Озмун

Вазифаҳои холӣ
16.01.2024

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
  ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД 

  ШУЪБАИ ТАҲЛИЛИ ХАВФҲО:

         Мутахассиси дараҷаи I (1 ҷой)

Талабот ба номзад: 

  • таҳсилоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз ду сол;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) - ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.                                                                  

            Мутахассис (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит афзалият дорад;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) - ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза баъд аз соати 14:00
дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 6 феврали с.2024

 

 


Возврат к списку