Тибқи анъана ҳамасола 31 октябр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” (World Savings Day) ҷашн гирифта мешавад, ки мақсади асосии он тарғиби истифодаи дурусти маблағ ва пасандоз мебошад.
Имсол низ бо сарпарастии Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” дар саросари кишвар як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла озмунҳо, вохӯриҳо ва тренингу семинарҳо баргузор намуданд, ки дар онҳо беш аз 5500 нафар иштирок доштанд. Соли равон низ таваҷҷуҳи бештар ба таълими молиявии ҷавонон зоҳир гардид, зеро муносибат ба пулро аз хурдӣ тарбия кардан зарур аст.
Дар доираи таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” давоми як ҳафта донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ва Донишгоҳи Славянӣ аз Осорхонаи “Пул”-и Бонки миллии Тоҷикистон дидан карда, доир ба пайдоиши бонкҳо, алалхусус таърихи таъсиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари низоми бонкӣ дар Тоҷикистон маълумот гирифтанд.
Ҳамчунин, ба донишҷӯён дар бораи пулҳои аввалин, тангаҳои асрҳои гузашта, рушди пули миллии Тоҷикистон, сифати пули муомилотӣ, амнияти он, раванди бозпас гирифтани пулҳои фарсуда ва мавзӯъҳои дигар маълумоти муфассал дода шуд.
Илова бар ин, аз ҷониби Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аксияи “Амонатгузорӣ” баргузор карда шуд, ки дар он сокинони пойтахти кишвар иштирок намуда, тариқи посух гуфтан ба саволҳои вобаста ба пасандоз дониши молиявии худро такмил доданд ва соҳиби туҳфаҳои махсус гардиданд.
Пас аз ҷамъбасти аксия маълум шуд, ки дониши донишҷӯён нисбат ба солҳои қаблӣ оид ба пасандоз ва тарзи дурусти истифода аз маблағ такмил ёфта, аксари онҳо дорои маълумоти кофӣ оид ба маърифати молиявӣ мебошанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки чорабиниҳои маърифатии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва шарикон гузаронидашуда самараовар мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” ҳар сол дар тамоми ҷаҳон таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои зиёд ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва сайқал додани донишҳои аҳолӣ оид ба пасандоз ва сарфаи маблағ баргузор мегардад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0