Озмун

Вазифаҳои холӣ
30.03.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти ҳисобдорӣ

I
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи амалиёти дохилибонкӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, меҳнат ва андоз;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии музди меҳнат ва дигар пардохтҳо, ҳисоббаробаркунӣ бо таҳвилгарон (аз ҷумла пудратчиён), инчунин баҳисобгирии дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер, донистани ҳатмии Ms Office (Word, Excel, Power Point ва ғ.) ва донистани хуби низоми автоматишудаи бонкӣ ва барномаҳои муҳосибӣ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

II
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • малакаи кор бо ҳисоботҳои молиявии маҷмӯӣ ва ҳамкорӣ бо аудиторони берунӣ;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
  • доштани дониши кофӣ ва таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ва маводҳои камнарху зудфарсудашаванда, инчунин баҳисобгирии дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер, донистани ҳатмии Ms Office (Word, Excel, Power Point ва ғ.) ва донистани хуби низоми автоматишудаи бонкӣ ва барномаҳои муҳосибӣ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

III
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи пешбурди китоби асосӣ ва иҷрои
сиёсати андозӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ ва андоз;
  • доштани дониш ва таҷрибаи кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва баҳисобгирии андозӣ;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳо, маҳорати омода намудани мукотибот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
  • малакаи касбии кор бо компютер, донистани ҳатмии Ms Office (Word, Excel, Power Point ва ғ.) ва донистани хуби низоми автоматишудаи бонкӣ ва барномаҳои муҳосибӣ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – (САР) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ ё мақомоти андоз;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 3 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 12.04. 2022

Возврат к списку