Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ

30.07.2020

"Тобистони молиявӣ 2020"

25 июли соли 2020 дар Маркази саломатии наврасон ва ҷавонони “Шохин-БМТ”-и шаҳри Гулистон барои 120 нафар иштирокчиёни лагер дар мавзӯи "Чӣ гуна бояд ҳадафҳои молиявии худро амалӣ кард ва буҷаи худро ба нақша гирифт?" семинар-тренинг доир карда шуд. Лагери таълимӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Дастовардҳои Ҷавонон” дар ҳамкорӣ бо Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Technovation” барои 120 нафар хонандагони синфҳои болоии тамоми манотиқи кишвар ташкил карда шуд.

4.jpg

Дар истироҳатгоҳ ва лагерҳои тобистонаи наврасон барои гузаронидани семинар-тренингҳои омӯзишӣ, аз ҷумла баҳри баланд бардоштани савияи дониши молиявӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуд, дар ин ҷо толибилмон аз омӯзиши фанҳои асосӣ озод буда, имконияти бештари азхудкунии ҷаҳони молияро пайдо намуданд.

5.jpg

Ба ақидаи коршиносони ҷаҳонии иқтисоддон имрӯз як воқеияти нави молиявӣ ба вуқӯъ омадааст: он масъалаҳое, ки наслҳои пешин тақрибан дар синни сиҳсолагӣ дарк мекарданд, имрӯз наврасон ва кӯдакон дар ин масъала метавонанд муҳокимаронӣ кунанд ва фикри худро баён доранд. Аз ин рӯ, дар семинар-тренинги мазкур ба омӯзиши масъалаҳои банақшагирии молиявӣ, тартиб додани буҷет, сармоягузорӣ, пасандозкунӣ, хизматрасонии рақамии молиявӣ ва татбиқи ҳадафҳои молиявӣ таваҷҷӯҳи махсус равона карда шуд.

“Албатта дар давоми чанд соат малакаи шахсро пурра аз ҷиҳати молиявӣ ташаккул додан мушкил аст, аммо бо мафҳумҳои асосӣ ва воситаю усулҳои муосири молиявӣ шинос кардан комилан имконпазир аст дар шароити истироҳати наврасон”- аз таҷрибаи худ нақл намуд Нозимҷон Раҷабов.

6.jpg

”Вақте ки мо истироҳатгоҳи фароғатиро бо таълим барои чанд соат фаро гирифтем, мо ба гирифтани донишҳои молиявӣ бештар такя кардем. Барои он ки мавзӯъҳо хеле ҷолиб буданд ва шавқу ҳаваси моро ба молия зиёд карданд. Ҳар яки мо аз ин дарс фаҳмидем, ки бидуни тартиб додани нақшаи молиявӣ ва буҷети хароҷоти шахсӣ маблағи зиёд ба даст оварда наметавонем ва ба орзуҳои худ расидан душвор хоҳад шуд! " - иброз доштанд иштирокчиёни лагер дар бораи таассуроти худ оиди лагери омӯзишӣ ва дарсҳои молия.


Диданд: 0

Бозгашт