Бо қарори Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон аз санаи 25 июни соли 2020 №79 Дастурамали № 241 "Дар бораи тартиби ба истеъмолкунандагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои бонкӣ" тасдиқ шуда, 14-уми июли соли 2020, таҳти №1026 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашт. Дастурамали мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи миёнаравии молиявӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба фаъолияти ташкилотҳои молиявии қарзӣ таҳия шудааст. Дастурамали №241 талаботҳои ҳадди ақал ва асосиро барои ифшои маълумот дар бораи хизматрасониҳои бонкӣ, ки ба истеъмолкунандагони хизматрасонии ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешниҳод мешаванд, то замони бастани шартнома ва ҳам дар давоми амали шартнома муайян мекунад. Санади мазкур инчунин муносибатҳои дурусти байни истеъмолкунанда ва ташкилоти қарзии молиявиро бо риояи принсипҳои аз рӯи адолат, ростқавлӣ ва касбият танзим менамояд.
Ҳамин тариқ, талаботи ошкоркунии ҳатмии иттилоот барои истеъмолкунанда ба хотири пешниҳод кардани маълумот барои таҳлили интиқодии ӯ ва қобилияти қабули қарори беҳтарин пешбинӣ шудааст. Истеъмолкунанда ҳангоми дастрасии маълумоти зарурӣ метавонад бо имкониятҳои мавҷудбуда шинос шуда, пеш аз истифодабарии хизматрасониҳои бонкӣ вариантҳои гуногунро хуб таҳлил карда, баъдан интихоби дуруст намояд.
Диданд: 0