Озмун

Вазифаҳои холӣ
10.02.2023

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ
I
Муовини мудири шуъбаи минтақавӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • Таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ ( магистр );
  • Доштани собиқаи кор на кам аз 5 сол дар соҳаи бонкӣ ва молиявӣ ( на кам аз 3 сол дар вазифаи роҳбарикунанда );
  • Донистани хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус иқтисодӣ, бонкдорӣ ва меҳнатӣ:
  • Доштани қобилияти хуби муошират бо коллективӣ меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа;
  • Маҳорати баланди кор бо компютер MsОffice (Word, Ехеll, Power Point), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабақаи интернет;
  • Донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

II
Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати бонкӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • Таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ (бакалавр, магистр), дорои таҷрибаи кофии касбӣ дар соҳаи ҳисобдорӣ ё бонкӣ, доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ, иқтисодӣ на камтар аз 5 сол;
  • Донистани хуби санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи фаъолияти бонкӣ ва меҳнатӣ:
  • Доштани қобилияти хуби муошират бо коллективӣ меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа;
  • Маҳорати баланди кор бо компютер MsОffice (Word, Ехеll, Power Point), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабақаи интернет;
  • Доштани имконият барои сафарҳои хизматӣ;
  • Донистани тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ;
  • Муайян карда тавонистани хавфҳои соҳавӣ ва равандҳои осебпазир дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ.
  • Донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
  • Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38 ва
  • Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ш.Хоруғ, кӯчаи Азизбек 2. 
  • Телефонҳо барои тамос; (44) 6400613, 6400608, 935931367.
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 03 марти с.2023


Возврат к списку