Озмун

Вазифаҳои холӣ
14.03.2023

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи бозори молиявӣ

сармутахассиси шуъбаи кор бо қарзҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • малакаи касбии кор бо компютер - MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
  • донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва ҳисобот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на кам аз ду сол. Собиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад.

сармутахассиси шуъбаи кор бо қарзҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва ҳисобот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер - MS Office (Word, Excel, Power Point, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • малакаи касбии кор бо низоми автоматикунонии бонкӣ (НАБ);
  • донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлил ва идораи хавфҳо;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на кам аз ду сол
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН)
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • барои маълумот – тел: +992 (44) 600 31 38
  • Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 07.04 с.2023

Возврат к списку