маълумот ба муштариёни ташкилотҳои қарзӣ” мебошад. Бояд гуфт, ки натиҷаи бадастомада метавонад ҳангоми баррасии ҳуҷҷати зикршуда заминаи хуби назариявӣ гардад, - таъкид дошт Р.Сафарова.

NBTL1089.JPG

Намояндаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Зарина Одинаева, мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ Моника Арутюнян ва Севак Микаелян оид ба натиҷаи фаъолияти феълӣ ва нақшаҳои минбаъдаи механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта рӯнамоии худро дар таҳлил бо таҷрибаи дигар давлатҳо манзури аҳли нишаст гардониданд.

NBTL1103.JPG

Дар қисмати ҷамъбастӣ иштирокдорони мизи мудаввар, аз ҷумла cардори хадамоти ҳуқуқи ҶСК “Ориёнбонк” Холиқ Шамсиев, сардори хадамоти ҳуқуқ ва кадрҳои ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" Ҷамолиддин Ғоибназарзода, сармуҳосиби ҶСП "Спитамен Бонк" Фаррух Исҳақов, директори раёсати идоракунии минтақавии ҶСП ТАҚХ "Ҳумо" Қудратулло Маҳмудов, директори АМФОТ Зебо Фатҳиддинова ва дигарон ба муколама баромада, оид ба самтҳои афзалиятнок ва масоили ҷойдошта дар ин самт, инчунин фикру мулоҳизаи худро оид ба дастурамали болозикр иброз доштанд.
Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 0

Бозгашт