Озмун

Вазифаҳои холӣ
08.02.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб

ҳуқуқшинос (шартномавӣ) дар шуъбаи назорати бонкӣ


Талабот ба номзад:
  • Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • Таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ афзалият дорад;
  • Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ва дигар;
  • Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ;
  • Таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
  • Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои MS Office (Word, Excel, Power Point);
  • Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ ва русӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • ш.Кӯлоб, кӯчаи Ҳ.Неъматов 4, шуъбаи кормандон ва корҳо
  • Барои маълумот- тел: +992 (44) 625- 05- 67

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 20.02. 2022

Возврат к списку