Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ

01.04.2021

Баргузории «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар Тоҷикистон

Аз 1 то 30 апрели соли 2021 Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмонҳои шарик дар доираи маъракаи байналмилалии “Global Money Week-2021” моҳи саводнокии молиявиро баргузор менамояд.

Шарикони ин маъракаи таълимӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марказҳои таълимии “Илмхона”, “Сириус”, “Арт-Дошан-Студия” Фонди хазинавии ҳамкории байналмилалии Олмон, ширкатҳои “Сиёма”, “Алладин”, “Абдулло-медиа”, “Рахш-Такси” ва Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ба ҳисоб рафта, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” шарики рақамӣ ва медиа-ҳолдинги “Азия-Плюс” шарики иттилоотӣ мебошанд.

Маъракаи мазкур ҳамасола дар саросари ҷаҳон баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рӯҳбаланд кардани кӯдакон ва ҷавонон барои нигоҳубини пул ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад, зеро дар шароити кунунӣ ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба бахши молиявӣ аҳамияти муҳим касб кардааст.

“Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” - шиори расмии Global Money Week-2021 аст. Ин шиор ҳадафҳои асосии маъракаи Global Money Week-2021-ро инъикос намуда, кӯдакон ва ҷавононро на танҳо барои тақсимоти оқилонаи буҷаи худ водор мекунад, балки дар интиқол додани дониши андӯхтаи худ ба оила ва атрофиёни худ ба онҳо кумак мекунад. Илова бар ин, шиори “Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” ба ҳамагон имкон медиҳад, ки оқилона истифода бурдани пул, фикр кардани ояндаи худ, барои худ ва оила пул кор карданро омӯзанд.

Дар доираи баргузории маъракаи Global Money Week-2021 давоми як моҳ ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон оид ба саводнокии молиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯён семинару тренинг ва экскурсияҳо ташкил менамоянд. Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур боздид аз осорхонаи БМТ ва иншоотҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Давоми як моҳ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва радиои «Азия-Плюс» барномаи «Даромади дастрас»-ро роҳандозӣ мекунанд, ки он дар як рӯз 4 маротиба, соатҳои 07:23, 10:23, 14:23 ва 17:23 пахш мешавад.

Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикон мактаббачагону донишҷӯёни ҳавасмандро барои иштирок дар озмунҳои зерин даъват мекунад:

1. Озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ;

2. Озмуни видеои беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ;

3. Озмуни беҳтарин флеш-моб (челленҷ) дар мавзӯи саводнокии молиявӣ.

Маълумоти бештарро аз суроғаи зерин метавонед дастрас намоед: http://nbt.tj/tj/Protection/konkursy.php

Ба рақами +992000002020 дар Viber, Telegram, Whatsapp нависед ё занг занед;

Маводҳо барои озмун бояд тариқи Viber, Telegram, Whatsapp бо рақами +992000002020 ё ба почтаи электронии fingramtj@gmail.com ирсол карда шаванд.

Оид ба ҳамаи чорабиниҳое, ки дар доираи моҳи саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, аз саҳифаҳои иҷтимоии мазкур маълумоти бештар метавонед дастрас намоед:

www.fb.com/fingramtj, www.t.me/fingramtj, www.ok.ru/fingramtj,

www.instagram.com/fingramtj


Диданд: 0

Бозгашт