Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Озмун

12.10.2021

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти мониторинги молиявӣ

I

Мутахассиси шуъбаи коркарди иттилоот (шартномавӣ)

Талабот ба номзад :

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи корӣ дар самти маъмурии низомҳои автоматишуда;
  • таҷрибаи корӣ оид ба низомҳои маҷозӣ (виртуализатсия);
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
  • таҷрибаи корӣ оид ба маъмурии системаҳои омилии Microsoft Windows Server (Mail-server, Web-server ва ғ.) UNIX, Linux, афзалият дорад;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

II

Мутахассиси дараҷаи II (шартномавӣ) шуъбаи коркарди иттилоот

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи корӣ дар самти маъмурии низомҳои автоматишуда;
  • таҷрибаи корӣ оид ба низомҳои маҷозӣ (виртуализатсия);
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
  • донистани яке аз забонҳои барномасозии муосир (Java, Javascript, C#, Python, PHP ва дигарҳо);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

III

Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ

директори пажӯҳишгоҳ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
  • доштани унвони илмӣ – номзад, доктори илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD)- ҳатмӣ;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар сатҳи роҳбарикунанда дар муассисаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ - ҳатмӣ;
  • доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point, Visio) ҳатмист;
  • доштани қобилият ва маҳорати кофии моделсозии иқтисодӣ-бонкӣ дар барномаҳои Stata, Eviews, MatLab – афзалият дорад;
  • дар сатҳи кофӣ доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ ҳатмист;
  • маълумоти кофӣ оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи бонкӣ, молия ва иқтисод ҳатмист;
  • маҳорати баланди ибрози андеша, малакаи рӯнамоӣ намудан бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ);
  • доштани қобилияти баланди техникаи ҳуқуқэҷодкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

IV

Муовини директори пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
  • доштани унвони илмӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) ҳатмист;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар сатҳи роҳбарикунанда дар муассисаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ;
  • донистан ва таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point) ҳатмист;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
  • доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ-дурнамоӣ.

V

    Сармутахассиси шуъбаи методология ва таҳияи санадҳои меъёрии - ҳуқуқӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
  • доштани унвони илмӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 5 сол дар муассисаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ;
  • доштани қобилияти баланд дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point, Visio) ҳатмист;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

VI

Cармутахассиси бахши тадқиқоти илмӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
  • доштани унвони илмӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) ҳатмист;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point) ҳатмист;
  • доштани маҳорати касбӣ ва қобилияти баланди таҳлилӣ (аналитикӣ);
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 5 сол дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ.

VII

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб

Сармутахассиси шуъбаи назорати бонкӣ

Талабот ба номзад :

  • маълумоти олӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ:
  • доштани қобилияти гузаронидани санҷишҳои ҳамаҷонибаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
  • дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ;
  • надоштани доғи судӣ:

VIII

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Бохтар

Сарбозраси шуъбаи назорати бонкӣ

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • собиқаи корӣ на камтар аз 4 сол, аз ҷумла дар низоми бонкӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуб дар самти қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ, русӣ;
  • собиқаи корӣ дар соҳаи аудити бонкҳо ва идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Мs Office (Word, Excel);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • надоштани доғи судӣ.

IX

Мудири хоҷагии шуъбаи кормандон ва корҳо

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани қобилияти баланди молшиносӣ (дар ҳолати харидорӣ намудани молу ашёҳои хоҷагидорӣ, дафтардорӣ ва идоравӣ);
  • малакаи касбии кор бо компютер Мs Office (Word, Excel);
  • собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол, аз ҷумла дар низоми бонкӣ ё молиявӣ;
  • донистани забони давлатӣ, донистани забони русӣ афзалият дорад;
  • надоштани доғи судӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 29.10. 2021


Возврат к списку

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ