Озмун

Вазифаҳои холӣ
26.02.2021

ОЗМУН - Маҷаллаи “Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ”

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Маҷаллаи “Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ”

Сармутахассис (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии рӯзноманигорӣ ё иқтисодӣ;
  • малакаи кор ва эҷодкорӣ дар навиштани мақолаҳои таҳлилӣ ва дигар жанрҳои журналистӣ дар мавзӯъҳои бонкӣ ва иқтисодӣ, қобилияти хуби таҳрири маводҳои муаллифон, пешниҳоди идеяҳои наву ҷолиб;
  • малака ва маҳорати хуби кор дар компютер;
  • маҳорати хубу эҷодкоронаи аксбардорӣ, дарки нозукиҳои кор бо дастгоҳи суратгирӣ;
  • ба бонувони дорои маҳорати баланди касбӣ дар бахши рӯзноманигорӣ афзалият дода мешавад;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
  • Пешниҳоди намунаи корҳои эҷодӣ (ахбор, мусоҳиба, мақола ва дигар жанрҳои рӯзноманигори)-и як соли охир дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба нашр расида, ба назар гирифта мешавад;
  • доштани на камтар аз 3 сол собиқаи кории рӯзноманигорӣ дар ВАО.

Мутахассиси пешбар (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии дизайнерӣ (ороишгарӣ, саҳифабандӣ дар ВАО) ё рӯзноманигорӣ;
  • малака ва маҳорати хуби кор дар компютер;
  • маҳорати хубу эҷодкоронаи аксбардорӣ, дарки нозукиҳои кор бо дастгоҳи суратгирӣ;
  • малакаи кор ва эҷодкорӣ дар саҳифабандии маҷалла ва доштани қобилияти баланди дизайнерӣ (ороишгарӣ), пешниҳоди идеяҳои наву ҷолиб;
  • доштани таҷрибаи баланди корӣ бо барномаҳои Microsoft Office, Indesign, Corel Draw, Adobe Photoshop ва Adobe Acrobat;
  • ба бонувони дорои маҳорати баланди касбӣ дар бахши дизайнерӣ ва саҳифабандӣ афзалият дода мешавад;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
  • Пешниҳоди намунаи корҳои эҷодии дизайнерӣ ва саҳибандии як соли охир дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба нашр расида, ба назар гирифта мешавад;
  • доштани на камтар аз 3 сол собиқаи кории дизайнерӣ ва саҳифабандӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • барои маълумот – тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 26.02 с.2021

Возврат к списку