Озмун

Вазифаҳои холӣ
18.11.2021

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

I

бозраси дараҷаи I шуъбаи назорати бонкӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи фаъолияти бонкӣ;
  • доштани қобилияти хуби муошират бо аҳли ҷомеа;
  • доштани малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • доштани малакаи кор бо компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ–афзалият дорад);
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалият дорад;
  • дар ҳайати коллектив кор карда тавонистан;
  • имконият доштан барои фиристода шудан ба сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд;
  • донистани тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ;
  • муайян карда тавонистани хавфҳои соҳавӣ ва равандҳои осебпазир дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • ш.Хуҷанд, кучаи К.Хуҷанди 168, Шуъбаи кормандон ва умури ҳуқуқӣ
  • Барои маълумот – тел: +992 (44) 630 - 06 -39
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 03.12 с.2021


Возврат к списку