21.05.2021
ОЗМУН - Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарият
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарият
Тарҷумони забони англисӣ- тоҷикӣ-русӣ (тарҷумаи ҳамзамон)
I
Мутахассиси дараҷаи II (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии забоншиносӣ ва собиқаи кории тарҷумонии ҳамзамон (синхронӣ) на камтар аз 1 сол;
- дар сатҳи олӣ донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ;
- доштани малакаи хуби тарҷумонии ҳамзамон (синхронӣ), тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ;
- донистани истилоҳоти соҳаи бонкӣ ва иқтисоду молия, қобилияти хуби эҷодкорӣ, таҳрири маводу маълумоти пешниҳодшавандаи соҳаи бонкдорию иқтисод ва молия;
- малака ва маҳорати хуби кор дар компютер (барномаҳои Microsoft Office, интернет ва дигар барномаҳо), дарки нозукиҳои соҳа;
- омодагии иҷрои вазифа дар рӯзи кории ғайримуқаррарӣ;
- маданияти баланди инсонӣ ва интизоми қатъӣ.
II
Тарҷумони забони тоҷикӣ- русӣ -англисӣ
Мутахассиси дараҷаи II (1 ҷой) (шартномавӣ)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии забоншиносӣ ва собиқаи кории тарҷумонии ҳамзамон (синхронӣ) на камтар аз 1 сол;
- дар сатҳи олӣ донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ;
- доштани малакаи хуби тарҷумаи ҳамзамон (синхронӣ), тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ;
- донистани истилоҳоти соҳаи бонкӣ ва иқтисоду молия, қобилияти хуби эҷодкорӣ таҳрири маводу маълумоти пешниҳодшавандаи соҳаи бонкдорию иқтисод ва молия;
- малака ва маҳорати хуби корӣ дар компютер (барномаҳои Microsoft Office, интернет ва дигар барномаҳо), дарки нозукиҳои соҳа;
- омодагии иҷрои вазифа дар рӯзи кории ғайримуқаррарӣ;
- маданияти баланди инсонӣ ва интизоми қатъӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: (+992) 44 600-32-32; (+992) 44 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 31.05 с. 2021