Озмун

Вазифаҳои холӣ
30.03.2023

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи матбуот
I
Мутахассиси пешбар (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ё рӯзноманигорӣ;
• малакаи хуби кор дар компютер;
• маҳорати хуби суратгирӣ ва наворбардорӣ, таҷрибаи хуби кор бо дастгоҳи аккосӣ;
• маҳорати таҳия намудани хабару мақолаҳо;
• малакаи кор дар таҳияи сомона ва қобилияти тарроҳӣ (веб-дизайн);
• доштани таҷрибаи корӣ бо барномаҳои Microsoft Office, Бритикс, Adobe-Photoshop, Corel-Drive ва ғайра...
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• доштани таҷрибаи корӣ дар самти марбута на камтар аз 2 сол.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• маълумотнома (справка-объективка);
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• расм 2 дона андозаи 3х4;
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
• маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
• нусхаи билети ҳарбӣ;
• нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38,
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 19 апрели с.2023

Возврат к списку